Агар дарахти гулбасари олуча ба хотират арӯсаки сапедқабои хушбахтро овард, ту ошиқӣ !

Агар сабзаи навдамидаро пойандози махмалин мебинӣ, ошиқӣ!

Агар гули сияҳгӯш ба ёдат абрӯвони пайвастаи духтаракеро намуд, ошиқӣ.

Агар нахустин муғҷа чашматро ба гулшукуфт рӯшан кард, пас дилатро дар дасти ишқ супурдайӣ.

Агар табассуми раҳгузаре шодат кард, ту ошиқӣ!

Агар ба сар аз гулҳои зарди қоқу ва ё гулҳои сафеди кӯҳу камар гулчанбаре ниҳодӣ, яқин ишқ бар ғурурат дастболо гашта…

Пас, ба ҳар лаҳзаи эҳёи табиат таваҷҷӯҳ кунед, то нишоне аз ишқ дарёбед!

Ишқ дари дил мекӯбад, бозаш кунед ва бигӯед, марҳабо баҳор, хуш омадӣ ай фасли ишқ!

Ҳуринисо АЛИЗОДА

Магар…

Магар “дарахти гулбасари олуча ба хотират арӯсаки сапедқабои хушбахтро овард”, он шабеҳ ба кафани сапеде нест, ки онро гумон аст, ки барӣ ё набарӣ?

Магар “сабзаи навдамидаро пойандози махмалин мебинӣ”, ба ёдат орзуҳои поймолшудаи сабзе зери пои ситамгар намеояд?

Магар “гули сияҳгӯш ба ёдат абрӯвони пайвастаи духтаракеро намуд”, шабеҳи камони зеҳшуда ба қалби номуроде нест?

Магар “нахустин муғҷа чашматро ба гулшукуфт рӯшан кард, пас дилатро дар дасти ишқ супурдайӣ”, аз марги тифли номуроди дӯшизаи номусгумкарда намеандешӣ?

Магар “табассуми раҳгузаре шодат кард”, аз худат пурсиш намекунӣ, ки ин писханд ба ҳолат буд ё заҳрханд?

Магар “ба сар аз гулҳои зарди қоқу ва ё гулҳои сафеди кӯҳу камар гулчанбаре ниҳодӣ, яқин ишқ бар ғурурат дастболо гашта”, боре аз ангуштнамои мардум шудану аз маъракаҳо ронда шудани модар ва кунҷи хилват рафтани падар ба ёдат назад?

Магар “ба ҳар лаҳзаи эҳёи табиат таваҷҷӯҳ кунед, то нишоне аз ишқ дарёбед” чунин мегӯию лекин чаро ба гӯшаи хаёлат ҳам намеояд, ки оқибати ишқ бадномист?

Магар “ишқ дари дил мекӯбад, бозаш кунед ва бигӯед, марҳабо баҳор, хуш омадӣ ай фасли ишқ” гуфтаю аз ҳазорон ҳазор дилҳои гарму умедвори захми табару замон хӯрда, боре ёд кардаӣ?

Хуршед АТОВУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь