Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 22 километр роҳи мошингард бо дастгирии Вазорати нақлиёт, МИҲД-и ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд  пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Ҷовид Ҳакимзода ба “Фараж” гуфт, таъмири роҳҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар амалӣ мешавад.

Гуфта шуд, имрӯз дар деҳаи Итифоқи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён бо дастгирии аҳли деҳа 500 метр роҳ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ шуд. Роҳи ин деҳа солҳои тулонӣ таъмирталаб буд, баъди таъмир рафтуомади воситаҳои нақлиёт таъмин гашта, сокинон аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар шод мебошанд.

Ҷовид Ҳакимзода афзуд, дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 34,8 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 17,9 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 174, 4 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта ҳаст.  Роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён, Вазорати нақлиёт ва масъулони муассисаи мазкур  азм доранд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳамаи роҳҳои мошингарди ноҳияро таъмиру таҷдид карда, рафтуомади воситаҳои нақлиётро таъмин созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь