Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи шаҳри Истаравшан хабарнигори МТЖТ бо роҳбари ниҳоди болозикр Малик Ислом Олимзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Чунончӣ, нахуст мавсуф изҳор дошт, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».

Дар идомаи суҳбат қайд карда шуд, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хазинадорӣ” ва тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, барои иҷрои ҳадафҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, дар нимсолаи соли равон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбута корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан барои дар амал татбиқ намудани идоракунии самараноки молияи давлатӣ дар доираи афзалиятҳои муайянгардида дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нишон медиҳад, ки дар ин давра ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбӣ арзёбӣ гардиданд.

 Иҷрои буҷет

Мавсуф изҳор дошт, ки иҷроиши нақша даромадҳои буҷети умумии шаҳр (бо назардошти андози иҷтимоӣ) дар ҳафт моҳи аввали соли 2024 ба андозаи 111,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 226 млн. 744,7 ҳазор сомонӣ андозу пардохтҳои гуногун ворид гардид, ки нисбат ба нақша (203686,3,0 ҳаз. сомонӣ) зиёда аз 23 млн. сомонӣ мебошад.

Нақшаи аниқшудаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 113,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 123 млн. 884,1 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша (109275,7 ҳазор сомонӣ) 14 млн. 608,4 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 22 млн. 282,1 ҳазор сомонӣ ё 21,9 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамаи намуди сарчашмаи даромади андозу пардохтҳои ба нақша гирифта пурра ва барзиёд иҷро карда шуданд.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар шаҳр қарордошта ворид гардиданд, ба маблағи 54 млн 86,8 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Ба ҳолати 01.08.2024 сол аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳо қарздорӣ мавҷуд намебошад.

Ба ҳолати 16 августи соли равон иҷроиши қисми даромади моҳонаи буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 5945,4 ҳазор сомонӣ ворид гардида аст.

Аз аввали соли равон ба буҷети маҳаллии шаҳр 129574,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида аст, ки нисбати нақшаи 8 моҳа 3584,6 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 102,8 фоизро ташкил медиҳад.

Иҷроиши нақшаи аниқшудаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 95,4 фоиз ва ба маблағи 120 млн. 184,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маблағгузории буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, яъне маорифу нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида шуда, дар  маҷмӯъ ба соҳаҳои мазкур беш аз 108 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 91,8 фоизи ҷамъи хароҷотҳои гузаронидаи буҷети маҳаллӣ мебошад.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории соҳаи маориф 74 млн 797,9 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки 90,1 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил додааст.

Маблағгузории соҳаи тандурустӣ 26 млн. 900,9 ҳазор сомонӣ равона гардида, ки 99,0 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории соҳаҳо, ҳокимият ва идораи давлатӣ 2 млн. 889,4 ҳазор сомонӣ ё 92,9 фоизи нақша, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1 млн. 442,0 ҳазор сомонӣ ё 102,6 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн. 585,1 ҳазор сомонӣ ё 98,9 фоиз, фарҳанг ва варзиш 4 млн. 851,0 ҳазор сомонӣ ё 106,1 фоиз, кишоварзӣ 322,9 ҳазор сомонӣ ё 98,7 фоизи нақшаи аниқшударо дар бар гирифт.

Дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат ва рухсатии меҳнатии кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи умумии 79 млн. 806,4 ҳазор сомонӣ ва ҳиссаҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ба маблағи умумии  19 млн 854,4 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва пурра пардохт гардид.

Масъулиятшиносӣ

Номбурда афзуд, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати роҳ надодан барои пайдошавии қарздории фонди музди меҳнат чораҳои амалӣ андешида, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллиро саривақт пардохт намуд, аз ҷумла музди меҳнат ва рухсатпулии меҳнатии муассисаҳои соҳаи маориф бо дарназардошти ҳиссаҷудокунӣ ба фонди нафақа ба пуррагӣ пардохт гардида, ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ ба ин мақсад қарздорӣ мавҷуд намебошад.

Дар ҳафтмоҳи соли ҷорӣ ҷиҳати сарвиқт пардохт намудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла қувваи барқ, гармидиҳӣ, партовбарори ва обтаъминкунӣ аз рӯи нақшаи маблағҳои пешбинишудаи дар буҷет ба пуррагӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар баробари ин, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар афзалиятҳои соҳаи иқтисодиёт аз ҳисоби фонди захиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 757,4 ҳазор сомонӣ қарорҳои раиси шаҳр ба табъ расида, 409,4 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст.

Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан барои сифатнок иҷро гардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 роҳ надодан ба қарздории моддаҳои ҳимояшаванда ва пурзур намудани интизоми молиявӣ дар шаҳр чораҳои амалӣ меандешад.

Мувофиқи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 январи соли 2024 маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 дарсад ва аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ 40 дарсад зиёд карда шуд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд кард, ки бинобар он, дар асоси гуфтаҳои боло раёсат ҷиҳати саривақт пардохт намудани фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

 Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь