Дирӯз, 9-уми феврал, дили овозхони маъруфи шашмақомсарои тоҷик Мирсалим Ашӯров бар асари беморӣ дар 59-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз тапидан бозмонд.

Мирсалим Ашӯров 25‐уми декабри соли 1965 дар деҳаи Зимтӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1983 мактаби таҳсилоти умумии рақами 35‐и деҳаро хатм намуда худи ҳамон сол ба Донишкадаи санъати ба номи устод Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе ба шуъбаи мусиқӣ ва суруд дохил шуд. Аз сабақи устодону омӯзгорони ин боргоҳи ҳунар баҳраманд гардида, нозукиҳои касби сарояндагиро ҳамаҷониба омӯхт.

Моҳи майи соли 1984 дар шаҳри Красноярск ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ ҳамчун аскари қаторӣ то соли 1986 хизмат нумуд.

Аз моҳи майи соли 1990 то моҳи майи соли 1991 дар мактаби миёнаи рақами 21‐и ба номи Саъдии Шерозии деҳаи Зимтӯд, ҳамчун омӯзгори фанни суруд ва мусуқӣ фаъолияти худро оғоз кардааст.

Соли 1992 фаъолияти эчодиашро дар ансамбли “Наврӯз”‐и назди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳамчун овозхон давом дод. Аз соли 1996 дар театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси овозхон фаъолияти кориро идома дод. Аввалин шаби эчодии худро соли 1998 дар ин боргоҳ барпо кард. Соли 2001 низ боз як консерти ҳисоботии худро дар театри мазкур баргузор кард. Дар тӯли ҳафт соли фаъолият дар ҳама чорабиниҳои ҳуқумативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кард. Аз соли 2002 то ин ҷониб дар ансамбли давлатии шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд” бо роҳбарии ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ба ҳайси овозхони касбӣ фаъолияти эъҷодиашро идома додааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми сарояндаи хушсадо Мирсалим Ашӯров андуҳгин буда, ба наздикону пайвандон, дӯстону мухлисони ӯ таслият арз мекунад.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь