Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз аввали мавсим то имрӯз 6 миллиону 338 ҳазору 447 дона гул шинонида шуд, ки аз он 778 ҳазору 695 донааш гули лола мебошад.
Сардори Сарраёёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ иттилоъ дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамчунин 1 миллиону 84 ҳазору 10 дона садбарг, 4 миллиону 551 ҳазору 342 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Ӯ афзуд, ки тибқи нақша бояд дар вилоят 9 миллиону 182 ҳазору 435 дона гулҳои гуногун шинонида шавад, ки то имрӯз 70 дарсади нақша иҷро шудааст.
Ҳамзамон аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки чанде пеш дар вилоят озмуни вилояти “Сайри Гули лола-2025” баргузор гашт, ки дар он шаҳри Бохтар миёни 4 шаҳру ноҳия сазовори ҷойи якум, миёни ноҳияҳои вилоят бошад ноҳияи Данғра сазовори ҷойи аввал гардид.