Тибқи сарчашмаҳо то имрӯз маълум карда шудааст, ки Аҳмад Зоҳир аз шеърҳои эҷоднамудаи худ 8 шеърро бо оҳанги худ ва дигар оҳангҳо сароидааст. Аз ҷумла шеърҳои “Аз ёдат, аз ёдат ман бирафтам” ва “Чашм ба роҳат, дил ба ёдат”-ро зери оҳангҳои ҳиндии муаллифонашон айни замон номаълум сароидааст. Ба 6 шеъри дигари худ овозхон худаш оҳангҳои зебое баставу сароидааст. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин 8 шеъри эҷодкардаву сурудаи Алмоси Шарқ барои дӯстдорони овозу ҳунари овозхон шиносанд ва ин шеъру оҳангҳои офаридаи ҳунарманд маҳбубтарин офаридаҳои Аҳмад Зоҳир низ ҳастанд. Омӯзиш ва таҳлили шеърҳои навишта ва сурудаи ҳунарманд нишон медиҳанд, ки онҳо аслан ифодагари ҳолу зиндагии ноҷӯри Аҳмад Зоҳир буда, ба зиндагии хонаводагии Аҳмад Зоҳир алоқаи ногусастанӣ доранд.

Масалан, шеъри эҷоднамудаву оҳангбаставу сароидаи овозхон бо номи «Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст», ки ба ҳар яки мо аз замони кӯдакӣ шинос аст, бо як оҳанги бисёр ҷаззобе аз тарафи овозхон офаридаву хонда мешавад, вобаста ба зиндагии номуваффақи Аҳмад Зоҳир бо издивоҷи аввалинаш бо Ноҷия, ки аз ӯ соҳиби як писар бо номи Аҳмад Ришод гаштаву бо сабабҳои ба овозхон тааллуқнадошта Ноҷия аз ӯ ҷудо гашта ва дере нагузашта ба ИМА ҳиҷрат кард (ин ҳиҷрат вопасин ҷудоӣ то охири умр будааст), эҷод ва бо оҳанги зебо ва маҳзуне сароида шудааст. Чун Аҳмад Зоҳир завҷаи аввалаашро бо писарчаи дӯстрӯяш хело дӯст медошт ва ҳеҷ гумон надошт, ки шӯҳрати беназири овозхонии ӯ боиси рашки ҳамсар ва ҳар гуна овозаҳо нисбати овозхон дар ҷомеа мешавад. Ин пошхӯрии оилаи ҷавон ба ӯ сахт гарон афтода боиси афсурдахотирӣ ва боиси руҷӯъ ба навиштани шеърҳо ва офаридани оҳанг барои шеърҳои иншонамудааш, сурудани онҳо дар замони фаъолияти пуршӯри овозхон гардида буд.

Шеърҳои дигари эҷоднамудаи овозхон аз қабили «Чашм ба роҳат, дил ба ёдат» , «Аз ёдат, аз ёдат ман бирафтам», «Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам» низ сари ҳамин мавзӯъ – ишқи нокому ҷудоӣ аз ишқи аввалини овозхон бо Ноҷия ва зиндаятим шудани писарчааш Ришод сарчашма мегиранд. Қайд бояд намуд, ки ин зиндаҷудоӣ аз писарчаи дӯстдошта ва аввалин ва ҳамсари аввалинаш таъсири бисёр жарфи равонӣ ба ҳунарманд гузошта, дар ҳаёти минбаъдааш нақши мондагоре аз худ ба ҷой гузоштааст. Аҳмад Зоҳир дар ҳамон шеъри дар боло ишораёфтаю оҳангбаставу эҷоднамудаи худ чи хуш гуфта:

 Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои боронанд,

 Қатраҳои борон аст пеши ёрам.

 Дастам ба домонат, рӯзи қиёмат,

 Ин бувад саволам, бидеҳ ҷавобам.

 Шикоятҳо дорам, пеши кӣ гӯям?

 Афсӯс, надорам марҳами розам.

Ин ҷо ба хуби эҳсосоти шоиру овозхон нисбати ҷудоӣ аз зану фарзанд ва шикоят аз бону Ноҷия ба назар мерасад ва ин маънӣ мисли рӯз равшан аст ва ҳоҷати шарҳи зиёде низ нест. Ба замми ин аз душманӣ ва рашку адовати ҳукуматдорони вақт нисбати истеъдод ва обрӯи то гардунҳо рафтаи овозхон ва маҳбубияти беандозааш дар байни оммаи халқ як эҳсоси нотавонбинӣ, рашку ҳасаду бухлро дар доираи ҳукуматдорони вақт (меандешам, ки пеш аз ҳама аз ҳисоби намояндагони қабилаҳои гуногуни пашту) пеш оварда буд. Ин омилҳо боиси паҳн намудани ҳар гуна овозаҳои дурӯғ нисбати овозхон ва озори рӯҳии пайвастаи Алмоси Шарқ мегаштанд. Дар ҳамин давраҳо буд, ки ҳунармандро гоҳо ба мақомати қудратӣ, сарандой (пулис) даъват менамуданд. Ахиран, ӯро дар куштори Холида ном бонуе, ки маҷбуран ӯро ба никоҳи овозхон дароварда буданд ва баъдан аз тарафи душманони ҷонии Аҳмад Зоҳир мисли Ҳафизулло Амини гӯрсӯхта, собиқ раиси Ҷумҳурии Афғонистон, домодаш Асадулло Амин бо дасти ҷудочии авбошу шӯрапуште бо номи Ориф кушта шудаву гуноҳи набударо чун қотил ба гардани Аҳмад Зоҳир бор намуданд. Беш аз ҳафт моҳ ҳунармандро бо гуноҳи набуда дар маҳбаси Пули Хумрӣ нигоҳ медоштанд, ки ҳамаи ин каҷравиҳои рӯзгор ва ҳукумат боиси ранҷу азобу марги бемаҳали модараш нисбати азобҳои писари хушному бегуноҳ ва маҳбасияш гашта буд. Ин овозхонро ба кӯйи ноумедӣ бурд ва аз ин зарбаҳои тақдир Аҳмад Зоҳир тамоми умеду такягоҳи худро танҳо дар Худованд медид. Беҳуда нест, ки тахминан дар дусад шеъри хондааш ҳатман номи Худованд ба забон оварда мешавад ва муноҷоти Аҳмад Зоҳири бегуноҳ ва дардкашида танҳо ва танҳо сӯи Офаридгор, Худои яккаву ягона нигаронида шуда буд. Камтар овозхоне дар асри ХХ аз доираи овозхонони мардуми порстабор ёфт мешавад, ки ин қадар зиёд ба Худованди яккаву ягона муроҷиат карда бошад ва дар инҷо камина пурра ба андеша ва фикру ақидаҳои устоди зиндаёд Султони Ҳамад сари ин масъала тавъамам.

Беҳтарин навиштаҳои шоир Аҳмад Зоҳир замони вафоти модари азизи хеш, ки дар маҳбас қарор дошту дар хоначаи тангу бадбӯй ва сиёҳу заҳкашидаи ҳабсхона ҳайрону нолон дар фироқи модар дард мекашид, эҷод карда шудаанд. Модаре, ки барои писари бегуноҳаш ҳафт моҳи тамом сӯхт ва ӯро надидаву нолону ашк дар чашм ҷаҳонро пурармон падруд гуфт. Писари маъруфу машҳур ва эркаи модар натавонист, ки дар ҷанозаи модари азиз иштирок намояд. Ба худ тасаввур менамоям, ки вақте ки масъулини зиндони Пули Чархӣ Аҳмад Зоҳирро оиди вафоти модар огоҳ намуданд, чӣ гуна писари дилсӯхтаву ҳафт моҳи тамом дур аз модар наметавонист, ки аз паноҳи панҷараи зиндони тангу бадбӯй, ки бо гуноҳи набуда аз тарафи душманонаш ба зиндон кашида шуда буд, барояду пояи тобути модарро гирад! Ин фоҷиа бузургтарин фоҷиаи инсонист! Ин фоҷиа даҳшатноктар аз фоҷиаи Сиёвуши зебост, ки ҷаҳони Ориёнро то ҳанӯз барои марги фоҷиавии ин ҷавон наҳвасароӣ дорад.

Меандешам, ки вазъи фоҷиабори Аҳмад Зоҳирро инҷо метавон танҳо бо фоҷиаи куштори Сӯҳроб аз дасти падар ва ранҷу азоби ҳазрати Яъқуб дар фироқи писараш Юсуф рақам зад, на чизи дигар!

Дар ҳамин давра буд, ки шурӯъ аз даруни маҳбасхона ҳунарманди дилсӯҳта шеъри маъруфи «Бинозам қалби покат, модари ман»-ро эҷод намуд ва баъди аз маҳбас баромадан ба он оҳанги дилфигоре офариду бо як ҳиссиёту ҳаяҷони баланд, бо дарду андӯҳи ниҳоят гарон, бо як сӯзи ҷонгудозе, ки фарзанд наздиктарин инсони худ – модари ҷаннатияшро аз даст медиҳад, сароид.

Чунончи

Бинозам қалби покат, модари ман,

 Бигардам гирди даврат, модари ман.

Баъди чанде Аҳмад Зоҳир шеъри дигари худро бо номи «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ»-ро эҷод намудаву бо оҳанги зебои худ сароид.

Ай Худо, ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ!

 Модари ман ахтари ман, гавҳари ман, боз ба ман деҳ!

 Модари нозпарвари ман боз ба ман деҳ!

Бояд гуфт, ки ин шеърҳои оҳангбаставу хондаи овозхон, ки бо як самимият ва дарди носуре хонда мешаванд, яке аз бузургтарин амали таронасароӣ дар васфи модар на танҳо дар тамаддуни порсизабонон дар асри ХХ, балки беҳтарин овозхонӣ дар ҳаққи модари азиз дар байни башарият эътироф гаштаанд. Бо шунидани ин шеъру оҳангу овози Аҳмад Зоҳир ҷаҳони тоҷиктаборон назди номи баланду волою муқаддаси модар сар ба зону афтидаву аз модари худ ёд мекунанд. Инҳо на шеър, балки каломи Худованди ишқанд, ки аз коинот фиристода шудаанд, на чизи дигар! Аз ин рӯ мо мардуми тоҷик сипоси бепоёни худро ба он модари бузурги тоҷик, ки чунин фарзандро зодаву ба воя расонидааст, мерасонем. Ҷои ин модари азиз биҳишти барин буда бошад!

Дар бисёре аз сарчашмаҳо ба ин дахл кардаву навишта шудааст, ки дар Маскав ва ё дигар шаҳрҳои Аврупо баъди шунидани ин шеърҳои ба модараш бахшидаву сароидаи Аҳмад Зоҳир намояндагони дигар миллатҳо, ки порсӣ намедонанд, бо овози ӯ гӯш додаву изҳор медоштанд, ки ин ҳунарманд дарду андӯҳи зиёде дар дил нуҳуфта доштааст. Яъне дараҷаи оҳанг, овози ҳунарманд ва маънии шеър бо ҳам мувофиқ омадаву Аҳмад Зоҳир аз қалби хунбори худ бо он маҳорате худро сӯхтаву гудохта мехонад, ки агарчи як нафар рус, қазоқ, озарӣ, олмониву инглис… фаҳмиши лаҳни дариро надорад, лекин маҳорату истеъдоди худовандии Аҳмад Зоҳир онҳоро зуд ба фаҳми оҳангу суруди хондаи овозхони дардкашидаву мусибатзада мебарад. Беҳуда нагуфтаанд, ки суруду оҳанг ва овози хуш сарҳади миллату кишварҳоро намешиносад ва марзу сарҳади он танҳо қалби аҳли башар аст, зеро башарият ҳамагӣ офаридаи Худованди якто аст ва макони Худованд низ қалби инсоният аст, на ҷои дигар!

Шеъри воло бо оҳанги рӯҳнавоз ва овози хуш, якояк марвориди худовандӣ, овози худованд аст. Инҷо бошад, хонандаи азиз, ягон муҳоботу тасвири шоиронае низ ҷой надорад. Ҳамон овози хуши ҳазрати Билол буд, ки аввалин мусулмононро ҳангоми азон аз дуриҳои дур ба сӯи намоз ва Худои яккаву ягона зуд ҷалб мекард ва муваффақ низ мешуд ва овози худовандӣ дар он рӯзгор (намедонам чаро имрӯз ба ном уламои исломӣ, ки аз илму дониш ва хосатан таърихи инсоният фарсахҳо дуранд, нисбати савтиёти хуш, шеъри воло ва овози хуш, ки ҳамагӣ доди худованданд, ин қадар душманӣ доранд, меандешам, ки душмании онҳо аз ҳисоби камсаводӣ ва то андозае ҳасудию бахилию нотавонбинист, ки ин авомил роҳро ба сӯи ифрот суфта мекунанд, на чизи дигар), нақши муҳиме низ дар паҳншавии дини мубини Ислом бо савтиёти мусиқавӣ ва хушоҳангии худ дошт.

Аҳмад Зоҳир ҳамчунин шеъри маъруфи худ «Ай суруди вопасинам»-ро эҷод кардаву ба он оҳанг баста сароидааст.

 Ай суруди вопасинам, ҷуз ту паноҳе надорам,

 Ай орзӯи охиринам, ҷуз ту оғӯше надорам.

Ин шеъри шоир Аҳмад Зоҳир низ доири ҳасби аҳволи зиндагӣ ва андешаи рӯҳии Аҳмад Зоҳир пас аз пайдо гаштани ноҷуриҳои зиёде дар ҳаёти оилавӣ ва душманони зиёди ошкору пинҳонаш пайдо шудаанд ва дар ҳақиқат дар ҳамин маънӣ ягона роздору роздони Аҳмад Зоҳири риёзаткашида ин пеш аз ҳама Худованди якто ва баъдан шеъру оҳангу суруд буда, овозхонӣ муттакои дили ғамгину захмини ҳунарманд он замон будааст. Дар ин хусус дар бисёре аз сарчашмаҳо оварда шудааст.

Варқаи ЗАЙНИДДИН

Давом дорад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь