Теъдоди кушташудагон бар асари таркиши пейҷерҳо дар Лубнон ба 11 кас расид. Шумори маҷруҳони дар ҳолати вазнин 400 нафар гуфта мешавад.

Al Jazeera  бо такя ба як манбаъ дар неруҳои амниятӣ гузориш медиҳад, ин дастгоҳҳо тақрибан шаш моҳ пеш бо тақрибан 20 грам маводи тарканда муҷаҳҳаз шудаанд.

Мувофики хабари Wall Street Journal пейҷерҳои таркида аз гуруҳи наве буданд, ки ба наздикӣ ба ин кишвар ворид карда шуда буданд. The Times of Israel менависад, ки ожонси истихборотии исроилии Моссад қабл аз супурдани дастгоҳҳо ба «Ҳизбуллоҳ» ба онҳо дастрасӣ пайдо карда, батериҳои пейҷерҳоро бо маводи мунфаҷира печонидааст. Дар натиҷа бо баланд шудани ҳарорати батериҳо онҳо таркидаанд.

«Ҳизбуллоҳ» таҷҳизотҳоро пас аз он ба даст овардаанд, ки раҳбари ин гуруҳ дар моҳи феврал ба аъзои он дастур дод, ки аз истифодаи телефонҳои ҳамроҳ даст кашанд ва ҳушдор дод, ки онҳо метавонанд тавассути хадамоти кашфи Исроил назорат шаванд.

Мақомоти Эрон, Ироқ ва Сурия таркиши азими пейжерҳо дар Лубнонро маҳкум карданд. Дар худи Лубнон ин ҳодиса ҳамчун “таҷовузи Исроил” арзёбӣ шуд. Мақомоти Исроил ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь