Маршал Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори ӯзбектабор ва муовини собиқи президент дар низоми ҷумҳурият дар Афғонистон, хостори ташкили як ҳукумат дар берун аз ин кишвар шуд.
Дӯстум 15-уми сентябр дар нишасти Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон дар Туркия пешниҳод кард, ки ҳукумати баробар бо ҳукумати “Толибон” ташкил шавад. Ӯ гуфт, ки бар зидди ин гуруҳи тундрав мубориза мекунад ва муддаӣ шуд, ки метавонанд ҳукумати “Толибон”-ро шикаст диҳанд. “Толибон” то кунун дар мавриди ин изҳороти Дӯстум вокуниш накардаанд.
Ин ҷангсолор, ки неруҳояш ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мешаванд, соли 2023 гуфта буд, ҷангиёни ӯ омода ҳастанд зидди Толибон биҷанганд. Изҳороти Дӯстум дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти амрикоӣ таъкид кардаанд, ки аз гуруҳҳои мухолифи “Толибон” ҳимояти низомӣ намекунанд. Мақомоти амрикоӣ чанд бор бо мухолифини “Толибон” дидорҳое доштаанд.
Абдурашид Дӯстум, фармондеҳи ҷиҳодӣ ва аз роҳбарони ӯзбекҳои Афғонистон аст. Ӯ моҳи августи соли 2021, як рӯз аз қабл аз суқути ҳукумати Афғонистон, аз ин кишвар фирор карда буд.