ё чаро насли мо дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён умедро аз даст додааст?

Салом дӯстам, Шодмон! Саломатию корҳоят хуб аст?

 Ҳарчанд ман ҳоло барои матбуот наменависам, зарур шуморидам, ки дар иди касбиамон ба ту табрик фиристам. Аз фазои журналистикаи тоҷик хеле дур рафтаам. 1 солу 7 моҳ боз аз Тоҷикистон дар масофаи 4 ҳазор километр дурӣ қарор дорам.

Танҳо шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Фесбук” аст, ки қишри зиёии кишвар ба он медароянд ва барномаву навиштаҳои дӯстонро ман аз он мебинам.

Корам ҳоло ҳам якранг ҷараён дорад.

Навгонӣ ҳамин ки ду моҳ боз аз басти шабона ба рӯзона гузаштаам. Иди касбиатон 3-юми май  мисли соли гузашта бароям ба таври муқаррарӣ шуруъ шуд. Субҳ финҷони қаҳваам дар даст, ба ҳамкорамон Филипп Григоревич бо тоҷикӣ салом дода, то нуқтаи либосивазкунӣ расидам.

Шояд суол диҳӣ, ки чаро бо тоҷикӣ? Тавре худат пайгирӣ дорӣ, муносибати миллатгароёни рус нисбати тоҷикон баъди ҳамлаи террористӣ дар “Крокус”-и Маскав тайғир ёфтааст, лекин ин мӯйсафеди рус бо асли мо огоҳу миллати тамаддунофар будани моро медонад ва ҳоло ҳам бо мо дӯстона кор мекунад. Дар бораи ҳолати ҳамкорони ман пурсидан хоҳӣ, ҳама мунтазири сафари қарибулвуқӯъи сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Мутмаинанд, ки гуфтушунидҳо дар сатҳи дипломатӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Озору азияте, ки чанд соли охир шиддат гирифтааст, ба зудӣ камтар мешавад.

Шояд пурсиданӣ бошӣ, ки аз ин озору азиятҳо худат дар амон бошӣ шуд. На?! Ин озору азият ба ман таъсири мустақимашро расонд. Ман қаблан, то роҳи оҳан ва маркази шаҳр бемамониат фаромада, сабт мекардам. Шояд суол диҳӣ, ки дар журналистика мавзӯъҳои нонавишта зиёданд, чаро ту “диклома” сабт мекунӣ?  Густохӣ карда мегӯям, ки ишқи телевизион як-як маро то роҳи оҳан мебарад. Худам сабту танзим карда, дар “Фесбук” – е, ки дар Русия истифодааш манъ аст, мегузорам. Аксар вақт хурдагирӣ карда нависанд, ки “кори худатро кун”, вале шоироне ҳастанд, ки сипос мегӯянд. Ман ҳоло ба сипосшунавӣ одат кардаам. Лекин гирифтани ҳаққи қалами нахустинамон ҳамроҳи Файзуллохон Обидов, ки аз Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буд, фаромӯшношуданӣ аст. Ман аз бозори “Деҳқон” ва “Меҳргон” гузориш таҳия карда будаму ту ҳамроҳи донишҷӯйи варзишгар “сторителинг” – и хуб навишта будӣ. Ман баъдтар ба телевизион рафтаму ту ҳам ду бор ҷойи коратро иваз кардӣ.

Фазои ҷашнӣ дар кишвар чӣ гуна аст? Тавре огоҳам, имсол ду чорабинии хурд доир гаштааст. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Пайванд  Гулмуродзодаро ба Субҳони Аъзамзод додаву сармуҳаррири Оҷонсии иттилоотии Ёр.тҷ ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиеваро гирифтааст.

Хунукӣ имсол дар мо ба дарозо кашид. Агар баҳори соли гузашта аз нимаи дуюми моҳи апрел шурӯъ шуда бошад, дар рӯзи матбуоти имсол дар Тюмен  барфи сафед борид. Ман ҳам ба ёди телевизиони дӯстдоштаам “Шаҳнавоз” афтида, вориди “Ютуб” шудам. Медонӣ, кадом суруд дар “топ” буд? Қаблан мегӯям, ки баланд наханд: “Лук-луки лойай”-и Фарзонаи Хуршеди номошно, ки соли 2003 хонда буд. Ҳоло ин сароянда сурудҳои мондагори зиёд дорад. Одили Нозир, муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки асосан масоили фарҳангиро бозтоб мекунад, бо ҳамин суруд озодии баёнро табрик кард. Ман ҳам хандидам. Аммо хандаам талх буд. Вақте мо мисли Давлатманд Холови равоншод ва Ҷӯрабек Муродов сароянда дорем, меарзад, ки сурудҳои сабук шунавем? Бозори рақобати сарояндаҳо имрӯз носолим шудааст. Шояд ту гӯӣ, ки интернет сарояндагонро танбал кардааст. Ман ба фикри ту зид мебароям. Баъзе сарояндагон сурудҳои пастмазмунро интихоб мекунанд. Сипас, онро оҳанг баста ба мардум таҳмил медиҳанд. Мардум маҷбур гӯш мекунанд.

Ман дар фарҷоми Рӯзи ҷаҳонии озодии баён бо тавсияи дӯстам Аҳмад, ки ба сарояндагӣ шавқ дорад, барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоро дидам. Дарди муҳоҷирро муҳоҷир эҳсос мекардааст. Шояд ту ҳам дида бошӣ, ки сарояндаи пуровоза Сироҷиддини Фозил чӣ гуна бо ҳарорат аз рӯзҳои дар муҳоҷират гузаронидааш нақл мекард. Нақли даруни ҷангал рафтану захмӣ шудани ангушташро шунида, баъзе лаҳзаҳои берун аз кори корхона ба хотирам омад. Ту фақат мегӯӣ, ки “Маҳкам, шеър қироат накун”. Дӯстам, ман аз фазое, ки ту ва ҳамкорони дигарат кор мекунед, хеле дурам. Баъзан ҳамкасбонат ин иҷозаро намедиҳанд, ки дар бораи мавзӯъҳои ба муҳоҷирон рабтдошта ҳам нависем. Он ки як-як, ду-се шеър мехонам, ҳамон ишқ аст. Ишқи телевизиону бӯйи газета ва ёди микрофони студиёи сабти овоз маро то ба роҳи поезд ва хунукиҳои даруни ҷангалҳои рус мебарад. Медонӣ, Шодмон, муаллифи шеърҳои аксар шеърҳое, ки ман хондаам, ҳамкасбони журналистат мебошанд ва эҳсос кардаам, ки шеъри онҳо ҳоло рӯҳи публисистӣ гирифтааст ва қироаташ барои хатмкардаи факултети журналистика бадие надорад.

Як рӯз пеш аз Рӯзи ҷаҳонии озодии сухан бо ҳамкасбонат аз Тоҷикистон тамос доштем. Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии ширкати зери дасти Марк Сукерберг қатъ шуд. Ҳамкасбонат суроғаи таксиронҳои тоҷикро пурсида буданд. Тавассути паёмрасонҳои дигар онҳоро бо таксиронҳои Тюмен пайваст кардам.

Шодмон, ман ҳам дар кӯдакӣ орзу доштам, барфи баландро бубинам. Барф то ҳадде баланд бошад, ки ба зонуҳоям расад. Ин орзуи ширини кӯдакӣ буд. Ҳоло дар муҳоҷират моҳи май шудаасту дар рӯзи озодии баён ҳам барфи тӯлонӣ муддате рӯйи заминро сафед кард. Як рӯз дар рӯйи роҳи қатора, дар сардии -31 дараҷа  сабти шеър доштам. Шамолу хунукӣ ба сабт халал мерасонд. Сабт ба итмом нарасида, садои қатора баланд шуд. Аз роҳ мебароям гуфта, ба роҳи канори қатора гузаштанӣ шудам. Орзуи кӯдакиам иттифоқ афтод. Барф то зонуҳоям буд, аммо мӯзаи кӯтоҳ барфҳои истодаро то поёни пой фуровард. Боз дар посухи номаат нанависӣ, ки дигар “диклома” накун. Ҳадафи он танҳо фароғат бахшидану ишқи телевизион асту халос.

Маротибаи дигар вақте дар назди наҳрчаи “Яблоко” наворбардорӣ мекардам, шамоли наҳр қариб телефону микрофонро бидуни соҳибаш ба об мебурд. Аммо дар дохили ин бешазорҳои танҳо сабт кардан лаззати аҷиб дорад. Худам танҳо, бенаворбардору коргардон. Шояд гӯӣ, ки дӯстонатро ҳамроҳат барои наворбардорӣ бубар. Дӯстам, дар муҳоҷират онҳо мушкилии зиёд доранд ва фурсатҳои истироҳат пайдо намекунанд.

Як хабари хуш ба ту дорам. Агар онлайн-нашрияи “Ҳалво.тҷ” – ро хонда бошӣ,  5 моҳ ба ин сӯ бо имзои ман он ҷо баъзе мавод интишор мешавад. Оҳиста-оҳиста бояд ба жанрҳои нави журналистӣ фазои васоити иттилооти оммаро мутобиқ созед. Журналистика ҳоло аз матбуоту телевизион ва радио берунтар рафта дар интернет майлонҳои нави он ба вуҷуд омадаанд. Баҳси аз байнравии жанрҳои анъанавиву журналистикаи урфиро як сӯ мемонем. Ҳамкасбонат бидонанд, ки жанрҳои урфӣ аз байн намераванд, танҳо шакли иттилоърасонӣ тағйир, ки ёфтааст, фазои интернет майлонҳои навро талаб ва тақозо мекунад. Ҳоло як-як монанд ба очерк чизе менависам. Аз Тоҷикистон дар масофаи дур қарор дорам, ҳамкасбонат ҳатто иҷозаи истифодаи гунаи тоҷикии касбҳои пештар бавуҷудомадаро намедиҳанд.

Шодмон, ту ҳам розӣ шав, ки самти тарҷума дар синамо дар мо ҳоло хуб рушд накардааст. Вақте ин самт тараққӣ кунад, шояд Кумитаи забон ва истилоҳот гунаи тоҷикии “дублёр”-ро тарҷума карда, ба мардум пешниҳод намояд.

Дӯстам, Шодмон! Дар рӯзи матбуот яке аз дӯстони замони донишҷӯиямонро бо рӯзи ҷаҳонии озодии баён табрик кардам. Медонӣ чӣ гуфт?

Кадом ид? Шояд саволашро бо он асоснок мекард, ки имсол мисли солҳои пеш барои баргузории ин ҷашн тадорукоти калон ташкил накарданд?! Посухатро дар номаи дигар интизорам.

Ин ҷо кор мушкил нест. Сахтиҳои муҳоҷиратро бо ҳар навъе пушти сар кардан имкон дорад. Танҳо як-як фазои журналистикаро ёд мекунӣ. Маслиҳати устодон, нишастанҳои дӯстона ва иттилоърасонии дақиқу ҳазорҳо хубии дигари касбро.

Медонӣ, Шодмон, ҳатто дигар дар гурӯҳи фейсбукии кафедрае, ки мехондам, нестам. Маъмурини нави ин гурӯҳ кайҳо аз гурӯҳ берунам кардаанд. Барои табрики устодонам дар рӯзи матбуот ба ин гурӯҳ аз сари нав дархости дохилшавӣ кардам.

Ҳоло рӯйи жанри нав – нақди расонаӣ кор карда истодаем. Ин майлонро ба фазои журналистика мутобиқ кардан зарур аст. Ҳарчанд нақди расонаӣ бо дақиқкорӣ, нигориш аз рӯйи шарти бетарафӣ, баҳсбарангезӣ ва масъулиятшиносиаш тафовутпазир аст,  хурдагирии ҳамкасбонат наметавонад монеи рушди ин майлон дар фазои журналистикаи Тоҷикистон шавад. Ҳоло талош доранд танҳо муҳтавои баландсифат ба фазои иттилоотии Тоҷикистон роҳ ёбад.

Дар амони Худо бошӣ, Шодмон!

Ҳоло басти кории мо шурӯъ мешавад. Посухатро интизор мемонам. Барои нӯшидани обҳои чашмаи Фатмеву зардолузорҳои Понғоз баҳонаҳои зиёд дорем. Ба ҳамкасбон аз Тоҷикистон саломи маро расон. Барояшон бигӯй, ки ба қалам содиқ бимонанд! Ишқи қаламу пардаи телевизион ва мавҷҳои баланди радиои хиёбонҳои Душанбеи гулбадомон фақат иззат ва шараф медиҳад. Обрӯй ва нон ҳам медиҳад, агар касбиятро риоя кунанд. Нагузоранд, ки фазои интернетжурналистика дар ихтиёри блогерони ғайрикасбӣ бошад! Омаданам ба Ватану фазои журналистикаи Тоҷикистони азиз дур нест.

Ба корҳои эҷодиат барор мехоҳам, дӯстам Шодмон Кенҷаев!

Дӯсти ту Маҳкамзода Маҳкам

ш. Тюмен.

махсус барои ҳафтавори “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь