Таърихи тамаддуни башар башорат аз он медиҳад, ки миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик яке аз бостонитарин халқиятҳои дунё буда, аз замонҳои хеле қадим дар минтақаи Хуросону Вароруд зиндаги намуда,  тамаддуни нотакроре офарида, пешкаши ҷаҳониён намудааст, ки оламиён аз он ангушти ҳайрат мегазанд. Гарчанде ки дар давраҳои муайяни гузашта ба шикасту рехтҳои таърих дучор гашта, аз силсилаи давлатдориҳои хеш маҳрум шуда бошанд ҳам, лек бо хислатҳои неку наҷибона, ақлу заковати азалӣ ва донишу хиради худ ғолибонро тобеи худ намуда, бо фарҳанги нотакрори хеш бегонагонро мафтуни худ сохтанд. Воқеан, тоҷикон “Бар зидди теғу шамшери забткорон бо шӯълаи ақлу бо қалами бурро мубориза бурда, қаламаш шамшери бегонагонро хам кард, сафшиканони истилогарро бо шеъру адабиёт, илму маърифати худ ошно…”[14. 14-15] намуда, идораи онҳоро ба дасти худ гирифт ва маҳз онон “низоми мукаммали давлатдорию идорот, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёни мактабҳои гуногуни илмию фалсафӣ ба мерос гузоштаанд” [14. 12-13], ки имрӯз башарият аз он истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки минтақаи Хуросон ва Вароруд, ки тоҷикон аз қадимулайём дар он ҷо маскан ихтиёр намуда буданд, дар тӯли таърих сарзамини ободу зебо буда, тавассути он роҳҳои тиҷорати ба Шарқу Ғарб мегузашт. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси ниёгонамон дар ин сарзамин шаҳрҳои зиёде сохта шуда, рушду тараққӣ намуда, ба марказҳои аслии илму фарҳанг ва тиҷорат табдил меёфтанд. Яке аз ин гуна шаҳрҳои таърихӣ, ки бевосита аз ҷониби аҷдодонамон бино ёфта, дар даврагоҳи гуногуни таърихӣ ба макони аслии илму фарҳанг ва тиҷорат табдил ёфта, шӯҳрати ҷаҳониро касб намудааст ва имрӯз ҳам диққати ҳазорҳо саёҳонро ба худ ҷалб менамояд, шаҳри бостонии Самарқанд мебошад. Он дар тӯли таърих аз бузургтарин, ободтарин ва пешрафтатарин шаҳрҳо маҳсуб меёфт. Ҳатто, дар асри XIV Ибни Баттута, ки аз минтақаҳои гуногун дидан намуда буд, дар асари худ “Сафарнома” онро “яке аз бузургтарин, беҳтарин ва зеботарин шаҳрҳои дунё” [10. 456] номидааст

Самарқанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон буда, ба қавли сарчашмаҳои ҷуғрофию таърихӣ онро Кайковус ибни Қайқубод таъсис додааст. Аз ҷумла, Абусаъид Гардезӣ дар асари худ “Зайну-л-ахбор” навиштааст, ки “Самарқандро ӯ (Кайковус ибни Кайқубод – С.М.) бино кард ва Сиёвуш тамом кард” [1. 64]. Закариёи Қазвинӣ ҷуғрофидони асри XIII форс-тоҷик дар асари машҳури худ “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” низ бунёди Самарқандро ба Кайковус нисбат медиҳад[9. 506]. Ин далели раднашавандаест, ки собит месозад шаҳри Самарқанд аз ҷониби тоҷикон бунёд ёфта, ба маркази илму тамаддун табдил ёфтааст. Худи калимаи Самарқанд низ решаи форсӣ дошта, ҷузъи аввал “самар” аз порсии бостонӣ “асмара” ба маънии санг ё сахра ва ҷузъи дувум “канд” аз порсии бостонӣ “канта”, суғдӣ “кант” ба маънии диж ё шаҳр аст. Доктор Аҳмад Ранҷбар дар китоби худ “Хуросони Бузург” дар мавриди вожаи Самарқанд пажуҳише хубе намуда, чандин гуфтаҳои донишмандонро иқтибос кардааст, ки вожаи Самарқанд форсист [5. 160-163]. Ҳамзамон, дар сайти интернетии “Донишномаи озод”-и форсӣ, ки аз донишномаи олмонӣ иқтибос гирифта шудааст, омадааст: “Самарқанд, ки юнониён онро Мароқанд меномиданд, яке аз куҳантарин шаҳрҳои ҷаҳон шумурда мешавад ва тавассути эрониён (тоҷикон-С.М.) дар авохири садаи чаҳордаҳи пеш аз мелод дар дашти ҳосилхези Зарафшон ба унвони шаҳр минтақаи кишоварзӣ пай ниҳода шуда ва замоне дароз дар даврони Ҳахоманишиён муҳимтарин шаҳри минтақа будааст”. Бо бунёди шаҳр, Самарқанд марҳила ба марҳила ободу зебо мегардид, ки дар ҷаҳони он вақта мислаш назир надошт[12. 6].

Самарқанди бостонӣ ҳамчун маркази аслии тамаддуни тоҷикон ҳанӯз қабл аз тобеи империяи Ҳахоманишиҳо гаштан ташаккул ёфта, яке аз асоситарин шаҳрҳо дар минтақа буд. Бо ворид гаштан ба ҳайати шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо роҳҳои нави тиҷоратӣ кушода шуда, шаҳри Самарқанд ба асоситарин маркази маъмурии Ҳахоманишиён дар Шарқ гардида, рӯз то рӯз бузургтару ободтар мегардид. Ҳатто, пас аз истилои Осиёи Миёна аз ҷониби юнону мақдуниҳо Самарқанд мавқеи худро аз даст надода, баръакс бо бузургӣ ва ҳашамати худ қалби Искандари Мақдунро рабуд ва орзӯи пойтахти императории худ намудани онро кард. Бо ташаккулли роҳи бузурги Абрешим мавҷеи Самарқанд торафт боло рафта, ҳамвора пешрафт мекард. Бо заволи империяи юнону мақдуниҳо ва Селевкиён ва ба қудрат расидани империяҳои ориёии Ашкониён ва сипас, Кушониён Самарқанд симои худро иваз намуда, ба яке аз шаҳрҳои пешрафтатарини Шарқ табдил ёфт. Бозёфтҳои зиёди бостоншиносӣ далели он аст, ки дар шаҳр тамоми намуди ҳунармандӣ рушд намуда, молҳои истеҳсошуда тавассути тоҷирон ба Шарқу Ғарб барои савдо интиқол дода мешуд ва серхаридор буданд. Дар давраҳои баъди низ Самарқанд мавқеияти худро нигоҳ медошт. Тибқи навиштаи Расул Ҳодизода “Баъд аз асри V дар Суғд ва Самарқанд як пешрафти умумии кишвар ба амал омад… Ҳунармандӣ ва санъаткорӣ хеле ривоҷ ёфт. Суғдиён, аз ҷумла мардуми Самарқанд аз оҳан анвои олоти кишоварзӣ, навъҳои гуногуни силоҳи ҷанг ва дигар асбобҳои зарурии рӯзгорро месохтанд ва ҳатто берун аз кишвар содир мекарданд… санъати абрешимбофӣ ва сураткашиву нақошӣ… ривоҷ ёфта буд” [17. 24-25]. Шоҳроҳи бузурги абрешим тавассути мулкҳои империя ва давлатҳои гуногун мегузашт, аммо дар тамоми ин роҳи тӯлонии тиҷоратӣ хӯҷаини асосӣ бидуни шак суғдиён буданд[3. 20]. Албатта, ин тиҷорат барои пешрафти шаҳри Самарқанд хело зиёд мусоидат намуд.

Дар асри VII бошад, иттиҳодияи бузурги Суғд ташкил мешавад, ки Самарқанд маркази асосии он буд. Самарқандиҳо дар тиҷорат низ ҳамто надоштанд ва бозори кишварҳои гуногунро бо молҳои аълосифат таъмин мекарданд. Дар шаҳр қасру кушкҳои боҳашамат қомат афрохта, бозорҳо фаъолият менамуданд ва мардум ба касбу кори гуногун машғул буданд. Ноҳияи Самарқанд аз ҷиҳати ҳосилхезӣ воҳаи ягона дониста мешуд[7. 465] ва кишоварзӣ рушд намуда буд. Аҳмад ибни Аби Яъқуб дар асари худ “Ал-булдон” низ Самарқандро яке аз бошукӯҳтарин ва арҷмандтарин ва нерумандтарин кишваре номидааст, ки дорои мардони бештар, қаҳрамонони сарсахтар ва ҷангҷуёне шикеботар аст[4. 69-70].

Дар соли 712 арабҳо бо сарварии Қутайба ибни Муслим ба шаҳри Самарқанд ҳуҷум мекунанд. Самарқандиҳо ба муқобили аъроб қаҳрамонона мубориза мебаранд, аммо аз сабаби номутаҳидӣ ва пайваста ба муқобили якдигар мубориза бурдани худи тоҷикон, шаҳр аз ҷониби арабҳо ишғол мешавад. Парокандагӣ, ба муқобили ҳамдигар мубориза бурдан ва ба якдигар мадад нарасонидани ҳокимон, ки аслан тоҷик буданд, кори арабҳоро барои тасарруфи ин минтақа хело осон намуда буд.

Бо тасарруфи Хуросону Вароруд аз ҷониби арабҳо ва тобеи хилофати Умавиён ва баъдан Аббосиён гаштани ин минтақа барои пешрафти дигарбораи ин сарзамин заминаи мусоид фароҳам овард. Албатта, ибтидо қисмате аз шаҳрҳо, аз ҷумла Самарқанд хароб шуд, вале дар қаламрави паҳновари Хилофат роҳҳои нави тиҷорат ва дари илму фарҳангро боз намуд. Ҳатто, Самарқанд тамоми хилофатро бо қоғази аълосифат таъмин менамуд. Дар ибтидои асри IX ҳокимияти шаҳрҳои гуногуни Варорудро Аббосиён ба ихтиёри хонадони тоҷикии Сомониён медиҳанд. Онҳо гарчанде тобеи Тоҳириён бошанд ҳам, вале амалан мустақиман идора мекарданд. Шаҳри Самарқанд бошад, ба ихтиёри Наср гузашта, маркази асоси ва пойтахти аввалини Сомониён гардид. То ба сари ҳокимият омадани Исмоилӣ Сомонӣ Самарқанд маркази фармонравоии ин хонадон маҳсуб меёфт. Новобаста аз оне ки пойтахт ба Бухоро интиқол меёбад, Самарқанд аз ҷумлаи бузургтарин ва муҳимтарин шаҳрҳо боқӣ мемонад. Ҳатто, онро бозори Мовароуннаҳр меномиданд. Дар “Ҳудуду-л-олам”-и муаллифаш гумном, ки дар ҳамин давра таълиф ёфтааст, қайд шудааст, ки “Самарқанд шаҳре бузург аст ва ободон аст ва бо неъмати бисёр ва ҷойи бозаргонони ҳама ҷаҳон аст. Ва аз вай қоғаз хезад, ки бар ҳама ҷаҳон бибаранд” [18. 63]. Ҳамин гуфтаҳои сарчашма баёнгари он аст, ки Самарқанд дар замони Сомониён тавассути тоҷикон ба яке аз бузургтарин ва ободтарин шаҳрҳои дунё табдил ёфта, аз муҳимтарин марказҳои тиҷоратӣ буд.

Бо инқирози Сомониён ва ба сари қудрат омадани сулолаҳои туркӣ, хусусан тобеи Қарахониён гардидани Вароруд ба илму фарҳанг таъсири манфӣ расонид. Шаҳри Самарқанд гарчанде маркази давлати Қарахониён гардида бошад ҳам, вале бо сабабҳои ҷангҳои байни ҳамдигарии туркҳо рушду тараққиёташ бозистод. Ҳаёти илмию адабӣ рӯ ба пастравӣ ниҳода, қисмати зиёде аз аҳли илму дониш тарки ин шаҳри бостони намуданд. Туркҳои биёбонгарди қарахонӣ ба илму фарҳанг ва ободонӣ он қадар таваҷҷӯҳ надоштанд ва ҳамоно хислатҳои бодиянишинӣ дар онҳо бартарӣ дошт. Тибқи навиштаи Садрӣ Саъдиев “қисми зиёди шоирони Самарқанд бо сабаби бад гардидани вазъ тарки зодгоҳи худ намуда, ба назди ҳокимони дигар минтақаҳо рафтанд” [15. 43]. Новобаста аз оне ки ҳокимони қарахонӣ ба илму адаб кам таваҷҷӯҳ доштанд, вале чароғи фурӯзони илму дониш ҳоло ҳам хомуш нагашта буд. Саъдиев Садрӣ дар монографияи худ “Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқандӣ асри XII” қайд мекунад, ки “Чароғи адабиёт ҳарчанд дар дастгоҳи хонҳо фурӯзон набуд, вале дар сарзамини Мовароуннаҳр ҳаёти адабӣ равнақ дошт” ва “адабиёти ин давр… асосан… дар байни мардуми шаҳр” [16. 15-18] яъне, худи тоҷикон тараққӣ карда буд. Ҳамин аст, ки аз маркази адабии Самарқанд дар ин давра шоирони бузурги тоҷике чун Низоми Арӯзии Самарқандӣ, Рашидии Самарқандӣ, Сузании Самарқандӣ, Зоҳирии Самарқандӣ, шиҳоби Муайиди Самарқандӣ ва дигарон ба майдони адаб бархостаанд.

Шаҳри Самарқанд пасон аз ҷониби Салчуқиён, баъдан Қарахитоиҳову Хоразмшоҳиён ишғол мешавад, вале ҳокимияти Қарахониён идома меёбад. Дар муддати як қарн шаҳр чанд маротиба аз ҷониби ин ё он давлат ишғол мешавад, ки албатта ба пешрафти он халал ворид мекунад. То омадани туркҳо шаҳри Самарқанд аз пешрафтатарин ва маркази тамаддуни тоҷикон буд, аммо бо омадани туркҳо шаҳр қисман хароб мешавад. Танҳо, худи тоҷикон барои пешрафти сарзамини хеш кушишу талош меварзиданду халос. Дар соли 1212 Самарқанд аз ҷониби Муҳаммади Хоразмшоҳ ба тасарруф даромада, ҳокимияти туркҳои қарахонӣ ба анҷом мерасад. Хоразмшоҳиён онро яке аз марказҳои маъмурии худ интихоб мекунанд. Аз ин дере нагузашта, ҳуҷуми қавми ваҳшии муғулҳои биёбонгард оғоз шуд. Дар шаҳр артиши панҷоҳҳазорнафара мавҷуд буд ва мардуми Самарқанд низ омода буданд, ки ба муқобили муғулҳо қаҳрамонона ҷангида, ҷоми шаҳодатро бичашанд. Самарқанд иқтидори чанд сол муқобила бо душманро дошт, вале баъзеҳо ба ҳамватанони худ хиёнат карда, ба хотири ваъдаи зистан шарофати худро фурухтанд ва шаҳрро ба рӯйи душман бозкушуданд. Ибни Асир навиштааст, ки сипоҳиёни турк наҷангида ба худ гуфтаанд: “Мо ҳам аз нажоди муғулон ҳастем ва моро намекушанд”. Аз ин рӯ дархости амон карданд ва муғулон низ дархостро пазируфтанд. Онҳо ҳам дарвозаҳои шаҳрро кушоданд ва бо дороии худ нади муғулҳо рафтанд. Муғулон… ба рӯяшон шамшер кашиданд ва то охирин нафар ҳамаро куштанд. [11. 5009] Тоҷикон дар кучаҳои шаҳр қаҳрамонона зидди муғул набард ороста, ба хотири Ватан ҷони худро ба Ҷонофарин месупориданд. Бо азобу уқубат шаҳр аз ҷониби муғулон ишғол шуд ва ба қавли Ибни Асир “ҳаминки вориди шаҳр шуданд ҳарчӣ ёфтанд ба яғмо бурданд ва масчиди ҷомеи шаҳрро ба оташ заданд… мардумро… шиканҷаҳои гуногун доданд” [11. 5009]. Ибни Баттута пас аз сад соли ҳамалоти муғулҳо аз ин шаҳр дидан намуда, қайд мекунад, ки “бисёре аз қисматҳои дохилии шаҳр ба ҳолати вайрона афтодааст” [10. 456]. Аз ин гуфтаҳо, баръало маълум аст, ки муғулҳои биёбонгард бо хую атвори саҳронишинии худ ин шаҳри таърихӣ ва яке аз марказҳои аслии тамаддунии моро вайрон намуда, ба ҳолати харобӣ оварда расонидаанд. Идораи ин минтақа ба дасти Чағатой яке аз фарзандони Чингизхон мерасад, вале дар идомаи ҳукумати Улуси Чағатой ин минтақаҳо ба дасти худи тоҷикон супурда шуда, аз ҷониби тоҷири судхур Маҳмуди Ялавоч ва пасон фарзандаш идора мегардид. Ин тоҷикони ҳасуд гарчанде ки баъзе чораҳо барои пешрафти минтақа андешида бошанд ҳам, вале барои истиқлоли ватани хеш кушише накарданд.

Бо заиф гардидани ҳукумати муғулҳо Улуси Чағатой ба мулкҳои алоҳида тақсим мешавад ва Самарқанд низ то андозае мустақилият пайдо мекунад. Хони Муғулистон Туғлуқтемур аз нобасомониҳои ин минтақа истифода бурда, барои тобеъ намудани минтақаи Мовароуннаҳр, ки дар гузашта тобеи муғулон буд, кушиш мекунад ва Самарқандро дар соли 1360 ишғол мекунад. Ӯ писараш Илёсхуҷаро ҳокими ин минтақа мегузорад ва ба сарзамини худ боз мегардад. Пас аз фавти ӯ Ҳусайну Темур, ки душмани Илёсхуҷа буданд, аз нав сар бароварда, Илёсхуҷаро шикаст медиҳанд ва муваққатан ҳокими Мовароуннаҳр мешаванд. Ҳангоми ҳокимияти Ҳусайн ӯ ба ҷойи ба доди мардум расидан, баръакс бо онҳо муносибати бадро раво медид. Муғулҳо бо сарварии Илёсхуҷа аз сари нав лашкар кашида, дар “Ҷанги Лой” Ҳусайну Темурро шикаст дода, ба сӯйи Самарқанд раҳсипор мешаванд. Дар Самарқанд на ҳокиме буду на артише. Мардуми ҷасури Самарқанд бо роҳбарии Мавлонозода ва ёронаш ба муқобили муғулҳо бархоста, шаҳри худро дифоъ мекунанд. Ин ҳодиса дар таърих бо номи ҳаракати “Сарбадорони Самарқанд” маъруф аст. Рафти муборизаи сарбадорони Самарқандро муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов мавриди таҳқиқ қарор додааст[6].

Пас аз он ки бо роҳи фиреб Самарқанд ба ихтиёри Ҳусайну Темур мегузарад, мубориза баҳри ҳокими ягона гаштан байни ин ду ҳоким авҷ гирифта, дар охир музаффарият ба дасти Темур мерасад ва Ҳусайн дар ин роҳ кушта мешавад. Пас аз ҳокими ягона гаштан Темур Самарқандро пойтахти давлати хеш сохта, барои васеъ кардани ҳудуди давлати худ ба лашкаркашии бепоён шурӯъ мекунад. Бо хуни ҳазорҳо ҳазор тоҷику дигар қавмҳо барои зебо гардонидани шаҳри Самарқанд талош меварзад. Мардуми тоҷики Самарқанд борҳо бар зиди ӯ шуриш мебардоранд, вале Темур бо қувваи артиши худ онҳоро пахш мекунад. Бо асир кардани бисёр ҳунармандон аз гушаву канори дунё Темур дар Самарқанд қасру биноҳои боҳашамат ва боғҳои хеле зиёд бунёд мекунад ва Самарқанд ба яке аз марказҳои пешрафтатарини дунё мубаддал мешавад. Клавихо дар асари худ “Рӯзномаи сафар ба дарбори Темур” аз ин шаҳр дидан намуда, дар чандин базму маҳфилҳои ташкилнамудаи Темур ширкат меварзад ва аз зебогии шаҳр ба ҳайрат меояд. Мутаассифона, ин зебогиро Темур бо азобу уқубат додани ҳунармандони асирнамудааш ба вуҷуд меорад.

Дар ибтидои асри XVII ҳокимият аз Шайбониён ба Ҷониён мегузарад. Ҳокимияти Ҷониён танҳо дар замони Имонқулихон то андозае устувор буд ва каме пешравие ба чашм мерасид. Дар давраҳои дигар бошад, ҳукумати марказӣ заиф буда, ҷангу низоҳо ва ғоратгариҳо зиёд буда, ба пешрафти тамоми шаҳрҳо, аз ҷумла Самарқанд таъсири манфии амиқ гузошт. Дар ин давра, дар Самарқанд бо ташаббуси Ялангтушбий ду мадрасаи боҳашамат- мадрасаи Шердор ва мадрасаи Тилокорӣ сохта мешавад, ки ягона хизмати ҳокимони ӯзбек ба шумор меравад. Тибқи навиштаи Бобоҷон Ғафуров бошад, дар ин давра “Дар Самарқанд мулки мустақиле ба вуҷуд омада буд, ки бо Бухоро рақобат мекард. Ҳокими Самарқанд аз бодиянишинон кӯмак хост ва онҳо ҳафт сол (1723-1730) водии Зарафшонро ба харобазор табдил доданд” [8. 86-87]. Ҳамаи ин боиси қаҳтию гуруснагӣ гардид. Азобу уқубатро бошад, мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мечашиданд. Ҳокимони бадҷаҳл ба мардуми одӣ ҳар гуна зулмро раво медиданд. Новобаста аз ҳамаи ин ҳодисот, ҳаёти адабию илмӣ дар шаҳри Самарқанд то андозае вуҷуд дошт, ки шоирону олимоне чун Малеҳои Самарқандӣ, Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ, Мулло Турсун Фароизи Самарқандӣ, Мунсифии Самарқандӣ ва дигаронро ба камол расондаву ба арсаи илму адаб ворид намудааст.

Шаҳри Самарқанд дар замони мавҷудияти Аморати Бухоро то шикасти он аз ҷониби русҳо яке аз шаҳрҳои асосӣ ва маркази илму адаб маҳсуб меёфт ва дар ҳаёти сулолаи Манғития нақши калонро мебозид. Тиҷорат то андозае рушд карда буд ва дар шаҳр бозору дуконҳои зиёд фаъолият менамуд. Ҷангҳои пайдар пайи қабилаҳои ӯзбек, ки ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ медоштанд, албатта ба маънавиёти мардум зарбаи калон ворид намуд. Буҳрони маънавӣ шиддат пайдо карда буд. Гарчанде ки олимону шоирон фаъолият менамуданд, вале камшумор буданд.

Дар соли 1868 Самарқанд аз ҷониби русҳо ишғол мешавад. Дарвозаҳои шаҳр, ки муддати чандин асрҳо шаҳрро аз душманон ҳифозат мекарданд, аз миён бардошта шуд. Ба навиштаи расул Ҳодизода “русҳо, ки барои дифоъ аз душман силоҳу воситаҳои хуби ҷангӣ доштанд, дигар ба ин дарвозаҳо ниёзе набуд. Бинобар ин… дарвозаҳои шаҳрро аз миён бардоштанд ва қалъаи шаҳрро низ вайрон карданд.” [17. 56] Шаҳри Самарқанд ба ҳайати Генерал Губернатори Туркистон ворид шуда, тавассути он ба роҳи тиҷории Аврупо пайваст. Шаҳр симои худро тағйир медиҳад. Тавассути русҳо дар шаҳр дигаргуниҳои зиёд ба амал омад. Роҳи оҳан сохта шуд ва Самарқанд ба он пайваст гардид. Албатта, ҳамаи ин ба хотири манфиати русҳо буд, вале дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии тоҷикон низ бетаъсир намонд.

Бо инқилоби Октябр ва ба сари ҳокимият омадани бо ном “Шуроҳо” шаҳри Самарқанд дар дохили ҶМШС Туркистон ба ҳайати Русияи Шӯравӣ пайваст. Бо дархости Лелин ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо ба вуҷуд омад, вале барои тоҷикон бисёр бад ба анҷом расид. Мирзоалӣ ҷураев барҳақ навиштааст, ки “тоҷикон дар хонаи худ бехона буданд. Сари ҳар қадам ба онҳо фишор меоварданд ва дар кору таҳсил, гузаронидани маҷлисҳо ба забони модари ҳуқуқҳояшонро поймол менамуданд. Тоҷикон маҷбур буданд, ки барои аз манзил нарондан, аз молу мулки ночизе маҳрум нашудан, дар сафи душманони халқ надаромадан мансубияти миллияшонро тағйир диҳанд. Худро дар рӯйи қоғаз, ки барои ҳукумати онрӯза хелле зарур буд, ӯзбек нависонда, дар асл чун тоҷик бимонанд” [19. 81]. Бо ҳамин минвол шаҳрҳои зиёди таърихии тоҷикон, аз ҷумла шаҳри Самарқанд ба ҳайати ҶШС Узбекистон ворид шуд, ҳол он ки аз рӯйи адолати таърихӣ ин шаҳрҳо мансуби тоҷикон буданд. “Бар асоси ҳисоботи соли 1926 шумораи тоҷикон дар шаҳр ва округи Самарқанд аз 70 ҳазор ба 37620 поин омадааст… аз рӯйи ҳисоби Шӯъбаи замини округӣ шумораи тоҷикон ба 13642 мерасад, яъне боз панҷ маротиба кам шудааст” [19. 76]. Албатта, бо кам нишон додани шумораи тоҷикон шумораи ӯзбекон ҳамон қадар афзудааст.

Дар замони мавҷудияти ҶШС Ӯзбекистон шаҳри Самарқанд яке аз шаҳрҳои тараққикарда ва асосии он ба шумор мерафт. Ин шаҳри бостонии тоҷикон дар ҳамин давраи таърихи низ даҳҳо чеҳраҳои маъруфи илму адаби тоҷикро ба воя расонидааст, ки ин тоҷикон дар ҳаёти илмию адабӣ ва сиёсии ҶШС Узбекистон нақши барҷаста доштаанд. Дар ин шаҳри бостонии тоҷикон шамъи илм ҳамоно фурузон боқӣ монд ва тоҷикон нагузоштанд, ки ин шамъ хомуш шавад. Мутаасифона, бо таъсири сиёсати он замона мактабҳои зиёди тоҷикона дари худро баст ё ба мактабҳои узбекӣ табдил дода шуд, вале мардуми сарбаланди тоҷики ин шаҳр ҳувияти тоҷиконаи худро ҳеҷгоҳ фаромӯш накардаанд. Дар замони истиқлоли Ҷумҳурии Узбекистон ҳамон вазъ муддати зиёде идома дошт, вале хушбахтона робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли густариш аст. Дар ҳамин давра низ, аз шаҳри Самарқанд чеҳраҳои ахтарону тобноки фурузони илму адаби тоҷик ба воя расида, имрӯз ҳам фаъолият намуда истодаанд, ки боиси сарфарозии мо тоҷикон мебошанд.

Мутаассифона, дар замони имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳост, ҳамаи халқиятҳои башар мехоҳанд соҳибтамаддунию фарҳанги қадима доштани худро нишон дода, аз ин баҳри рақобату зиддиятҳо бароянд. Бо ҳамин далоил, баъзеҳо таърихро таъриф намуда, таъриху фарҳанги моро аз они худ кардани шуданд, ки мисоли равшани он эълони шаҳри Самарқанд чун пойтахти давлатҳои туркзабон мебошад, ки ғайри мантиқӣ ва қобили қабул намебошад. Бо далоили дар боло зикршуда, метавон гуфт, ки шаҳри Самарқанд дар ҳама давру замон маркази аслии илму фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон буда, туркзабонҳо дар пешрафти он саҳми муносибе нагузоштанд. Гарчанде ки хизматҳои Темурриёнро наметавон аз диди назар дур гирифт, вале сулолаҳои пешина ва баъдӣ ба ҷойи обод намудан, баръакс онро ба харобазор табдил доданд. Танҳо фаъолияти илмию адабии тоҷикон буд, ки ҷаҳониён онро мешинохтанд.

Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки шаҳри Самарқанд дар дарозои таърих роҳи тӯлониеро пушти сар намуда, дар ҳамаи ин даврон маркази илмию адабӣ ва фарҳангии тоҷикон буд. Мутаассифона, бо ноадолатиҳои таърих ва баъзе омилҳо он ба ихтиёри дигарон гузашт, вале нақши тоҷикон дар пешрафти илм, адабиёт, санъату мусиқӣ, ҳунар, тиҷорат ва умуман, тамоми соҳаҳо беназир аст. Ҳатто, олимони хориҷӣ эътироф намудаанд, ки тоҷикон бо бартарии маънавии худ ғолибонро идора менумуданд ва нисбат ба онҳо бартарӣ доштанд. Албатта, мақсади мо дар ин ҷо миллатчигӣ набуда, танҳо мехоҳем, ки таъриху фарҳанги худро аз худ намоем.

Дар замони имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ сурат гирифта истодааст, миллати моро зарур аст, ки рӯй ба таърих оварда, аз шикасту бурдҳои он дарси ибрат андузем. Омӯзиши таърих шояд моро соҳиби он мулкҳои аҷдодонамон накунад, вале метавонад моро аз он хоби ғафлат бедор намуда, ва он иштибоҳоте, ки ниёгонамон намудаанд, ба мо омӯзонад. Имрӯз моро зарур аст, ки “бар қасди онҳое, ки моро аз забони модарӣ, аз мероси адабиву фарҳангӣ, аз таърихи худ маҳрум кардан мехостанд ва ҳанӯз ҳам мехоҳанд, лозим омадааст, ки соҳиби қадршиносии ин ҳама дороиҳои маънавии худ бошем ва бо сари баланд ба сӯи ояндаи худ қадам занем” [13. 191].

Адабиёт:

Абусаъид Гардезӣ, Зайну-л-ахбор, -Д.: Бухоро, 2014

Абдуллозода Х., Абдуллозода М., Физика дар осори олимони Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик, -Хуҷанд: Нури Маърифат, 2009

Акрамов З., Ҷумъаев Р., Суғдиёни бостон ва шоҳроҳи абрешим, -Д.: Эр-граф, 2011

Аҳмад ибни Аби Яъқуб, Ал-булдон

Аҳмад Ранҷбар, Хуросони Бузург (бахше пирумони чанд шаҳр аз Хуросони бузург), -Теҳрон: Амир Кабир, 1363

Бойматов Л., Сарбадорони Самарқанд. Воқеиятҳо ва андешаҳо, 2019, 140 с.

Ғафуров Б., Тоҷикон, к. 1 -Д.: 1983

Ғафуров Б., Тоҷикон, к. 2 -Д.: 1985

Закариёи Қазвинӣ, Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод, -Хуҷанд: Хуросон, 2018

Ибни Баттута, Сафарнома, тарҷумаи доктор М. Муҳаммадалӣ, ҷ. 1, -Теҳрон: чопи панҷум, 1370 -с. 456

Иззуддин Алӣ ибни Асир, таърихи комили бузурги ислом ва Эрон, тарҷумаи Алӣ Ҳошимӣ, ҷ.1-33, -Теҳрон: Кутуби илмӣ, чопи панҷум, 1370

Муҳаммадлатиф М., Самандар М., Самарқанд ҳеч гоҳ маркази тамаддуни туркон набуд, Самак, №4 (586) 2.02.2023

Муҳаммадҷон Шакӯрӣ, Хуросон аст ин ҷо, Д.: Оли Сомон, 1997

Раҳмонов Э., Сарнавишти миллати соҳибтамаддун, -Д.: Ирфон, 2006

Саъдиев С., Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих, Тошканд: 2012

Саъдиев С., Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқандӣ асри XII, -Д: Дониш, 1974

Ҳодизода Р., Самарқанднома, Д.: Адиб, 2007

Ҳудуд-ул-олам, таҳияи Абдуҷамол Ҳасанов, -Д.: Бухоро, 2014

Ҷураев М, Аз Бухоро то Самарқанд, -Д.:Кайҳон, 2013

Муҳаммадлатиф МАҲМАДАМИНОВ,

Самандар МАҲМАДАМИНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь