Муасиссаҳои соҳаи маориф дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба зимистони  солҳои 2024-2025-ум 97 дарсад омода шуда, рӯзҳои наздик омодагӣ пурра ба анҷом мерасад.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Гулбаҳор Хоҷаёрова,  нақшаи хариди ангишт дар соҳаи маорифи ноҳия барои гузаронидани зимистон 1 ҳазору 15 тонна буд, ки иҷроишаш 100 дарсадро ташкил медиҳад. Ӯ афзуд, нақшаи захираи ҳезум  бошад 1 ҳазору 4 метри куббӣ буда, он низ беш аз 60 фоиз иҷро гардидааст. Сӯзишворӣ  1 ҳазору 700 литр дар нақша аст ва он низ 100 дарсад  иҷро гардидааст.

Шишабандӣ  дар муассисаҳои соҳаи маориф 97  дарсад таъмин гашта, масъулон талош доранд дар кутоҳтарин муҳлат нақшаи захираи ҳезум ва шишабандиро пурра таъмин созанд.

Аз Раёсати молияи ноҳияи Вахш иттилоъ доданд, аз ҳисоби буҷети ноҳия барои хариди маводҳои сӯхт наздики 1 миллиону 500  ҳазор сомонӣ дар нақша буд, ки он  пурра пардохт карда шудааст.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш гуфт, дар ноҳия 71 мусиссиса дар соҳаи маориф фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз  52 ҳазору 550 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва масъулон кушиш мекунанд, то дар фасли сармо онҳо дар синфхонаҳои гарм дарс хонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь