«Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» фаъолияти худро ба роҳ монда, дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Иҷрои буҷет
Буҷети маҳаллии ноҳияи Панҷ барои соли 2024 дар қисми даромад ба маблағи 103 622 164 сомонӣ, аз ҷумла бо назардошти маблағҳои андозҳо 46 273 800 сомонӣ, маблағҳои мақсаднок 57 348 364 сомонӣ ва қисми хароҷот ба маблағи 104 817 079 сомонӣ бо касри буҷет ба маблағи 1 194 915 сомонӣ тасдиқ карда шудааст.
Бо мақсади инъикоси вазъи молиявӣ ва буҷети ноҳияи Панҷ барои чор моҳи соли равон хабарнигори МТЖТ бо сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Сафарзода Абдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Сардори Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Панҷ Сафарзода А. дар оғози суҳбат гуфт, қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо тағийроту иловаҳо аз ҳисоби андозҳои маҳалии ноҳия дар чор моҳи соли 2024 ба маблағи 14 907 742 сомонӣ пешбинӣ шудаааст.
– Иҷроиши нақшаи даромади буҷети ноҳияи Панҷ дар ин давра 14 908 861 сомониро ташкил дод, ки беш аз 100 фоизи нақша буда, нисбати маблағи пешбинишуда 1119 сомонӣ зиёд мебошад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 бошад, ба маблағи 1 978 148 сомонӣ зиёд мебошад. Дар чор моҳи соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ мувофиқи нақшаи пешбинишуда 17 906 000 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба пуррагӣ пардохт гардидааст. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки вилоятӣ ба маблағи 400 000 сомонӣ ҳамчун мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба нақша гирифта шуда, иҷро гардидааст. Нақшаи андози иҷтимоӣ дар чормоҳаи соли 2024 дар умум мувофиқи накшаи пешбинишуда 9 663 812 сомонӣ буда, он дар ҳаҷми 9 982 608 сомонӣ, ё ин ки 103 фоиз иҷро гардидааст, ки нисбати нақша ба маблағи 318 796 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 6 108 453 сомонӣ буда, он ба маблағи 6 497 491 сомонӣ, ё ин ки 106 фоиз ва нисбати нақша ба маблағи 389 038 сомонӣ зиёд мебошад,-гуфт сардори Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Панҷ Абдулло Сафарзода.
Бақияпулии андозҳо
Тибқи иттилоъ, маблағи бақияпулии андозҳо аз хочагиҳо ва корхонаву ташкилотҳои ноҳия дар назди буҷет ба ҳолати 1 апрели соли 2024-ум 6 016 275 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1 январи соли 2023-юм 984 323 сомонӣ зиёд аст.
– Бақияпулии андозҳо асосан аз ҳисоби аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ ва инчунин, напардохтани андозҳои ҷорӣ ва бақияпулиҳо аз тарафи хоҷагии давлатии тухмипарварӣ ба маблағи 1 774 968 сомонӣ, ё ин ки 30 фоизи ҳамаи бақияпулии андозҳои ноҳияро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб Корхонаи давлатии фаръии “ХМК”-и ноҳияи Панҷ ба маблағи 308 748 сомонӣ, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба маблағи 2 715 684 сомонӣ ё ин, ки 45 фоизи ҳаҷми бақияпулиҳои андозҳои ноҳияро ташкил медиҳад. ҶДММ ҳоҷӣ-Амрулло ба маблағи 35 701 сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии “Хӯҷаи Хулос” ба маблағи 73 664 сомонӣ, ҶДММ “Сангрезаи Панҷ” 110 231 сомонӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ноҳия бақияпулии андоз доранд,-иброз дошт Сафарзода А.
Хароҷоти буҷет
Мавсуф қайд намуд, ки хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар чор моҳи соли 2024 ба маблағи 34 726 854 сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиши он дар ин давра 33 005 672 сомонӣ ё ин, ки 95 фоизи нақшаро ташкил додааст.
– Аз маблағҳои умумии хароҷотшуда, ки 33 005 672 сомониро ташкил медиҳад, 31 095 480 сомонӣ, ё ин ки 94 фоизаш ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия рост меояд. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 22 087 312 сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 8 175 245 сомонӣ, ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 317 002 сомонӣ ва ба соҳаи фарҳанг 515921 сомонӣ хароҷот рост меояд. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет дар чормоҳи соли 2024 музди меҳнат 24 956 340 сомонӣ пешбинӣ шуда, 24 583 594 сомонӣ ё 99 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 6 224 553 сомонӣ пешбинӣ шуда, 6 134 064 сомонӣ ё ба андозаи 99 фоизи нақша иҷро гардидааст. Аз маблағҳои умумии хароҷотшуда, ки 33 005 672 сомониро ташкил медиҳад, ба маблағи 31 181 373 сомонӣ, 94 фоизаш барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои хароҷотии ба он баробар кардашуда равона карда шудааст. Инчунин, барои нигоҳубини роҳҳои автомобилгард 22 500 сомонӣ, барои сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 185314 сомонӣ ва барои пардохти талофи замин 270 000 сомонӣ хароҷот карда шудааст. Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Панҷ дар оянда барои таъмини иҷроиши буҷети давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ, инчунин, васеъ намудани манбаъҳои андозбандӣ ва пурра таъмин намудани воридоти даромадҳо ба буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз чораҷӯь менамояд,-иброз намуд дар фарҷоми суҳбат сардори Раёсати Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Сафарзода Абдулло.
Шарҳи ҳол
Сафарзода Абдулло Оймаҳмад, 25-уми декабри соли 1980 дар ноҳияи Кӯшониён таваллуд шудааст. Соли 1998-2003 донишҷӯи факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар. 2004-2006 муҳосиби заводи пахтатозакунии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён, 2006-2007 мутахассиси шуъбаи банақшагирии буҷети давлатии департаменти молияи вилояти Хатлон, 2008-2010 мутахассиси шуъбаи банақшагирии буҷети давлатии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, 2010-2012 сармутахассисиси шуъбаи банақшагирии буҷети давлатии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, 2012-2013 сармутахассиси Раёсати банақшагирии буҷети давлатии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, 2013-2019 сардори Раёсати Вазорати молияи ҶТ дар ноҳияи ба номи Носири Хусрав, аз соли 2019 ба ин тараф сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ. Бо сипосномаву ифтихорномаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонт сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.
МТЖТ