Ҳамеша фикр мекардам, дар бораи Модар навиштан хеле осон аст. Афсӯс чунин набуда…
Пас аз вафот бори аввал Ӯро хоб дидам. Ҳамон гуна зебо, чеҳраи хандон ва болои курсии ранги сабз нишаста буд. Аз Ӯ мепурсам: ин ҷо чӣ кор мекунед, Модар?
Ҷавоб дод, ки ӯро бо фармоне аз боло дар ин курсӣ шинондаанд.
Ҳар қадар кӯшиш мекунам, бо Ӯ наздик шаваму дубора ба хона бубарамаш, аммо наздик шуда наметавонистам…
Субҳ хестаму сари хоби дидаам ба фикр рафтам. Ҳикмат меҷустам. Ҳоло ҳам намедонам, ки таъбири ин хоб чист…
Модари ман ҳамеша розҳои худро дошт, ки онҳоро ба зудӣ нафаҳмидаем. Одат кардаам ба розкориҳои Ӯ. Танҳо чизе, ки одат карда наметавонам, набудани Ӯст. Ман одат кардан мехостам, ки Ӯ ҳамеша бо мост ва ҳамеша даст ба дуо…
Яке аз нақшаҳоям ҳам ин буд, ки бахшида ба ҷашни 70 – солагиаш дар васфаш китобе менависам. Бисёр мехостам дар рӯзи ин ҷашн он китобро ба даст бигираду бихонад. Мутмаин будам, ки агар ин китоб навишта мешуду ин иттифоқ пеш меомад, ҳатман он рӯз ва шояд чанд рӯзи дигаре ҳеҷ кори дигаре анҷом намедод, то китоби духтарашро бихонад…
Мутолиаи китобро дӯст медошт. Агар дӯстони мо бо Ӯ ҳамсӯҳбат мешуданд, ҳатман мепурсид, ки Модарат кадом донишгоҳро хатм кардааст. Бо ҳамон хоксории худ мегуфт:
– Мутаассифона, донишгоҳе нахондаам. Ҳамагӣ маълумоти миёнаи техникӣ дорам. Аз ин ҷост, ки мехоҳам ҳама фарзандону набераҳоям соҳиби маълумот бошанд…
Ҳарчанд посухи Нанҷонам воқеият аст, аммо мо фарзандон ҳамеша чунин мепиндорем, ки Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи асоситарини дунёст. Донишгоҳи таҷриба ва самимият…
Ӯ акнун ин ҳамаро бо худ бурд. 26 ноябри соли 2021 буд. То 70 – солагиаш, ки ниятҳои зиёде доштем, нарасид, 67 сола рафт. Бемориашро табобатнашаванда гуфтанд. Ҳамагӣ 11 рӯз дар бистари беморӣ буд. Гӯё азоби зиёде надид…
Худоро шукр мегӯям, ки моҳе пеш ба хабаргириаш рафтам. Мисли ҳамеша хеле хурсанд шуд. Шаш рӯз бо ҳам будем. Аз куҷо медонистам, ки охирин дидорамон аст.
Моро гусел кард, мисли ҳамеша аз тиреза дурудароз аз пушти мо нигоҳ кард. Дар гӯшҳоям ҳоло ҳам ҳарфи охиринаш садо медиҳад: “Ҷамилаҷон, зиёд ёдат мекунам”.
Дар тайёра будам, ки занг зад ва хоҳиш кард, ки чун ба хона расидам, ҳатман занг занам, то осуда бошад…
Акнун ба хоби абад рафт. Фикр накунам, ки дар он дунё ҳам фикри ману дигар фарзандон ӯро осуда гузоранд…
Модарам аслан хонашин буд, ба ҳайси ҳисобдор хеле кам кор кард. Чун падарам корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд, зуд- зуд ҷойи кораш иваз мешуд. Иваз кардани хона барои мо як амри табиӣ буд. Мешавад гуфт, асли тарбияи мо ба дӯши Модар афтод, чун Падар ҳамеша паи хидмат буд. Ҳеҷ аз хотирам намераавд, ки бо вуҷуди хурд буданам, тамоми рақамҳои қисми навбатдории КДАМ- ро аз маркази шаҳр то ноҳияҳо аз ёд медонистам ва агар 9 ё 10 рӯз Қиблагоҳ ба хона намеомад, Модарам ба ман мегуфт: канӣ, ба падарат занг зан, куҷост?
Мепурсидам, чаро шумо занг намезанед?
Посух медод: падарат қаҳр мекунад, ки ба корам халал мерасонӣ, аммо агар ту занг занӣ, мушкиле пеш намеояд. Ҳис мекардам, Модарам ҳам метарсид, рашк ҳам дошт ва хавотир мешуд, ки мабодо ҳодисае рух надода бошад.
Модарам бисёр заҳматкашу ростқавлу камгап буд. Ҷиҳати кӯмак ба падарам аз лиҳози молӣ як муддат ба тиҷорати хурд ҳам машғул шуд.
Ҳикмати ин кораш ин буд, ки мардум дар бораи оилаи мо фикри баде накунад. Нагӯянд, ки аз ҳисоби касе зиндагӣ мекунанд, ё Мирбозхонов як одами ришвагир аст. Шукри Худо касе чунин даъвои беасос дар бораи оилаи мо карда наметавонад.
Модарам ҳамеша мегуфт, ки падаратон ба шумо мисли дигар соҳибмансабон ҳеҷ гоҳ хона тӯҳфа карда наметавонад, мо 1 хона дорем ва онро ҳам бароямон аз Кумитаи амният ҳамчун хизматчии давлатӣ дода буданд, ки 40 соли умрашро ба мақомот содиқона бахшида буд. Дигар ҳар куҷое кор накард, фақат дар хонаи муваққатӣ зиндагӣ мекардем.
Модарам босабр буд. Ғайбатро дӯст намедошт. Чун ман зиёд кунҷкоб будаму аз волидонам зиёд суол мекардам дар ҳар боб, механдиду мегуфтанд, духтарам ё прокурор мешавад, ё журналист.
Дастони моҳир дошт дар пухтупаз. Исрофро дӯст намедошт.
Ҳоло ҳам чун навор аз пеши назарам мегузарад: ман то дер дарс тайёр мекардам, чун хурд будаму аз оромии шаб метарсидам, бо вуҷуди кори зиёд Модарам хаста нашуда, бо ман мешиштанд. Замони дарс тайёр кардани ман он кас китоб ё рӯзнома мехонданд. Ба таҳсили фарзандон хоса духтарон зиёд таваҷҷӯҳ доштанд. Мегуфтанд: мабодо ҷойе дохил нашавед, падаратон маро мекушад. Ба умеди ягон “через” нашавед. Ва факултаҳои шартномавӣ ҳам, чунки падаратон як кас коргар ва ноновар дар хона аст барои як оилаи бузург. Имкониятҳои молиамон маҳдуд аст. Падаратон ба ман гуфта буд агар “духтарҳоят соли аввал ба Донишгоҳ пазируфта нашаванд, ба шавҳар медиҳам”. Шояд моро “метарсонд”, то масъулиятноку ҳалолкор бошем. Ин ҳам як ҳикмати дигарест аз волидони сарбаландам.
Замони донишҷӯӣ барои худ кор пайдо кардам: ба ҳамсабақон дар таҳияи конспекту дарсҳои семинарӣ кӯмак менамудам ва аз ин ҳисоб як миқдор маблағ пайдо мешуд. Маблағҳоро як сол ҷамъ кардам, то ба ҷашни зодрӯзи Модар барояш ангуштарии тилло бихарам. Ӯ қотеона рад карду гуфт:
– Духтарҷон, донишгоҳро бо сари баланд хатм кун, ин тӯҳфаи беҳтарин бароям хоҳад буд!
Шукр, донишгоҳро сарбаландона хатм кардам. Аммо орзуи харидани ангуштарӣ ҳамоно бо ман буд. Аз ҳисоби маоши аввалинам ин орзуямро амалӣ намудам. Танҳо орзуи амалиношудаи дигар дорам. Бояд барои Модарам ба ҷашни 70 – солагиаш китоб нависам. Аммо пас аз сукути семоҳа имрӯз чанд ҳарфе навиштан бароям мушкил пеш меорад, ҳарчанд фикр мекардам дар бораи Ӯ навиштан бароям хеле осон аст…
Худоё, қувватам деҳ ва макони Модари Бузургворамро Биҳишт гардон, омин!