Ҳошим – нависандаи сол…

Ҳошим Гадо дар тӯли чанд соли ахир, бавижа соли 2014 ончунон сермаҳсул шуд, ки ягон адиби Тоҷик, сар аз шоиру нависандаи халқӣ то одӣ наметавонад бо ӯ дар ин саҳна баҳс кунад. Зеро танҳо саршумори асарҳои Гадоев аз тиражи бархе кутуби баъзе адиб зиёданд.

Тасаввур кун, хонанда, ки Ҳошим ҳамин ҳафтаи гузашта, нимаи дуввуми моҳи декабр, аллакай китоби XXXVI(СИВУ ШАШ)-умини худро нашр кард!

Ва аксарияти ин кутуб бо русӣ навишта шудаанд.

Ва аксарият сифати хеле баланд доранд.

Ва ягон китоби Ҳошимро ягон фонд чоп накардааст.

Таври маълум, имрӯз аксарияти «шоҳасар»-ҳои мо аз ҳисоби фонди Президент нашр мешаванд, вале бо ин ҳама зумрае сифати асарҳои Ҳошимро надоранд.

Ҳошим Гадо худ дар бораи ин 36 китоб мегӯяд, ки «Агар маро ҳамчун адиб эътироф намекунанд, худашон ҳамин теъдод китоб навишта метавонанд? Бигзор мӯҳтавои китоби ман посухгӯи талаботи ишон набошад, аммо ин миқдор китобро ҳам навиштан ҳунар аст!»…

Сайёфи Мизроб, СССР

Вақте наздиктар бо ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ, Лауреати мукофоти Давлатии СССР, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Арбоби санъати Тоҷикистон, профессор Ҳошим  Гадоев шинос шудам, қоил шудан он тараф истад, аз корҳои муъҷизаофарии вай дар ҳайрат мондам.

Кадом одам метавонад дар як муддати кӯтоҳ қариб дусад ҷилд асар оиди корҳои кардааш ба табъ расонад?

Худи ҷон канда пешниҳоди мардум кардани ин асарҳо нишони қаҳрамонист.

Вақте чанде аз ин асарҳои пандомӯзро хондам, бевосита гиря гулӯгирам кард. Барои он ки устод Гадоев дар офариниши нақшҳо хоҳ дар кино, хоҳ дар театр ба мамониатҳон «нотавонбинон» дучор омада, аз байни онҳо чун аз байни торҳои «анкабут» бо душвориҳо ба онҳо сар хам накарда гузаштааст.

Гӯё шодравон шоири халқии Точикистон Устод Қутбӣ Киром дар ҳаққи ин ситораи баландпарвози осмони ҳунар Ҳошим Гадоев гуфта бошад:

Бар душманони хеш гардан надодаам,

 Аз зери  теғ бо сари боло гузаштаам.

Бо эҳтиром, Усмон Охунов,

Мушовири давлатии адлия дараҷаи 3 – генерал майори адлия

***

«Гадоев дар нақши Хлестаков? Бисёриҳо аз ин баҳамоӣ ҳайратзада буданд. «Ҳамлет»-и солҳои донишҷӯӣ, баъдтар Фердинанд аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Дон Жуан аз «Фоҷиаҳои хурд»-и Пушкин, Сӯҳроб аз «Рустам ва Сӯҳроб» – ҳама нақшҳои пурмоҷаро, ҳатто фоҷиавӣ ҳастанд. Инак, Хлестакови гаранг, аҳмақ, ҳақиру ночиз. Аммо баъди чанд дақиқаи дар саҳна пайдо шудани Гадоев пай мебарӣ, ки дар рӯ ба рӯят Хлестакови тамоман дигар, ғайриодӣ ва ҳатто аҷоиб истодааст.

А.Г.Гордон, «Классика дар нақши асосӣ», «Адиб», 1989.

«Ҳунари нақшофарии актёри соҳибҳунар Ҳошим Гадоевро дила кас гумон мебарад, ки шояд 2500 сол қабл драматурги оламгири юнонӣ Софокл шоҳасари «Шоҳ Эдип»-ро барои ӯ офарида бошад, инчунин Шекспири бемарг дар асри XVI ба дунё омадани чунин актёри олиҷанобро ғайбдонӣ карда, «Ҳамлет»-ро эҷод карда бошад.

Тақозои зиндагист, ки мо осори арзандаи Ҳошим Гадоро ба пардаи садову видеотасвир сабт намуда, дар хазина дорем, то наслҳои ояндаи мо тавонанд аз ин осор ва аз таҷрибаи бойи актёрии ӯ пурсамар истифода баранд».

Юсуф Нуралиев,

Доктори илми тиб, узви вобастаи

академияи байналхалқии инженерӣ.

***

Ҳошим Гадо дар 1000 сол як бор таваллуд мешавад. Дигар такрор намешавад. Мумкин дар оянда таваллуд шавад, лекин на мисли  Ҳошим Гадо!!!

  Доктор Қосимзода Ашӯр Абдулло, Июли соли 2018

«Намоишномаи «Макр ва муҳаббат»-ро тамошо кардам. Бозии нақши Фердинанд, ки аз ҷониби Ҳошим Гадоев сурат гирифт, маро мутаассир сохт, ба ҳаяҷон ва ҳайрат овард. Ман чунин дараҷаи баланди маҳоратро, ростӣ, аз ҳунарманди тоҷик интизор набудам ва ин нақшро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Агар дар Лаҳистон аз ман пурсанд, ки аз Тоҷикистон чӣ хотира овардӣ, ман ҳатман аз нақши Фердинанди Ҳошим Гадоев нақл хоҳам кард».

Александр Пахо,  профессор, Лаҳистон.

«Ман дар иҷрои дигарон «Эдип»-ро ба забонҳои фаронсавӣ ва инглисӣ дар кишварҳои Фаронса ва Бритониёи Кабир дидаам. Вале иҷрои ҳунармандони тоҷик, бавижа ҳунарманди мумтоз ва бисёр арҷманд Ҳошим Гадо ягона буду мемонад. Бигзор, агар ҳунарманд бошад, мисли Ҳошим Гадо бошад».

Неъмати Озарм, шоири эронии муқими Порис.

«Пайванд», № 12, 1992.

«Сӯҳроби азизи ман, Ҳошим! Ман шуморо 30 бор, 300 бор тамошо кардам ва аз тамошо сер намешавам. Шумо, эй ситорагони тобони ҷаҳон – Жан Маре, Белмондо, Ален Делон дар пеши Суҳроби Ҳошим Гадо нури худро бохтед ва ҳеҷ шудед!

Ирина Элияшева, Чехословакия

«Девонахона»-и Ҳошим Гадоро ба пуррагӣ хондам. Сабаби таваҷҷуҳам ин буд, ки дар ин асаре, ки қаҳрамононаш гоҳе русӣ ва гоҳе тоҷикӣ ҳарф мезананд, дар андешаҳои қаҳрамонон, дар андешаҳои табиби беморхона андешаҳои худро, орзуҳои худро дидам, хостаҳои худро дидам…

Аввалин асаре аст, ки то ба охир хондам ва бисёре аз ҳикмати зиндагиро аз назари як девона, як бемор, як шахси хаёлӣ ёфтам… Хондани ин асарро ба ҳар шахси бедордил тавсия медиҳам.

Хуршед Атовулло, нависанда ва рӯзноманигор

Нобиға – нобиға аст

Китобҳои устод Ҳошим Гадоро хондам. Бошавқ хондам. Аҷибаш ин ки аз мутолиаи баъзе китобҳо сар мекунӣ, 1,2,3,5… 10… саҳифаашро мехониву “баъд идома медиҳам” гуфта, бо ҳамин дигар идома намедиҳӣ.

Нигоштаҳои устод Ҳошим Гадоро бошад, баръакс. Чун саҳифаи аввалашро кушодӣ, ҳатман то ба охир мерасонӣ. Ана ҳамин хел як кашише, як афсуне дорад китобҳои устоди мо.

Ман фақат чанд андешаи худро қайд мекунаму халос.

Агар хоҳӣ, ки дар маҷмӯъ дар бораи китобҳои устод фикр карда тақриз ё ягон мақолае нависӣ, ба ҷилдҳои иншокардаи устод боз як ҷилди дигар илова мешавад, зеро воқеан китобҳояш ҷолиб ва хонданианд…

Дар ҳақиқат, иншои зиёда аз 100 ҷилд китоб аз нақшофариҳояш дида қаҳрамонии зиёдтарест.

Устод Ҳошим Гадоев бо иҷрои нақшҳои бузургаш дар саҳнаи театри тоҷик ва синамои дунё, бо иншои китобҳояш бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бояд расман профессор ва академики академияи илмҳои фалсафа, филология, санъатшиноси пазируфта шавад.

Ҳатман ва фавран! Ҳанӯз ки дер нашудааст, зеро чунин нобиға мисли устод Ҳошим Гадо (хусусан ва маҳз монанди ӯ) бо истеъдоди худододию фитрӣ дар асри мо ва асрҳои наздиктарин намерӯяд.

Мо, миллати тоҷик ва умуман инсоният ҳанӯз ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам синамо ташнаи дидор ва ҳунари ӯ ҳастем. Аммо ӯ тарки саҳна карда. Чаро, барои чӣ? Дар китобҳояш ӯро ҷӯед, хонед, меёбед.

Тавре ки худ кӯтоҳакак гуфтааст: «Ман дар вақташ рафтам».

Воқеан, ӯ чун шахсият ва ҳунарманди саҳна хизматашро содиқона, ҳалол ва аз будаш зиёд иҷро кардааст. Барои як ҳунарманди одии театр дар як театри музофотӣ (дар муқоиса бо Русияю Аврупо ва ҳоказо) чунин нақшҳои нотакрору хотирмон офаридан кори хеле гарон аст.

Ҳошим Гадо бо ҳунар ва истеъдоди фитриаш як зумра мардумро ба театр ҷалб кард. Банда садҳо тамошогареро медонад, ки умуман дар ҳаёташон театрро надидаанд, гарчанде баъзеҳояшон зиёиянд, чун муаллим, духтур, муҳандис, хизматчии давлатӣ ва ғайра. Онҳо мегӯянд, ки «мо аввалин маротиба ба театр маҳз барои дидани Ҳошим Гадо рафтем, чунки воқеан ҳам он солҳо шӯру валвалаи хеле зиёде атрофи таҳия ва иҷрои «Шоҳ Эдип» дар театри ба номи Лоҳутӣ буд. Ва мо ошиқи театр ва ошиқи ҳунари устод Ҳошим Гадо гаштем. Аз охири солҳои 80-и асри гузашта сар карда мо ба театр мерафтагӣ шудем, аммо дигар Ҳошим Гадо нест.»

Театр ҳаст, аммо Ҳошим Гадо нест. Мегӯянд, ки театр хеҷ гоҳ намемирад, дуруст аст. Театр бе Ҳошим Гадо ба ҳолати мадҳушӣ (“кома”) афтодааст. Дар ҳоле ки Ҳошим Гадо худ зинда аст. “Дунё ба умед” гуфтаанд. Иншоллоҳ, театре, ки бе Ҳошим Гадо тасаввураш мекунем, ба по хеста истодааст. Аммо такрор ҳам шавад, мегӯям, ки бе Ҳошим Гадо.

Таҳияҳо месозанд, тамошогар аҳён ё фаровон меоянду мераванд, аммо ҳамон фасонаҳо ва шоҳкориҳои ба Ҳошим Гадо монандро намебинанд. Ё ин ки тамошогар ва мухлисони ашаддӣ ва ё маҷнунмонанди Ҳошим Гадоро дигар дар театрҳо намебинӣ ё намеёбӣ.

Эҳ, устод Ҳошим, ту ҳам худ ва ҳам моро хор кардӣ… Ба қавли тоҷикони Дарвози Бадахшон «Худо дову бо надо». Дурусттараш, моро ба театр одат кунондию худат гурехтӣ, аниқтараш, бештар ба навиштани китобҳо пардохтӣ. Шуғли хеле хубу баҷо.

Аммо, афсӯс, сад афсӯс, ки устоди муътабари мо сари пирӣ нависанда шуда, вале хонандагони китоб ба нестӣ рафта…

Дар ҳоли ҳозир аз хурд то бузург, аз мансабдор то донишҷӯю мактабхон дигар китоб намехонад. Ин аниқ ва дақиқ аст.

Аммо боке не, устоди азиз, ба кавли худатон «кам бошаду хуб бошад!». Қадри зар заргар бидонад… Касе, ки таваҷҷуҳ дорад, маърифат дорад, мехонад. Шуморо ва китобҳои Шуморо бошад, албатта, мехонанд, дар ин аср агар нахонанд, дар асрҳои оянда, албатта, мехонанд. Чунки Шумо нобиғаед. Нобиғаҳо ҳеҷ гоҳ намемиранд.

Ба Шумо тансиҳатӣ хоҳонам, устоди бузургвор!

Толибҷон Бобоев, соли 2016

АЗ РЕДАКСИЯ: Рӯзи даҳуми май Абармарди санъати тоҷик, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо ба синни мубораки ҳаштоду ҳафт мерасад! Бо вуҷуди он ки умри дароз дидааст, вале он қадар корҳои анҷомнадода, андешаҳои нонавишта, нақшҳои нобозида дорад, ки худаш донаду Худо!

Ба ин хотир, ба Устоди саҳнаи ҳунар умри дарозу саломатии бардавом мехоҳем ва умедвори хондани асарҳои тоза, нақшҳои тозааш ҳастем!

Бо ихлос: Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, нашрияҳои “Фараж” ва Самак”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь