Бахшида ба зодрӯзи  асосгузори санъати хореографии муосир – устоди  нотакрори рақс Ғаффор Валаматзода

Таърихи инсоният истеъдодҳои фавқулодаеро ба арса меорад, ки бо истеъдоди худододу ҳунари асили худ на танҳо самту равияҳои санъати ҳунари ин ё он халқ ё кишварро ривоҷу равнақ медиҳанд, балки як табаддулот, як гардиши куллиро дар таърихи он ба вуҷуд оварда, ному фаъолиятиашон худ таҷассумгари як марҳилаи бузурги таърихӣ сабт мегарданд.

Ғаффор Рустамович Валаматзода маҳз ҳамин гуна шахсият ва эҷодкори барҷаста буд, ки дар инкишоф ва рушди санъати муосири миллии халқи тоҷик  саҳми беназир гузоштааст. Насли имрӯзаи тоҷикон номи ӯро бо ифтихор дар радифи Рӯдакию Фирдавсӣ, Беҳзоду Аҳмади Дониш, Айнию Турсунзода ба забон меоваранд, ки тимсоли равшани хизмат ва садоқат ба халқу Ватан ва ҳунар буданд.

Бобати комёбиҳои ибратомӯзи устод Ғ.Валаматзода дар ҷодаи режиссура, хореография ва ҳунари рақси миллӣ садҳо мақолаҳои илмиву адабӣ ба забони тоҷикӣ, инчунин бо забонҳои дигари дунё иншо шудаанд. Самараи заҳматҳои устод бо унвонҳои олӣ, ҷоизаҳои давлатию байналмиллалӣ, ордену медалҳо, ифтихорномаҳо ва мукофотҳои дигар қадр гардидаанд.

Аммо унвони олии устод Ғаффор Валаматзода ин пеш аз ҳама он аст, ки вай худ як рамзи санъати касбии миллати тоҷик гардида буд ва барҳақ ӯро асосгузори санъати рақси миллии муосири тоҷик мешуморанд.

Ғаффор Рустамович Валаматзода 9-уми май дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар 31-солагӣ дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ балети “Лайли ва Маҷнун”- ро аз рӯи достони безаволи Низомии Ганҷавӣ таҳия карда буд. Асари мазкур дар санъати балети ҷахонӣ чун комёбии барҷаста эътироф гашта Ғаффор Валаматзода ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ муарриф гардид, ки дар он синну сол дарёфти чунин мукофоти олӣ хеле ва хеле кам ба вуқӯъ мепайвандад.

Ғаффор Валаматзода на фақат маҳорати баланди ҳунарӣ дошт, балки ҳамчун ташкилотчии тавоно низ эътироф шудааст.

Соли 1965 бо ташаббуси Ғаффор Валаматзода Ансамбли давлатии рақсии “Лола” таъсис ёфт. Роҳбари бадеии ансамбл Ғаффор Валаматзода репертуари ансамблро бо рақсҳои ҷахон ғанӣ гардонд.

Ба арсаи санъати  касбӣ падид омадани ансамбли рақсии “Лола” як  такони бузурге барои инкишофи санъати рақси миллӣ гардид. Шогирдон ва дастпарварони устод Ғаффор Валаматзода Малика Қаландарова, Шарофат Рашидова, Ҳалима Эркаева, Гавҳар Мирҷумъаева,  Хосият Боева ва даҳҳо дигарон буданд, ки мактаби маҳорати касбии устодро гузашта, бо ҳунару истеъдоди хеш шуҳрати рақси миллии тоҷикиро ба ақсои олам бурдаанд. Сафарҳои ҳунарии ансамбли “Лола” ба ҳамаи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон, Фаронса, Белгия, Юнон, Италия, Олмон, Шветсия ва ғайраҳо бо муваффақияти калон гузашт (дар ҷамъ 80 давлатҳои дунё) ва соли 1974 ба Ғаффор Валаматзода ва як зумра ҳунармандони ансамбл Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакиро сазовор донистанд.

Устод Ғаффор Валаматзода ҳамчун симои барҷаста бо қавииродагӣ, беғаразӣ, ростқавлӣ ва хираду ақли расояш фарқ мекард.

Тадқиқотҳо дар ҷодаи санъат нишон доданд, ки кам нафарон дар санъати умумибашарӣ ёфт мешаванд, ки ҳам ҳунарпешаи санъати рақс, ҳам балетмастер, ҳам коргардон, сенарист, хореограф, таъсисдиҳандаи ансамбли калонтарини ҷумҳурӣ, роҳбари театр, роҳбари бадеӣ буда, дар ҳамаи ин ҷабҳаҳо хело муваффақ бошад.

Аз ёддоштҳои Назарзода  Гулмаҳмад Бобоназар, устоди рақси шуъбаи хореографии мактаби санъати бачагонаи ш.Ҳисор, роҳбар, саркоргардони театри халқӣ  

“Ман он давраро, ки иштирокчии  ансамбли “Лола” будам, хуб дар ёд дорам. Дар яке аз сафарҳои ҳунарӣ дар шаҳри Москва дар толори Кремл баромад доштем. Дар вақти тамринҳои мо аз тамоми 15 ҷумҳурии собиқ шӯравӣ омада, моро тамошо мекарданд. Дар он давра мо бо ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон Малика Қаландарова, Ҷӯрабек Муродов, Шоиста Муллоҷонова дар саҳна баромад мекардем. Хусусан, рақсҳои мардона таҳти басаҳнагузории устод Ғаффор Валаматзода ҳамаро мафтун мекард. Ана ҳамин буд, ки ман ҳамчун идеали худ устодро интихоб кардам ва аз ӯ бисёр хуб ҳунари рақсро омӯхтам. Он кас маро дар ансамбли “Лола” ба кор даъват карданд, аммо аз сабаби надоштани манзили доимӣ дар пойтахт, ман бо роҳхати худ ба зодгоҳам шаҳри Ҳисор ба Қасри фарҳанг ба ҳайси устоди рақс омада, то ҳол дар ин ҷо фаъолият дорам. Дар мактаби санъати бачагонаи ба номи Саид Ҳамроеви шаҳри Ҳисор, ҳамон усулҳои кории устод Ғаффор Валаматзодаро истифода бурда, ба насли наврас нозукиҳои санъати волои рақсро меомӯзам. Муносибати устод бо ҳунармандон хеле хуб буд, ки ба ман ин як дарси ҳаёт шуда буд. Дар ҷодаи рақс низ аз ҳамон ҳаракатҳое, ки устод ёд дода буданд, истифода мекунем. Рақсҳои зебои нотакроре, ки он кас ба саҳна мондаанд, на танҳо дар ансамл, балки дар балетҳо, филмҳо, операраҳо низ арзи вуҷуд доранд. Маҳз ҳамин ҳунари волои Ғ.Валаматзода маро ба ин арсаи ҳунар овард. Дар чандин ҷабҳаҳои санъат муваффақ будани устод маро водор сохт, ки ман низ тамоми имкониятҳои зеҳнӣ ва равонии   худро дар кор истифода бурда истодаам. Ман ҳам ровӣ, ҳам саркоргардон, сарбалетмастер, актёр, устоди рақс, хореограф мебошам. Маҳз санъати устод, муносибати ӯ ба санъат маро водор кард, ки ман фикрҳо, идеяҳои эҷодии худро тавонистам дар тамоми собиқаи кориам ҳаматарафа пешниҳод карда, истифода барам ва хело муваффақ низ шудам. Меҳри санъат аз ҳамон давра дар дилам ҷо гирифт ва боиси ифтихор аст, ки ман бо чунин устодони бузург кор кардаам, омӯхтам, соҳиби касби дӯстдошта низ шудам.”

Эҷодиёт ва шахсияти Ғаффор Валаматзода гуногунранг ва серпаҳлӯ буда, то ҳанӯз ба пуррагӣ омӯхта нашудааст ва таҳқиқоти густурдаеро тақозо мекунад.

Саида Рустамова, мусиқишинос,

мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ ПИТФИ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь