Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия ва мавриди корбарӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, пас аз мавриди амал қарор гирифтани он касе ҳуқуқи ба корҳои берун аз мактаб ҷалб кардани омӯзгорро надорад.

Вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро имрӯз 31-уми январ, зимни нишасти матбуотии вазорат гуфт, дар яке аз бандҳои қонун омадааст, ки “Омӯзгор ба ғайр аз додани дарс дигар ба ягон кор ҷалб карда нашавад”.

– Омӯзгор аст, бояд дарс диҳад. Ҳатто мо як банди дигарро ба қонун ворид кардем, ки ба раванди дарси омӯзгор ягон нафар (ҳатто вазир) ҳам ҳуқуқ надорад бе иҷозат вориди дарс шавад. Ба омӯзгор бояд халал нарасонем, – таъкид намуд, вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода.

Ин дар ҳолест, ки шикоятҳои муаллимон аз санҷишҳои бархе аз мақомот дар мактабҳо ва ҷалби омӯзгорон аз ҷониби раисони навоҳӣ ба корҳои дигар, аз қабили тоза кардани ҷӯйю наҳрҳо а ва рӯфтану тоза кардани роҳҳо, зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь