Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардидан дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, давлат эълон кард, ки фаъолияташ ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло дарҷ гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.

Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис доданд ва ин намояндагиҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ умдатарин манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад. Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад. Ҳавзаи дувум Осиёи Марказист, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардумони ин минтақа аст. Ҳавзаи сеюм аз фазои зисти давлатҳои ҳамсояи форсизабон иборат буда, ҳавза бо вуҷуди он, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасидааст, аммо онро ҳамбастагии таърихӣ, динию фарҳангӣ ва дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад. Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро нафақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои динӣ, балки имконият ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад. Ниҳоят, ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ роҳ мепаймояд”.

Мардуми ҷаҳон тоҷиконро ҳамчун аҳли илму фарҳанг медонанд. Тоҷикон дар таърихи чандинҳазорсолаашон дар шукуфоии тамаддунҳои минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда гузошта, бузургони бешумореро дар арсаи илму фарҳанг ва адабиёт ба башарият ҳадя кардаанд.

Аз сафҳаи таърих маълум аст, ки тоҷикон дар тамоми давраҳои таърих дар арсаи илму фарҳанг ва адаб бартарӣ доштаанд. Масалан, дар соҳаи риёзиёт Муҳаммад бинни Мӯсои Хоразмӣ яке аз нобиғаҳои ҷаҳон аст ва дар ҷаҳон падари риёзиёт донисат мешавад. Ӯро ҳамчун як тоҷики хоразмӣ дар дунё мешиносанд. Мавқеи баланди ӯро дар риёзиёт бисёре аз мутафаккирони Ғарбу Шарқ эътироф кардаанд. Ҷорҷ Сартен донишманди аврупоӣ асри IX-ро “Даврони Хоразмӣ” меномад. Китоби «Алҷабр ва-л-муқобала»-и Хоразмӣ то асри XVI яке аз китобҳои дарсии донишгоҳҳои Аврупо буд. Хоразмӣ кашфкунандаи алгоритм аст ва гуфта мешавад, ки пажуҳиши кайҳонии имрӯза бидуни кашфиёти ӯ ба осонӣ пешрафт намекард. Донишмандони Агентии кайҳонии Амрико (НАСА) ба ифтихори Хоразмӣ як бахше аз моҳро ба номи ӯ гузоштаанд.

Имрӯз олмиони баъзе қитъаҳои олам иддао доранд, ки таърихро ба таври илмӣ онҳо навиштаанд, яъне таърихро маҳдуд ба ривоятҳо, қиссаҳо ва нақли ҳаводис накарда, балки рӯйдодҳоро ба равиши илмӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор додаанд, то ҳақиқатҳои ниҳонро ошкор кунанд. Аммо воқеият ин аст, ки Абулфазли Байҳақӣ, муаллифи «Таърихи Байҳақӣ»-и пеш аз олимони дигар қитаъаҳои олам таърихро бо равиши илмӣ навиштааст.

Дар соҳаи меъморӣ Камолиддини Беҳзод яке аз ашхоси маъруфи арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ӯ дар хонаводаи тоҷик таваллуд шуда, нобиғаи санъати меъморӣ ва хаттотӣ гардид, ки дар замони Темуриёни Ҳирот ба сар бурдааст ва соҳиби сабк ва мактабе бо номи «Мактаби Беҳзод», ки машҳури ҷаҳон аст, мебошад.

Аксари биноҳоеро, ки дар ин давра дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Ҳироту Балху Нишопур сохта шудаанд, шоҳкориҳои санъати меъморӣ медонанд, ки дар бунёди онҳо Камолиддин нақши арзанда дорад.

Тоҷикон аз замонҳои қадим дар соҳаи тиб дониш ва усулҳои махсуси табобат доштанд. Аммо бузургтарин шахсе, ки дар тиб шуҳрати ҷаҳонӣ дошту то ҳол дар донишгоҳҳои  ҷаҳон равиши ӯ эътибор дорад, Ибни Сино аст. Усули ӯ «рӯҳ – ҷисмонӣ, дармонӣ» аст, ки ҳам дар илми равоншиносӣ барои фаҳмидани ҳолати рӯҳии бемор истифода мешавад ва ҳам дар усули анатомияи инсон ё бадан, ки бар мушоҳида ва таҷриба асос ёфтааст. Ибни Сино бо истифода аз ин усул беморонеро табобат мекард, ки тамоми табибони замонаш натавонистаанд табобат кунанд. Бо ин далел, дониш ва маҳорати Ибни Сино дар муолиҷаи беморон дар ҳама ҷо маъруф гаштааст ва табобати писари Қобус Вашамғир ҳокими Мозандарон аз ҷумлаи онҳост.

Баъзе муҳақиқон мутафаккири асри XIX Имануэл Кантро асосгузори ҷомеашиносӣ медонанд. Бархеи дигар ин лақабро ба Абдураҳмон ибни Халдуни Андалусӣ, ки дар асри XIV зиндагӣ кардааст, нисбат медиҳанд. Аммо имрӯз теъдоди зиёди мутафаккирон, аз ҷумла мутафаккирони ғарбӣ Абурайҳони Беруниро, ки тоҷик аст, ба унвони асосгузори вақеии ҷомеашиносӣ медонанд ва бар ин назаранд, ки ӯ нахустин мутафаккирест, ки бо навиштани китоби “Таҳқиқ мо-лил-ҳинд” баҳсҳои ҷомеашиносиро ба вуҷуд овардааст.

Яке аз соҳаҳои фикру андеша, ки мардуми тоҷик дар он ҷойгоҳи хос ва эътирофшуда доранд, фалсафа мебошад. Бунёдгузорони фалсафа дар Шарқ Абунасри Форобӣ ва Шайхурраис ибни Сино, ҳастанд, ки ба гуфтаи аврупоиҳо, дар қатори Суқроту Афлотун, Арастуву Кант ва Ҳегел қарор доранд ва тоҷик мебошанд.

Тоҷикон беш аз ҳар бахше дар арсаи назму адаб дурахшиданд ва мероси гаронбаҳоеро ба башарият пешкаш карданд.  Аксари бузургони тоҷик, ки имрӯз ҳамчун шоир шинохта шудаанд, танҳо шоир набуданд, балки мутафаккирони бузурге буданд, ки бо навиштани шеър андешаҳои худро баён доштанд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ падари шеъри форсии дарӣ, устоди шоирони ҷаҳон ва касест, ки адабиёти муосири форсиро бо адабиёти паҳлавӣ ҷойгузин кардааст. Муҳимтарин китобҳои ӯ маснавии «Калила ва Дамна» ва «Синдбоднома» мебошанд.

Ҷалолуддинии Балхӣ муаллифи китобҳое чун «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Шамс» аз пурмазмунтарин китобҳои ашъорӣ маҳсуб мешаванд, ки дар он ҳақиқати зиндагӣ ва шеваҳои неки зиндагӣ дар шакли қисса ва панду андарз ҳикоят карда шудааст. Бузургии Балхӣ ба ҳадде аст, ки муҳаққиқи барҷастаи аврупоӣ Николсон бештари вақти худро ба омӯзиши ӯ сарф кардааст ва ё шоири маъруфи олмонӣ Гёте рисолаи доктории худро дар бораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ навиштааст. Ду китоби Мавлавӣ ба забонҳои гуногуни дунё, аз ҷумла ба забони русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд. Тарҷумаи «Маснавии маънавӣ» яке аз пурфурӯштарин китобҳои ашъорӣ дар Амрикост, зеро дар тӯли чанд сол пас аз нашри он ҳазорҳо нусха ба фурӯш рафтааст.

Носири Хусрави Балхӣ, ҳаким, шоир ва файласуфи бузург, муаллифи “Сафарнома” аст, ки онро метавон ҳамчун асари ҷомеашиносӣ ва ҷуғрофиёӣ ном бурд.

Саноии Ғазнавӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Робияи Балхӣ, Ҳанзала Бодғисӣ, Фаррухи Систонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Амир Хусрави Балхӣ, Манучеҳри Домғонӣ, Рашидуддини Ватвот, Балғамии Бухороӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Муҳаммад Ҷайҳонии Бухороӣ, Шаҳид Балхӣ, Абулшакури Балхӣ, Унсурии Балхӣ, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Аҳмади Дониш, Шамсуддини Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсонзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва  даҳҳо нафарони дигар аз ҷумлаи соҳибқаламону соҳибандешагони назми форс-тоҷик дониста мешаванд

Дар бахши адабиёт ба ҷуз аз назм, аз ҷумла дар роману достоннависӣ аз Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигаронро метавон ном бурд.

Таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон дар ду-се қарни охир ба ин мардум таъсири ногувор расонида, онҳоро дар чанд кишвар тақсим кард ва ҳар як қисмат зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор гирифт. Аммо мардуми тоҷик ба далели сарвати фарҳангӣ ва таърихии худ ҳуввияти худро нигоҳ дошта, худро яке аз сарбаландтарин мардуми ҷаҳон медонанд ва миллатҳои дигар то ҳол миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибдонишу соҳибтамаддун мешиносанд.

Дар давраи истиқлол олимони  Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни илм комёбиҳои муҳим ба даст овардаанд.

Асри бист асри илм буд. Нимаи аввали он давраи инкишофи физика, сипас даҳсолаҳои баъд давраи пешрафти кимиё, биология ва гузаштаи на он қадар дур давраи рушди информатика буданд, ҳоло бошад инқилоби илмиву техникӣ илмҳои ҷамъиятшиносиро ба майдон даъват менамояд.

Соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дорои аҳамияти калон аст, чунки тағйироти амиқро дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мамлакат ба вуҷуд овард. Ин тағйирот ба фаъолияти илм низ бетаъсир намонд. Имрӯз муҳим аст, ки мо мероси бузурги гузаштагону устодони барҷастаи худро аз даст надиҳем. Ғамхорӣ ба пешрафти илму фарҳанг ин дар айни замон ғамхорӣ ба таҳкими ваҳдату пойдории Тоҷикистони

Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки тавассути хидматҳои фарзандони содиқи халқ, алалхусус Садриддин Айнӣ, обрӯю эътибори байналхалқии мардуми мо, ҷумҳурии мо, Ватани мо афзудааст ва минбаъд низ хоҳад афзуд. Мо бояд пеши ҷаҳониён нишон диҳем, ки давомдиҳандагони содиқи кори пуршарафи устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Султон Умаров, Абдулғанӣ Мирзоев, Сотим Улуғзода, Аловаддин Баҳоваддинов ва дигар бузургони ҳастем. Ин ҷо овардани чанд назари дигарон дар шинохти тоҷиконро меорем, ки аз манфиат холӣ нест:

“Тоҷикон мардуми коршинос, меҳмондӯст ва ҳунарманданд. Бештар ба кишоварзӣ, косибӣ ва тиҷорат машғуланд ва ба ҳаёти кӯчиёна таваҷҷуҳе надоранд. Аксарияти онҳо босавод буда, сокинони мутаммадини Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд”.

Е.Мейендорф, дипломат, соли 1826

“Чеҳраи тоҷикон зебо буда, онҳо қадбаланд, сафедпӯст, мӯю чашмонашон сиёҳ аст ва либоси шинам доранд. Умуман зиндагонии тоҷикон боназокат аст”.                                

Н.Ханков, шарқшинос, соли 1843

“Манзили зисти тоҷик шаҳр аст ва ӯ фақат дар шаҳр хешро дар муҳити муътадили зист эҳсос мекунад. Тоҷикон ҳунармандони асиланд ва дар бисёр соҳаҳои ҳунар қариб рақибе надоранд.Тоҷикон мадуми боистеъдоданд”. Гребенкин, афсари рус, соли 1872.

“Дар миёни миллатҳои Осиёи Миёна тоҷикон аз ҳама босаводу бофарҳанг буда, кули дастоварди соҳаи кишоварзии минтақа натиҷаи заҳмати онҳост.Бунёдкори ҳамаи иншоотҳои обёрӣ, ки ба водиҳо ҳаёт мебахшанд, тоҷиконанд”.

И.Гейер, муаррих, соли 1901

“Тоҷик миллати соҳибистеъдоду коршинос буда, қодир аст шаклҳои мураккаби зиндагӣ ва фарҳанги олиро ташкил диҳад. Ба ӯ танҳо қобилияти қотеъона ва устуворона ҳифз кардани манфиатҳояш намерасад”.

А.Снесарев, афсари рус, соли 1904

“Тоҷикон мардуми бовиҷдон, ростқавл ва меҳнатдӯстанд. Бо майлу рағбати баланд ба савдо, санъат, илм, ҳунар машғул мешаванд ва истеъдоди олии кишоварзиву боғдорӣ доранд. Ва бо ин сифатҳои худ аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд”.

А.Шишов, табиб, соли 1910

“Тоҷикон кишоварзони мумтоз, ҳунармандони гулдаст ва мардуми зиёии кишварҳои Осиёи Миёна ва берун аз он мебошанд. Аҷдоди онҳо суғдиён, бохтариён, хоразмиён дар ташаккули инкишофи тамаддуни минтақа ҳиссаи бузурге гузоштанд. Онҳо бунёдгарони корезу ҷӯйборҳои ҳаётбахш, шахрҳову ёдгориҳои беназир ҳастанд”.

В.Масалский, профессор, соли 1913

Ф. Ниёзӣ,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь