Дар ин мавсим дар доираи барномаи кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш 717 ҳазору 500 дарахт шинонида шудааст, ки миёни онҳо дарахтони нодир низ зиёданд.

Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Қурбоналӣ Собирзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки аз шумораи дарахтони шинонида шуда 241 ҳазору 202 адади он сояафкан, 177 ҳазору 585 ҳазор ҳамешасабз ва 298 ҳазору 736 адади он мевадиҳанда буда, аз ин шумора 493 ҳазору 900 дарахт дар минтақаи Бохтар ва 223 ҳазору 623 адад дар минтақаи Кӯлоб шинонида шудааст.

Ӯ афзуд, ки бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон давоми ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла марказҳои шаҳру ноҳияҳо, бештар дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Ба иттилои номбурда тибқи нақша дар доираи ин барнома бояд дар ҳудуди вилояти Хатлон 500 ҳазор дарахт шинонида мешуд. Дар натиҷаи корбарию коргузории дурусту саривақтӣ, ин нишондиҳанда ба 717 ҳазору 523 адад расонида шуд, ки 143,5 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь