Ё чӣ тавр садои Одина Ҳошим ва Нигина Рауфова Муҳаррамаи Шарифро мафтун кард

Ҳунари асил мисли гавҳари дурахшонест, ки ҷилояш наметавонад аз диди аҳли завқ ниҳон монад. Овозхони маҳбуб Муҳаррамаи Шариф дурахши ду ахтари тобони дунёи ҳунар – Одина Ҳошим ва Нигина Рауфоваро асоси ворид шуданаш ба ҷодаи санъат хонда, истеъдоди беназири онҳоро ҷавҳаре зодаи дарёи дилу табиати табии Худодод медонад.

Муҳаррамаи Шариф, ки аз оғози фаъолиятҳо ба сабки овозхонии халқӣ рӯ овардааст, мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки таронаҳои халқӣ бештару беҳтар дар дили мардум ҷой мегиранд. Дар сабки таронаҳои халқӣ сурудхонии ман бесабаб нест, чун ин сабк хеле дилнишин аст. Дар ин сабк таронаҳои фалакӣ низ ҳастанд. Аслан мо бо суруду таронаҳои фалаксарои маҳбуб устод Одина Ҳошим (руҳашон шод бод!) калон шудем. Мо бо садои Одина Ҳошим сарояндаҳои фалакиро дӯст доштем ва як қадар шогирдона ҳам бошад, ба қадри имкон аз уҳдаи сароидани фалак низ мебароям. Агарчи барои мухлисонам ягон суруде дар сабки фалак пешниҳод накардаам. Ният дорам, ки ҳамчун рамзи дӯстдории таронаҳои фалак ва эҳтироми санъати устод Одина Ҳошим як таронаи фалакӣ ҳатман ба самъи мухлисонам бирасонам».
Ба қавли ӯ, сурудҳои сарояндагони асиле амсоли Одина Ҳошим ҷаззобияти хос дошта, касро ба ваҷд меоранд. Муҳаррамаи Шариф, ки дар баробари сарояндаи ансамбли «Дарё» будан дар Консерваторияи миллӣ омӯзгори бахши фалак аст, мегӯяд, фалаксароиро дар симои ҳунарманди номвар Одина Ҳошим хеле меписандид ва шавқманд аст, ки албатта таронае дар сабки фалак омодаву пешниҳоди мухлисон созад. Муҳаррама Шарифова дар ин баробар ҳунари хоси устоди санъат Нигина Рауфоваро бо шаҳду шираи дилнишин маҳбуби ҷону равон унвон кард. Ӯ бо эҳтироми хос мегӯяд: «Ман шукронаи он мекунам, ки шогирди ҳунарманди нотакрор Нигина Рауфова ҳастам. Маҳз дӯстдории садои апаи Нигина маро ба ин ҷода овард. Ман тамоми сурудҳои апаи Нигинаро гӯш кардаву матнашонро дар дафтар рӯйбардор мекардам. Он замон нақшаи ҳама барномаҳои радио ва телевизион қаблан тарҳрезӣ мешуд ва маълум буд, ки кадом барнома соати чанд пахш мешавад. Барномаҳое буд, ки лаҳзаву соати пахшаш ман доиман назди радио ё телевизион қарор мегирифтам. Медонистам, ки ҳамин ҳоло апаи Нигина тариқи радио ё телевизион тарона мехонад, агар имрӯз нахонд, ҳатман фардо, фардо не, албатта пасфардо суруд хоҳад хонд. Ҳамеша пешам дафтар меистод ва агар аз садои радио ними сурудро навишта тавонам, ними дигарашро ҳангоми пахши суруд аз телевизион пурра мекардам. Тамоми таронаҳои Нигина Рауфоваро навишта кардаву баробари садояшон тариқи радио ё телевизион пахш гардидан бо ҳамоҳангӣ худ ба худ месароидам. Ин то замоне буд, ки ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо дохил шудам».
Муҳаррамаи Шариф мегӯяд, аз он ки падараш Шарифов Азиз ва бародаронаш Аъзаму Акбар думбра менавохтанд, бо як нигоҳ кардан навохтани думбраро ёд гирифту ин ҳунар баъдан ба ӯ кор дод.
– Ман аз шавқи зиёд бе ягон устод ва бе ягон муаллим навохтани сози акардеонро омӯхтам. Хубии он замон ҳамин буд, ки дар тамоми мактабҳои миёна созҳои мусиқӣ буданд ва дастаи ҳаваскорони санъат фаъолият дошт. Масалан, дар ноҳияи Файзобод дар чанд мактабе, ки буд, чунин кружокҳо фаъолият мекарданд. Дар ин маҳфилҳо ман ҳамеша фаъолу як нафари пешсафу пешбар будам. То оне, ки ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо омадам, қариб ҳама сурудҳои апаи Нигинаро аз бар карда будам. Вақте донишгоҳ омадам, ин ҷо аз устодам Ҳаким Маҳмуд тадрис мегирифтам. Шавқи бо устод – апаи Нигина вохӯрдан дар дили ман буд, вале мегуфтам, ки не, то ман омода нашавам, пеши апаи Нигина намеравам. Ман то курси чорум, чор сол интизор шудам, то бо апаи Нигина вохӯрам. Дар курси чорум моро ба ансамбли давлатии шашамақомхонҳои Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ фиристоданд. Ман устодро дар ҳамон вақт вохӯрдам. Ҳамон замонҳо барои пазируфта шудан ба ансамбли навтаъсиси «Дарё» озмун эълон карданд. Ман маҳз бо тавсияи апаи Нигина ба ин озмун ҳуҷҷат супурда, шомили ин ансамбли бонуфуз гардидам. Зиёд чизҳоеро, ки дар дигар ҷой натавонистам биомӯзам, ин ҷо аз устод Саидқул Билол омӯхтам. Ҳамзамон дар тӯли чанд соле, ки дар ансамбли «Дарё» овозхон будам, дар Коллеҷи ба номи Аҳмад Бобоқулов муддати шаш сол дарс мегуфтам. Як сол мудири кафедраи овозхонии анъанавӣ шуда кор кардам. Баъдан маро ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон даъват карданд. Имрӯзҳо ҳам ба ҳайси овозхон ва ҳамчун омӯзгор фаъолият дорам. Тӯли чор-панҷ сол дар студияи маркази «Хунёгар»-и ансамбли «Дарё» дарси маҳорат меомӯзонидам ва ҳоло чандин нафар ҷавонҳое, ки ин ҷо кор мекунанд, ҳама шогирдони ман ҳастанд,- мегӯяд Муҳаррамаи Шариф.
Ӯ дар бораи нақши бузурги устоди ҳунар Нигина Рауфова дар ҳаёташ ёдрас шуда, мегӯяд, ки вақте озмуни ансамбли «Дарё» эълон шуд, ҳатто худро номнавис ҳам накарда буд. Муҳаррамаи Шариф лаҳзаву соатҳои хотирмони ҳаёташро бо устоди ҳунар ёдрас шуда мегӯяд:
– Маро пурсиданд, ки «Муҳаррама, ту дар озмун номнавис шудӣ?». Гуфтам, ки «не апа». Фармуданд, ки «тез рафта худро номнавис намо!». Ҳамагӣ як-ду рӯз то ҷамъбасти озмун монда буд, ки ман рафта номнавис шудам. Фардояш он кас ҳама мусиқачиёнро ҷамъ карда, хоҳиш карданд, ки мусиқӣ навозед, ин ҳунарманди ҷавон аз пайравони мост, суруд бихонад. Ҳамроҳашон машқ кардему аз озмун сарбаландона гузаштам. Ман аз апаи Нигина бисёр чизро ёд гирифтам. Аввалан фарҳанги муносибату одамгариро. Устод то синфи чор хонда буданд, ин пӯшида нест. Вале ман ҳатто бо ифтихор мегӯям, ки дар пояи устод апаи Нигина мумкин аст нафароне, ки коллеҷҳову донишгоҳу консерваторияро хатм кадаанд, ҳунарашон мисли апаи Нигина ба арши аъло нарасида бошад. Он кас садову маҳорати хос доштанд, дар тамоми жанрҳои мусиқӣ суруд хондаанд. Бо оркестри созҳои халқӣ суруд хондаанд, бо оркестри ансамбли эстрадии «Гулшан», бо ансамбли «Шашмақом» низ. Меҳру муҳаббати ман нисбати он кас ки беандоза буд, мо ҳамдигарро хеле нағз мефаҳмидем. Апаи Нигина барои ман ҳамчун модар азиз буданду ҳастанд.
Дар асл ҳам танҳо ҳунари асил метавонад мақоми воло касб намояду ҳунарварро миёни ҷомеа маҳбуб гардонад. Нигина Рауфова шамси мунири дунёи санъат будаву ҳаст, ки шуои меҳри садояш дар ниҳодҳо ҷовидона мемонад. Ин истеъдоди нотакрорро метавон нигини таҷалибахшандаи тоҷи ҳунар ном бурд, ки ҷилояш арзу тӯл надораду ҷаҳонорост. Ба андешаи Муҳарамаи Шариф, шояд ҳастанд ҳунармандоне, ки аз аввал роҳу равиши худро доранд, лекин аксари ҳунармандон овозхониро аз тақлид оғоз мекунанд. Вақте роҳу равиши худро ёфтанд, дар дили мардум ҷой мегиранду муваффақ мешаванд. Муҳаррамаи Шариф ихлосмандона мегӯяд: «Мактаби ман мактаби апаи Нигина аст. Ман ҳунари асили ҳунармандони дар санъат устоди касби хеш бударо доиман қадр мекунам. Устодоне чун Одина Ҳошим ва Нигина Рауфова бо сабку садои хос рӯйи саҳна омада, мавқеу мақом пайдо намуданд. Мо шогирон, ҳар як ҳунарманди ҷавон бояд арзиши баланди ҳунарии онҳоро арҷ гузорему пайрави пайкорашон бошем».

МЕҲРОФАРИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь