Истеҳсолкунандаи ҳиндии шарбатҳои сулфа, ки соли гузашта на камтар аз 20 кӯдакро дар Ӯзбекистон заҳролуд кард, ба ҷойи нусхаи қонунии фармасевтӣ аз ҷузъҳои заҳрноки дараҷаи саноатӣ истифода кардааст, хабар медиҳад Reuters.

Marion Biotech пропиленгликол (PG)-ро аз трейдери Maya Chemtech India харидааст, хабар медиҳад Reuters. Аммо Maya иҷозатномаи фурӯши маводи дорусозӣ надошт ва ба гуфтаи як манбаъ дар ин ширкат, ки аз тафтишот огоҳ аст, “танҳо дар дараҷаи саноатӣ кор мекард”.

“Мо намедонистем, ки Marion аз он барои сохтани шарбати сулфа истифода хоҳад кард”, гуфтааст манбаъ, ки ифшо нашудани номашро афзалтар донистааст. “Ба мо нагуфта буданд, ки маводи мо дар куҷо истифода мешавад”.

Ду манбаъ гуфтанд, ки шарбат аз PG-и саноатӣ, як маводи заҳролуд, ки ба таври васеъ дар шустушӯи моеъ, антифризҳо, рангҳо ё рӯйпӯшҳо ва барои беҳтар кардани самаранокии пеститсидҳо истифода мешавад, сохта шудааст.

Манбаъ гуфт, Marion инчунин пеш аз истифодаи он дар шарбатҳое, ки ба Ӯзбекистон фурӯхта мешавад, ин компонентро озмоиш накардааст.

Моҳи январи соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон чор нафар дар иртибот бо марги кӯдакон, аз ҷумла ду масъули як ширкате, ки доруҳои ширкати Marion ворид мекарданд, боздошт шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь