Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур  Мирзобаротов Тоҷиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкашӣ хонандагон мегардад.

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста дар росто намоем. Ва албатта, Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, оиди баланд бардоштани некуаҳолии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.

Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки маоши кормандони тамоми соҳаҳо саривақт пардохт гардида, инчунин иҷрои нақша аз рӯи талабот ба пуррагӣ иҷро гардида истодааст.

Иҷро буҷет

Номбурда тазаккур дод, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳияи Муъминобод дар семоҳаи якуми соли 2024  аз рӯи нақша 5363215, иҷроиш 5701432 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 338217 сомонӣ ё ин ки нисбат ба нақша 106 фоиз зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи аниқшудаи даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Муъминобод дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯи 8 намуди сарчашмаҳои андоз ба пуррагӣ таъмин гардидааст, аз ҷумла, андоз аз даромад ва фоида 2991990,  101 фоиз, андоз аз моликияти ғайри манқул 977669, 113 фоиз ва андоз аз воситаҳои нақлиёт ва коммуникатсия 464352, 101 фоиз, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 572033,  120 фоиз, андоз тибқи низоми содакардашуда 813536, 111 фоиз,  андози захираҳои табиӣ 4147, 112 фоиз, боҷи давлатӣ 177571, 121 фоиз, пардохтҳои дигари маҳаллӣ ва бақияи фонди роҳ 164486, 100 фоиз иҷро гардидааст.

Баррасиву таҳлил

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯи гуруҳбандии иқтисодии буҷетӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, маблағҷудокунии андозӣ) қарздорӣ вуҷуд надошта, 98 фоизи маблағҳо ба маблағи 18777661 сомонӣ пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокунии андозиро дарбар мегирад.

Маблағҳои Фонди захиравии раиси ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯи нақша 27592 сомониро ташкил дода, 118,5 фоиз хароҷот гардидааст, ки асосан хароҷоти он бо мақсади ҷиҳати  кӯмак расонидан ба шаҳрвандони камбизоат равона карда шудааст.

Маблағҳои бақияи озоди буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра ба маблағи 55652 сомонӣ хароҷот гардидааст, асосан хароҷоти он барои кумак расонидани шаҳрвандон равона гардидааст…

Оиди таҳлили шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ ва шумораи воҳидҳои кории кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 4789,5 нафарро ташкил дода, аз он амалкунанда 4592,5 нафар, шумораи воҳидҳои кории холӣ 197 нафар, аз он дар соҳаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва идораи давлатӣ 111,5 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 нафар, маориф 3001 нафар, тандурустӣ 1221 нафар ва дигар соҳаҳо 219 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2020, №232 “дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кумакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии маснунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд” ва мутобиқи банди 12 Низомномаи Вазорати молия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ шудааст, аз тарафи Вазорати молия ба ноҳияи Муъминобод ба шумораи 9 нафар гирандагони кӯмакпулӣ, ки мубталои вируси масунияти одам мебошанд, дар нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 13404 сомонӣ пардохт гардид.

Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки Раёсати молия дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромади маблағҳои андози маблағгузории мақсаднок ва самараноки чорабиниҳоеро ки дар соли 2024 пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь