24-уми апрел дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” дар шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Умре бо мусиқӣ” баргузор шуд, ки дар он аҳли илму адаб ва ҳунари кишвар ҳузур доштанд.
Ҳамоишро Китобхонаи миллӣ бахшида ба 75-умин солгарди таваллуди профессор Аслиддин Низомӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ (таърихи ҳунар), узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва мусиқишиноси барҷастаи тоҷик баргузор кард.
Сайфиддин Камолзода, муовини директори МД “Китобхонаи миллӣ”, Нозим Нурзода, мудири бахши таҳқиқоти роҳбурдии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳабиба Ҷалилиён, директори коллеҷи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ва Баҳодур Давлатзода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар бораи абъоди гуногуни фаъолияти илмӣ ва эҷодии профессор Аслиддин Низомӣ суҳбат карданд.
Паёмҳои тасвирии бархе аз пажуҳишгарон ва ҳунаршиносон аз Эрон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи шахсият ва осори Аслиддин Низомӣ барои аҳли нишаст намоиш дода шуд. Соҳиба Давлатшоева, Хосият Ортиқова, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, Абдумаҷид Бобоев, ҳунарманди ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд тан аз шогирдони устод Аслиддин Низомӣ таронаҳоеро барои аҳли нишаст иҷро карданд.
Як бахши муҳимми ҳамоиши “Умре бо мусиқӣ” суханронии профессор Аслиддин Низомӣ дар бораи таърихи ҳунар ва ҷойгоҳи мусиқии миллии мо дар мусиқии ҷаҳонӣ буд. Устод муаллифи китобҳои “Таърих ва назарияи Шашмақом”, “Мақоми рост”, “Умре бо мусиқӣ”, “Таърихи мусиқии тоҷик”, “Шашмақом дар назми форсӣ-тоҷикӣ”, “Абдураҳмони Ҷомӣ ва илми мусиқӣ” ва чанд асари дигар ҳастанд. Осори таълифкардаи устод дар гушае аз толори нишаст ба намоиш гузошта шуда буд.
Профессор Аслиддин Низомӣ аз пажуҳишгарони шинохташудаи мусиқии миллии тоҷик ва мусиқии Шарқ аст ва дар меҳвари осори ӯ мавзуъҳое мисли назарияи мусиқӣ дар таълимоти Ибни Сино, анъанаҳои меросбарӣ дар мақом ва мақомсароӣ, робитаи таърихии мақомҳо ва мусиқии ҳирфаии мардуми Ғарб, диди бадеию зебоишиносӣ дар мақомҳо, мусиқӣ аз дидгоҳи аҳли тасаввуф, нақши мақомҳо дар ғановати мусиқии клоссикӣ… қарор доранд.
Устод Аслиддин Низомӣ, ин мусиқишинос ва донишманди асилро, ки шуҳраташ ба берун аз марзҳои Тоҷикистон рафта ва хидматҳои мондагоре барои муаррифии мусиқии миллӣ ва кишвару миллати мо анҷом медиҳад, ба ифтихори 75-умин баҳори зиндагиашон шодбош мегуям. Орзу дорам ҳамеша пӯё, шодоб ва пурэнержӣ боқӣ бимонанд ва умри тулонии боиззат ва пурбаракат ҳамроҳ бо саломатӣ ва дили хуш дошта бошанд.