Дар ноҳияи Вахш аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохтмони корхонаи нассоҷии “Вахш-Ваҳдат-Текистил” идома дорад, ки моҳҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати ноҳияи Вахш Фарҳод Тағоев ба “Фараж” иттилоъ дод, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Бароталӣ Юсупов,  дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳия бо харҷи 12 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

– Ин корхона дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026  “Солҳои рушди саноат”, ки аз ҷониби роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ зикр шуд, бунёд мешавад, -илова кард ӯ ва афзуд, ки самти фаъолияти корхонаи мазкур истеҳсоли ҷуробҳои гуногун буда, иқтидори солонааш 34,5 миллион ҷуфт ҷуроб мебошад.

Қайд гардид, ки баъди ба истифода додани корхонаи нассоҷии “Вахш-Ваҳдат-Текистил” 460 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь