Мутахассисон се омили асосиеро, ки тайи солҳои ахир ба гароншавии Интернет дар кишвар боис гардиданд, номбар карданд.
Тоҷикистон кайҳост, ки мавқеи худро ҳамчун яке аз кишварҳои дорои Интернети гаронарзиш дар Осиёи Марказӣ устувор кардааст. Дар минтақа танҳо дар Туркманистон барои Интернет зиёдтар маблағ пардохт мекунанд.
Мувофиқи радабандии арзиши интернет-трафик дар соли 2024, ки аз ҷониби Global Relocate таҳия шудааст, миёни 238 кишвар ва қаламравҳои вобастаи ҷаҳон Тоҷикистон бо арзиши миёнаи 1,65 доллар барои 1 гигабайт дар мақоми 142-юм қарор дорад.
Барои муқоиса, дар Қирғизистон 1 Гбайт ба ҳисоби миёна 0,17 доллар (зинаи 8-ум дар ҷаҳон), дар Ӯзбекистон – 0,30 доллар (зинаи 22-юм) ва Қазоқистон – 0,41 доллар (зинаи 35-ум) нарх дорад. Аз ин рақамҳо бармеояд, ки Интернет дар Тоҷикистон қариб 9,5 баробар аз Қирғизистон, 5,5 баробар – аз Ӯзбекистон ва 4 баробар – аз Қазоқистон қиматтар аст.
Дар ҳамин ҳол, дар радабандии Speedtest Global Index Тоҷикистон то моҳи июли соли 2024 дар байни 5 кишвари дорои сусттарин интернети мобилӣ (зинаи 139-ум миёни 143 кишвари ҷаҳон) ва аз рӯи суръати интернети ноқилӣ – дар мақоми 131-ум байни 181 кишвар қарор гирифт.
Норозигии корбарон дар мавриди нархи баланд ва сифати пасти Интернет дар даҳсолаи охир нодида гирифта мешуд. Ҳамчунин ба чандин даъвати созмонҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати беҳтар кардани дастрасӣ ба Интернет дар кишвар таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир нашуд.
Баҳори соли 2021 собиқ намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян-Питер Олтерс ба мақомот пешниҳод кард, ки Хадамоти алоқаро аз оператори тобеи он («Тоҷиктелеком») ҷудо кунанд. Ба ақидаи ӯ, ҳукмронии ширкати давлатӣ дар бозор рушди соҳаро коҳиш дода, арзиши хидматрасониро баландтар кард, ки ин ба бадшавии дастрасӣ ба Интернет ва камшавии теъдоди муштариён боис гардид.
«Дар Тоҷикистон нархҳо ба хидматрасониҳои интернет баланд ва дастрасӣ ба Шабака, бахусус дар деҳот, ки беш аз 70%-и аҳолӣ дар он зиндагӣ мекунад, маҳдуд аст», – изҳор дошта буд Олтерс.
Ӯ зикр карда буд, ки вазъияти мавҷуда дар бозор сармоягузории хусусиро ба бахши телекоммуникатсия боздошта, рушди бозори интернетро дар кишвар маҳдуд мекунад.
Мҳи марти соли 2022, вориси ӯ Озан Севимли дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз сифати паст ва гаронии алоқа изҳори назар кард.
Пеш аз ин ҳанӯз соли 2019 Бонки осиёии рушд ба мақомот тавсия дода буд, ки арзиши интернетро поин бурда, сифати алоқаро беҳтар кунанд.
Вақте ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин мушкилот таваҷҷуҳ кард, чунин ба назар мерасид, ки дар ниҳоят пешравӣ хоҳад шуд. Дар паёми худ ба парлумон дар моҳи декабри соли 2022 президент аз сифат ва суръати интернет изҳори норозигӣ кард.
«Сайёҳон асосан ба куҷо мераванд? Ба он ҷойе, ки интернети хуб ҳаст», – гуфта буд президент он замон.
Президент ба Хадамоти алоқа ва дигар мақомоти масъул супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) барои беҳтар намудани сифати интернет ва паст кардани нархи он чораҳои зарурӣ андешанд.
Пас аз ин аввали соли 2023 роҳбарияти Хадамоти алоқа изҳор дошт, ки қотеъона ба таъмини интернети баландсуръат ва поин бурдани нархи он машғул мешавад. Аммо пас аз қариб ду сол интернет ҳоло ҳам арзон нашудааст. Баръакс, баҳори ҳамин сол баъзе операторони мобилӣ ва провайдерон бо иҷозаи Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархҳоро боло бурданд.
Ҳарчанд дар Хадамот мегӯянд, ки нархро танҳо як ширкат – «Мегафон Тоҷикистон» боло бурда, тарифҳои дигар операторон ва провайдерон бетағйир боқӣ монданд.
Муқоиса аз «Мегафон»
Пеш аз болоравии арзиши алоқаи мобилӣ ва Интернет дар охири моҳи апрели соли равон дар сомонаи оператори мобилии “Мегафон-Тоҷикистон” таҳти унвони “Оё аз баландшавии нархҳо ҳаросидан лозим аст?” мавод нашр шуд. Дар он ширкат шикоят мекунад, ки “ҳар як кӯшиши бозбинӣ кардани нархҳои алоқаи мобилӣ ба тундбоди навиштаҳои ғазабнок дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрҳои сершумор дар ВАО боис мешавад”.
Барои асоснок кардан болоравии нархи тариф ва қаҳва муқоиса мешавад:
“Якум дарсе, ки таърих медиҳад: то чӣ андоза пардохти абонентӣ зиёд мешавад? Ба ҳисоби миёна, сухан дар бораи тахминан 10 сомонӣ меравад. Дар як моҳ. Як пиёла қаҳва 25-30 сомонӣ арзиш дорад. Яъне дар се моҳ муштариро зарур меояд, ки ба нархи пешина арзиши як пиёла қаҳваро илова кунад. Лекин вақте операторон пардохти абонентиро дар ҳаҷми начандон назаррас бардоштанӣ мешаванд, лентаҳои хабарҳо бо сарлавҳаҳои ваҳмангез пур мешаванд. Ва мухолифони баландбардории нархҳо метавонанд ҳатто якчанд пиёла қаҳваро нӯшида, аз он шикоят кунанд, ки намехоҳанд барои алоқа, ки аз он бе танаффус истифода мебаранд, ҳамагӣ 10 сомонӣ зиёдтар пардохт намоянд”.
Сабаби муқоиса бо қаҳва нофаҳмо аст, лекин танҳо ҳаминро зикр мекунем, ки бо маоши миёна дар Тоҷикистон (тибқи маълумоти расмӣ 2200 сомонӣ то моҳи апрели соли ҷорӣ) албатта, метавон як пиёла қаҳваи 30-сомонӣ харид.
Лекин ба гумон аст, ки як тоҷикистонии миёнаҳол нархро бо қаҳва муқоиса кунад. Зеро барои 10 сомонии «начандон муҳим» як оилаи одии тоҷик се дона нон ё ҳудуди1 кг шакар мехарад, ки аз маҳсулоти зарурӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин дар хабар зикр мешавад, ки “тағйирот на ҳамеша дар ҳамаи тарофаҳо ба амал бароварда мешаванд. Асосан шартҳои танҳо тарофаҳои архивие бозбинӣ карда мешаванд, ки аллакай барои пайвасткунӣ дастнорасанд” ва сабабҳои боло бурдани тарифҳо оварда мешаванд.
“Нархи таҷҳизоти алоқаи аз хориҷа воридшаванда доимо дар афзоиш аст. Нархи нерӯи барқ, ки шабакаҳои операторон аз ҳисоби онҳо кор мекунанд, пайваста боло меравад. Дар баробари ин, арзиши иҷораи биноҳову қитъаҳое, ки дар онҳо алоқачиён таҷҳизотро насб менамоянд, оромона ва бе назорат зиёд мешавад – вале ин ба қаҳру ғазаби мардум ва пайдошавии сарлавҳаҳои пурғулғула дар хабарҳо сабаб намешавад. Ба ҳар ҳол хароҷоти ширкат барои нигоҳубини инфрасохтор ҳар сол меафзояд. Лекин нархҳо танҳо як маротиба дар ду сол ё аз он ҳам камтар мавриди бозбинӣ қарор дода мешаванд”, – зикр мешавад дар маводи “Мегафон Тоҷикистон”.
Ва дар фарҷоми мавод гуфта мешавад, “агар операторон нархи аслии хидматрасониҳои худро баланд бардошта, минбаъд ба рушди шабакаҳо, такмили сифати хизматрасониҳо маблағи камтар сарф карданӣ шаванд, метавонед … сари як пиёла қаҳва нишаста боз норозигиатонро баён намоед”.
Чанд рӯз пеш ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” дар маводи дигари худ зикр карда буд, ки “болоравии нархи хизматрасониҳои мобилӣ – норозигии муштариён – бекоркунии қарорҳои тоза қабулшуда бо супориш “аз боло”. Маҳз бо чунин сенарияи такроршаванда тӯли солҳои охир дар Тоҷикистон аз тағйирдиҳии нархҳо дар бозори телекоммуникатсионӣ, ки пешакӣ бо мақомоти назораткунанда мувофиқа шудаанд, даст мекашанд. Дар соли 2018 ин ҳолат бо SIM-кортҳо, соли 2019 бо интернет, дар оғози соли 2024 бошад, бо тарофаҳои операторони пешсафи алоқа ба амал омада буд”.
Чаро дар мо Интернет ин қадр гарон аст?
Намояндагони “Мегафон-Тоҷикистон” мегӯянд, “сабабҳои тағйирёбии тарофаҳо се ҷанба доранд: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ”.
“Ва онҳо бо чунин тартиб мувофиқи мантиқи оддии бозор канори якдигар истодаанд. Дар соли 2024 нархи нерӯи барқ, ки бе он кор кардани таҷҳизоти алоқа номумкин аст, якбора ба андозаи 16% зиёд шуда, инчунин маблағи иҷора барои истифодаи ҳуҷраву майдонҳои пойгоҳҳои базавӣ низ боло рафт. Ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бошанд, сохторҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд, бозор онҳоро маҷбур месозад, ки афзоиши хароҷотро, ки хеле назаррас аст, бо баландбардории нархҳо баробар намоянд. Бо вуҷуди ин бояд гуфт, ки операторон ин гуна иқдомҳоро бо дили хеле нохоҳам пеша мекунанд”, – зикр мекунанд дар ширкат.
Мутахассисони мустақил бошанд, се омили асосиеро, ки тайи даҳсолаи ахир ба болоравии арзиши Интернет дар кишвар боис гардиданд, номбар мекунанд.
Ин пеш аз ҳама, ҷорӣ намудани андози аксизӣ дар соли 2011 барои хидматрасониҳои алоқа, ки меъёраш марҳила ба марҳила аз 3% то 7% боло рафт ва табиист, ки боиси болоравии нархи интернет гардид.
Инчунин таъсис ва оғози фаъолияти Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар назди «Тоҷиктелеком» дар моҳи январи соли 2016 зикр мешавад, ки тамоми хидматрасониҳои байналмилалии алоқа ва трафики интернетии ҳамаи операторон ва провайдерҳо тариқи он мегузаранд.
Аз он замон воҳиди Хадамоти алоқа («Тоҷиктелеком») ба таъмини трафики интернет ба кишвар ҳаққи истисноӣ ба даст овард. Ба провайдерони маҳаллӣ ва операторони мобилӣ мустақилона харидани интернет аз кишварҳои ҳамсоя манъ шуд.
Кормандони баъзе операторони алоқа мегӯянд, ки онҳо аз «Тоҷиктелеком» интернетро бо нархи гарон мегиранд ва дар натиҷа маҷбур мешаванд, ки нархҳоро барои корбарони ниҳоӣ боло бардоранд. Қобили зикр аст, ки «Тоҷиктелеком» монополисти табиии бахши алоқа буда, аз ин рӯ, бояд тарифҳои худро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа кунад.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки тарифҳои хидматрасониҳои «Тоҷиктелеком» зери назорати доимӣ қарор доранд ва болоравии беасоси нархи интернет ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин ба сифати омили таъсиррасон ба нархи интернет дар ҷумҳурӣ коршиносон сарбории зиёди андозбандиро дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа зикр мекунанд.
Шабака дигар арзон намешавад?
Дар ҳамин ҳол, корманди яке аз операторони мобилӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки арзиши интернет сол то сол боло хоҳад рафт. Ин гуфтаҳои худро ӯ дар навбати аввал бо зиёд шудани талабот ба Интернет асоснок мекунад.
“Теъдоди корбарони шабака зиёд шуда, операторону провайдерон маҷбур мешаванд, ки инфрасохтор ва сифати хидматрасониҳои худро беҳтар кунанд. Ин хароҷот сармоягузориҳои иловагӣ талаб мекунад, ки тавассути баланд бардоштани тарифҳо пӯшонида мешавад», — гуфт ӯ.
Ҳамчунин, мусоҳиби мо болоравии нархи интернетро бо таварруми доимӣ алоқаманд медонад.
“Интернет мисли дигар молу хидматрасониҳо гарон мешавад. Таваррум ба тамоми бахшҳои иқтисод, аз ҷумла инфрасохтор ва хидматрасонии интернет таъсир мерасонад. Ин хароҷот мисли ҳар хароҷоти дигар ногузир ба тарифҳои операторон ва провайдерон таъсир мерасонад”, — мегӯяд ӯ.
Ба таври умум, ин мутахассис тавсия медиҳад, ки бояд вазъи пӯшонида шудани ҳамаи хароҷоти иловагии ширкати хидматрасон аз ҳисоби истифодабарандагони ниҳоӣ бо оромӣ қабул шавад.
Барои коҳиш додани хароҷоти худ, мусоҳиби мо ба муштариён тавсия медиҳад, ки барои худ нақшаи тарифии мувофиқро интихоб кунанд.
«На ҳамаи корбарон мефаҳманд, ки нақшаи интихобкардаи онҳо ба ниёзҳояшон ҷавобгӯ аст, аз ин рӯ, маблағи зиёдатӣ пардохт мекунанд. Нақшаи мувофиқи тарифӣ метавонад ба сарфаи маблағ бидуни паст шудани сифати хидматрасонӣ кумак кунад»,– хулоса кард ӯ.