Узбекистон иттилоъро дар бораи ворид шудани хар ба феҳристи ҳайвоноте, ки гӯшти онҳо барои истеъмол мувофиқ аст, рад кард.
Бархе аз каналҳои Telegram хабар медиҳанд, ки Палатаи қонунгузорӣ лоиҳаи қонунеро баррасӣ кардааст, ки бар асоси он хар ба феҳристи ҳайвоноте, ки гӯшташ барои истеъмол мувофиқ аст, шомил карда мешавад.
Ба гуфтаи муовини раиси Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одилҷон Тоҷиев, лоиҳаи қонуне, ки мавриди баррасӣ аст, ба масъалаи истеъмоли гӯшт дахл надорад. Ин лоиҳа ба муайян, сабт ва пайгирии ҳайвонот тамаркуз мекунад.
Тоҷиев тавзеҳ дод, ки лоиҳаи қонун бо истифода аз барчаспҳои визуалӣ ё электронӣ ва микрочипҳо шиносоии ҳайвоноти хонагӣ, аз қабили гов, гӯсфанд, буз, хук, аспу хар, шутур, сагу гурбаро пешбинӣ мекунад. Ин ба ҳайвонҳое дахл дорад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигоҳубину парвариш мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, зимни баррасии ин тарҳ дар мавриди зарурати шиносоии хару сагу гурба эътирозҳо ба миён омадаанд. Ин эътирозҳо аз ҷониби ташаббускорони лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуда, дар сурати тасдиқи лоиҳа дар қироати аввал, бандҳои дахлдор ҳангоми омодагӣ дар қироати дуюм хориҷ карда мешаванд.
Одилҷон Тоҷиев қайд кард, ки дар лоиҳаи қонун ворид кардани гӯшти хар ба категорияи гӯшти истеъмолӣ пешбинӣ нашудааст.