Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил карда мешавад, аз 21 апрел то 30 майи соли 2025 таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ баргузор мегардад. Дар ин бора қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба тасвиб расидааст.
Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз ин иқдом амалӣ намудани сиёсати давлатии таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ҷалби аҳли ҷомеаи вилоят ба масъалаҳои марбут ба ноболиғон буда, он ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бахшида мешавад. Дар доираи “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” гузаронидани аксияҳои “Биё, бо ҳам китоб мехонем”, “Ба китобхона меравем”, “Боғча пури бозича”, мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд миёни духтарону писарон, волейбол, шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз, ташкили озмунҳои зеҳнӣ, маҳфилҳои адабӣ, тамошои намоишномаҳои театрӣ, барномаҳои консертӣ, кинофилмҳо, сайри осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ, озмунҳои “Ифтихори ватандорӣ”, “Рассоми беҳтарин”, “Хонандаи сол-2025”, “Китобхони беҳтарин”, “Дастони моҳир”, “Чакандӯзи беҳтарин”, “Барномасози беҳтарин”, “Ихтироъкори наврас”, “Ровии беҳтарин”, “Рақси беҳтарин”, “Аз роҳ дуруст гузар!”, “Гулпарвари беҳтарин”, “Донояк”, “Забондон”, “Луғатдони беҳтарин”, “Мо дӯстдори табиатем”, озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Инчунин, кӯдакони дорои маъюбияти бистарӣ аёдат шуда, дар шабакаҳои телевизионии вилоят барномаҳои маърифатӣ-тарбиявӣ дар мавзуи “Кӯдаконро меҳрубонӣ мебояд” ташкил карда мешавад.
Ғолибони озмунҳои болозикр дар фестивал-озмуни вилоятии кӯдакон “Кӯдакон – сарвати бебаҳои миллат”, ки рӯзи 1 июн дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад, бо мукофотҳо қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.