Буд набуд, будгор буд, замин набуд, шудгор буд… -чунин оғоз мешуд афсонаи бибиҳои ман.

Хушбахтона, ҳарду бибиамро зинда дидаам ва афсонаҳои ширинашонро шунидаам. Вале, ҳарду бобоямро зинда надидаам ва чандин маротиба набудани онҳоро эҳсос кардаам. Аммо бибиҳои меҳрубонам, ки ҳарду ҳам дар танӯри зиндагӣ пухтаанду яке ҳашт сағераро бепадар калон кардаасту дигаре чорторо, аз хурдӣ дар рӯҳияи ман маънии ҳаргиз сархам накардану аз коре ор накардан, бо меҳнати ҳалол зистану хӯрдану пӯшиданро ҷой кардаанд ва бовар кунед аз ин ду бибиам он қадар омӯхтааму дар ёдгораҳои тифлиам нақш гузоштаанд, ки волидайнам чунин хотира нагузоштаанд.

Тифлии ман дар оғӯши ин ду бибӣ гузаштааст ва навиштаҳои даврони тифлиам ҳам моломоли андешаҳои эшон аст. Яъне Абдувоҳиди азиз, мани ҳанӯз тифли кӯчак зиндагиро бо чашми зиндагидидаи онҳо аз хурдӣ дидааму бузург шудаам.

Вале медонед аз ҳама чизи аҷиб чӣ буд? Дар афсонаҳои бибиҳои ман қаҳрамононаш солҳо азият мекашиданд, хиёнат медиданду зиллату хорӣ мекашиданд, аммо ҳаргиз таслим намешуданд ва дар охири кор ба мурод мерасиданд.

Хумори афсона маро ба ёдгӯшаҳои ғамангез мебарад ба ҷустуҷӯйи бибиҳои афсонагӯям. Бибиҳо ва афсона барои ман ҳаммаъноянд ва ҳарду дар қабристони сӯхтаю урёну ваҳмнок, ки даҳони кушодаи гӯрҳои кӯҳна ба сӯйи ҳар раҳгузар писханд мезананд, барои абад орамидаанд.

Бовар мекунед?  Бо марги бибӣ афсонаҳои ширини умри ман ҳам поён ёфт.

Мақсади ман чист? Мақсади ман ин аст ки ману Шумо ҳам дар номанависиҳои дарди дил карданҳо ба якдигар ба муроди дил расидаем. Чандин хонандаи доимии бедордил пайдо кардем, чандин танҳоандешу танҳопиндору танҳогуфторро пайдо кардем.

Бовар дорам, ки замоне ин номанависиҳои ману шумо рӯзгоре мавзӯъ барои ҷилд – ҷилд рисолаҳои жанри нома мешаванд, дар шакли китоб ба насли нав мерасанд. Аммо ману шумо бояд аз он наандешем, ки он замон мо ҳастем ё на, балки аз он ки дар номаҳои мо вазъи иҷтимоии ҷомеа, вазъи замоне ки мо зистем ба пуррагӣ дар ҳама самт нишон дода шудаанд.

Ва бо ҳамин мехоҳем то дигар дарди дили хешро дар танҳоӣ, бе ҳузури хонанда ба якдигар бигӯем. Чӣ мегӯед ба ин андешаҳо?

Бо таманнои саломатии Шумо Хуршед

Ману номаю Хуршед

Дурудҳо ба Хуршедшоҳи арҷманд!

Ин саҳар номаатонро гирифтам. 15.04.2025.

Номаатон бӯйи хуши ошнойӣ дошт. Тифлию кӯдакию наврасии ман ҳам канори бибиҳоям сипарӣ шудааст. Худораҳматии бибиям ба ман “Алифбо” меомӯхтанд. Агар як афсона ҳам дар ёдам монда бошад, ҳамон ҳам аз афсонаҳои бибиям аст. Ва ҳамин аст, ки ман чун як одами афсонапарвар ва афсонабовар ба воя расидаам. Имрӯз ҳам, вақте ки синнам ба ҷое расидааст ба афсонаи баъзеҳо бовар дорам ва гоҳ-гоҳе худам ҳам афсона мебофам ва ба афсонаи бофтаи худам бовар дорам. Ҳамин аст, ки сию чанд сол шудааст, ки дар идораи маҷаллаи кӯдакона кор мекунам. Даҳҳо маротиба пешниҳод барои кору фаъолиятро дигар кардан шуду аммо ман то ҳанӯз побанди афсона ҳастам.

Намедонам солҳои тӯлонӣ дар як ҷо мондану аз зиндагии доштаи худ розӣ будан хуб аст ё хайр? Ба ҳар ҳол ман аз зиндагии карда ва доштаи худ розӣ ҳастам ва кӯшиш мекунам, ки агар умр вафо кунад, минбаъд низ чунин зиндагӣ кунам.

Акнун биравем сари номаҳо.

Агар ёдатон бошад номанависии мо аз он шуруъ шуд, ки пиромуни номаҳои Устод Айнӣ ва Устод Лоҳутӣ як баҳсе сар зада буд. Ҳамин баҳс сабаби номанависии мо гардид. Дар номаҳои мо ҳарчанд, ки масъалаҳои мубрам ҳалу фасл нашуд, аммо чанд пешниҳоду фикру андеша оид ба зиндагии рӯзмарра ироа гардид ва чи хеле ки худатон мефармоед “Чандин хонандаи доимии бедордил пайдо кардем, чандин танҳоандешу танҳопиндору танҳогуфторро пайдо кардем”.

Номаҳои ману Шумо, аслан аз зиндагии худамону халқу Ватанамон маншаъ мегирифт. Дар ин номаҳо ҳам дарди дил кардему ҳам шикояту ҳам таърифу тавсиф, ҳам аз ноумедиҳо гуфтему ҳам аз ояндаи рӯшан паём додем. Агар ба касе ё ниҳоде ё ташкилоте ё ҷамъият як зара нафъамон расида бошад ман худамро шод ҳис мекунам. Агар дар оянда касе аз мо ва номаҳои мо ёд мекунад ёдаш ба хайр!

Яъне бо сарбаландӣ метавонем бигӯем, ки “мо вазифаамонро иҷро кардем!”

Бо эҳтиром Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь