Шаби сешанбе шаҳрҳои Русия мавриди ҳамлаи густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишин қарор гирифтанд, ки бузургтарин дар тамоми ҷанг бо Укроин ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, дар он беш аз 300 ҳавопаймои бидуни сарнишин ширкат кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла бештар вилояти Маскав зарар дидааст ва се кас кушта шуданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, системаҳои дифои ҳавоии Русия дар як шабонарӯз 337 ҳавопаймои бесарнишини укроиниро рад ва нобуд карданд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба вилоятҳои Брянск, Курск, Липетск, Белгород, Рязан, Калуга, Орёл, Воронеж, Нижний Новгород, Маскав, инчунин худи пойтахти ФР ҳамла карданд.
Тавре мири шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар дод, 74 ҳавопаймои бесарнишин сарнагун карда шуд. Ба гуфтаи мақомоти Маскав, боми як бино дар кӯчаи Домодедовская бар асари афтодани партовҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин осеб дидааст. Мақомот дар бораи талафоти ҷонӣ хабар надодаанд. Бар асари ҳамла дар вилояти Маскав, ба гуфтаи Вазорати беҳдошт, се нафар кушта ва 18 тани дигар захмӣ шудаанд.
Бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар фаъолияти фурудгоҳҳои Домодедово, Шереметево ва Внуково маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шуданд. Ин ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз замони оғози ҷанг барои ҳарду ҷониб бузургтарин ҳамла буд. Барои Русия бузургтарин ҳамла қаблан рӯзи 14-уми январ (Вазорати дифоъ хабар дод, ки 180 ҳавопаймои бесарнишин сарнагун карда шудааст), барои Укроин 23-юми феврал (267 ҳавопаймои бесарнишин) сурат гирифта буд.