Дурудҳо дӯсти шоирам!
Чанд муддат боз ростӣ ҳавсала надорам то нависам. Дилам гирифта аз ҳама чиз… Замоне Озарахш, шоири дарёдил ибораи шоиронаеро истифода карда, навишта буд:
-Асабам месулфад”…
Ростӣ, ибораеро бештару зеботар аз он барои шарҳи ҳоли хеш пайдо накардам.
Ана ҳамин хел Абдувоҳиди азиз, “асабам месулфад”…
Вале чӣ хубе, ки бо пайдо шудани ин “сулфа” баъзе чеҳраҳоро беҳтару бештар шинохтам. Аниқтараш, медонистам, вале ба қавле бори дигар пеши худ санҷидам.
Медонед чӣ? Ба як саволам ҳеҷ посух намеёбам:
Агар ба касе аз дӯстонат ҳатто боре гарм “салом” гуфтӣ, фикре дар сарашон пайдо мешавад, ки аз эшон қарз дорӣ ва дигар мушкили ту барояшон қадди пашизе қадр надорад ва ё ҳатман бо хоҳише ба онҳо муроҷиат мекунӣ. Ва дигар савлату дағдаға, сиёсату ҷилваи онҳоро дар салому алайку гуфтору пиндорашон мебинию ба худат, ба касе ки туро водор кардааст то ба ӯ занг занӣ ё вохӯрӣ ё садояшро шунавӣ ҳазорон лаънат мегӯӣ.
Баъзе ҳолат дигар ғурурам раҳ намедиҳад то мақсадамро гӯям ё ҳарфи диламро арз кунам, риштаи суханро сӯйи дигар мекашам ва ҳарфи диламро намегӯям. Баъзе авқоти дигар чашм мепӯшаму ҳарфи диламро мегӯям ва хулосаашро ба сари “ҳарчӣ бодо бод” вогузор мекунам.
Гоҳе нек дармеёбӣ, ки аз мушкили ту хуб хабар дорад, вале намехоҳад сари он сухан кунӣ, ёдовар шавӣ. Гӯшии тилфонашро бори аввал намебардорад, бори дуюм бо як ибора “дар ҷаласаам”, “дар сари чамбар ҳастам”, “бандам” посух медиҳад. Ҳамон лаҳза дарк мекунӣ, ки мушкили ту дар тасаввурат калону ҳалношуданӣ менамояд ва дар назари эшон кӯчаку назарногир аст. Шарм медорӣ, сурх мешавӣ гоҳе намедонӣ боз аз чӣ гӯиву аз чӣ сухан кунӣ, ки вақти қимати эшонро гирифтаӣ.
Хулоса, замони охир як афсонаи Ҳошим Гадои нотакрор чунон хушам омад, ки сари тарҷума нишастам. Намедонам, ин тарҷума ба Шумо ё ба худи эшон хуш меояд ё не, вале баъди тарҷумаю дубора мутолиа кардани он, водор шудам то чанд ҷои онро ихтисор кунам. Аммо тарҷумаи он бароям ранҷ не, балки роҳат буд.
Бовар мекунед? Вақте дарк мекунӣ, эҳсос менамоӣ, ки як нафари дигаре чун ту меандешад, чун ту баҳо медиҳад, аз моварои сатрҳояш ҳузни танҳоӣ мерезад, бахудо сабук мешавӣ! Шукр мегӯӣ, ки дар ин замину замон як нафари дигаре ҳаст, ки чун ту меандешаду чун ту баҳо медиҳад ва чун ту намедонад то қуввати эҷодиашро ба куҷо сарф кунад.
Дигар коре анҷом додам, нашри тозаи “Ишқи актёри пир”- и устод Муҳаммадзамони Солеҳро шояд бори даҳум мутолиа кардам. Саросема не, кӯшиш кардам то дар ҳар сатрҳои устоди сухану андеша фурӯ равам, ба умқи андешаҳояш расам. Дар ин асар ҳам як танҳои дигареро барои хеш кашф кардам, аз танҳоиҳояш дилам дард карду чанд бор ашк хостаю нохоста ба рухсорам равон шуд.
Дигар коре ки анҷом додам, ниҳоят чанд детективи солҳои ахирамро дар як маҷмӯа ҷамъ овардам ва баъди маслиҳати чанд устоди сухан ба дасти нашр супоридам. Ҳоло намедонам онро хонанда чӣ гуна мепазираду барои хеш чизе лоиқ меёбад ё не, вале бовар мекунед, аллакай дармеёбам, ки замоне хуб менавиштааму фақат аз рӯшанию аз нек анҷом ёфтани ҳар як тасмим мегуфтаам ва ба боварҳои он солҳо хандаи дардноке дар лабонам гул мекунаду бас!
Ана ҳамин тавр дӯсти шоирам… Шумо чӣ ҳол дореду бештар думболи чӣ меандешед ва аз чӣ мегӯеду гуфтан мехоҳед?
Бо иродат: Хуршед
Сулфаи Хуршед
Дуруд ба Хуршедшоҳи гиромӣ!
Ин саҳарро аз “шунидани сулфаи Шумо” оғоз кардам)
Чанд гоҳ аст, ки дар саҳни ошёнаи ҳаштум хотирпарешонатон мебинам, аммо аз сабаби он, ки медонам чӣ мушкилие пешорӯятон омадаасту барои ҳаллаш дасткӯтоҳам, ҳич намепурсам.
Хушам меояд вақте, ки як журналист (ё ҳар каси касбу кори дигардошта) ҳангоми ибрози андешааш аз шоире як иқтибосаке истифода мекунад, чун ҳамин иқтибоси Шумо аз Устод Озарахш.
Шумо ва дар шахси Шумо ҳама эҷодкорон ҳамин ҳоли доштаи Шуморо аз сар мегузаронанд ва Устод Ҳошим Гадо низ аз ин доира берун набудаанд. Тарҷумаи гуфтаатонро нафиристодед, ки бо аслаш муқоиса кунам. Аммо танҳоии Устод Ҳошим Гадоро наметавон танҳоӣ номид, чун ҳазорҳо нафар мухлисонашон ҳамеша дар ёдашон ҳастанд. Фикр мекунам танҳо ин ману Шумо ҳастем, ки лаҳзаи зарурӣ касеро дар паҳлӯямон надорем.
Аммо ҳаминро ҳам бигӯям, ки ҳамин танҳоӣ ба ман хеле писанду маъқулу мақбул аст! Чун дар ин лаҳзаҳо мефаҳмӣ, ки ту барои касе зарур нестӣ, барои касе будану набудани ту бефарқ аст, барои ҷамъияте, ки шабу рӯз хидмат менамоӣ будан бо набуданат баробар аст. Пас, бояд танҳо буд Хуршедшоҳ!
Охир, дар танҳоӣ ба худат меандешӣ. Худатро аз нуқсу гунаҳҳо поку мутаҳҳар мекунӣ. Барои сафари охират тӯша аз некукорӣ омода мекунӣ. Дасти афтодаеро мегирӣ (ҳарчанд дар вақти афтодагӣ дасти туро ҳеч кас нагирифта бошад ҳам). Навиштаҳоятро ( ё дедективҳоятро) сарфу ҷамъ мекунӣ, мехонӣ, таҳрир мекунӣ, чоп мекунӣ (ё барои чоп пулат намерасад), барои навиштани асари нав ният мекунӣ, дар фикрат ҳазору як идеяи нав барои навиштан пайдо мешавад ва… ва пеши худат мегӯӣ, ки “чаро ин қадар вақт худамро танҳо ҳис намекардам?”
Хондани чандбора ва такрории як асар барои ман ҳам як кори ҳамешагӣ шудааст. Фикр мекунам, ба ҳолу рӯҳияи ҳамонвақтаи одам рабт дорад. Нависандаҳо ва шоирҳо ҳам барои ҳамин бузурганд, ки ҳолати рӯҳии инсонҳоро пешгӯйӣ мекунанд. Як мисраъ, як байт, як шеър ё як ҷумла кофист, ки инсон аз ҳолати истирес берун ояд!
Ҳамин аст, ки мехоҳам ҳарчӣ ҳаст ё нест, ҳар ҳолате, ки пеш меояд, бояд сабур буд Хуршедшоҳ!
Бо эҳтиром Абдувоҳид