Аз худ кардани забони англисӣ то сатҳи олӣ вақт, кӯшишу заҳмат ва баъзан сармоягузории молиявиро талаб мекунад. Дар ин замина саволи комилан мантиқӣ ба миён меояд: оё чунин саъю кушиш ва хароҷот арзанда аст? Ҷавоб бешубҳа бояд мусбӣ бошад. Зеро донистани забони англисӣ манфиатҳои зиёде дорад. Чанде аз онҳоро мисол меорем:

  1. Рақобат камтар.

Шумораи ками одамоне ҳастанд, ки забони англисиро хуб медонанд. Аз ин рӯ, маълумотнома (резюме)-ҳои корҷӯёне, ки донандаи ин забон будани ӯро тасдиқ мекунад, нисбат ба дигарон таваҷҷуҳи корфарморо бештар ҷалб менамояд.

  1. Дараҷаи баланди даромад.

Тибқи натиҷаи таҳқиқотҳо, ба ихтисосу корҳое, ки ба донистани забони хориҷӣ алоқаманданд, аксар вақт ду баробар зиёдтар нисбат ба дигарон маош муқаррар гардидааст.

  1. Кор дар ширкату корхона ва идораҳои бузург.

Донистани забони англисӣ барои пайдо намудани кор дар коргоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Дар аксари ҳолатҳо, бе донистани забони англисӣ ин номумкин аст.

Дуруст аст, ки бисёр ҷойҳои кори холӣ ва малакаи дар сатҳи миёна донистани забони англисиро талаб мекунанд. Аммо бо ин қаноат намудан лозим нест. Чӣ қадаре ки сатҳи забони англисиатон баланд бошад, дурнамои шумо ҳамон қадар бомуваффақият мешавад.

Ихтисосҳое, ки донистани забони англисиро талаб мекунанд

Пеш аз ҳама инҳо тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ мебошанд. Гузашта аз ин, дар ҳарду ихтисос Шумо бояд забони англисиро ба таври комил донед. Барои мутахассиси ин ду соҳа на танҳо донистани сатҳи гуфтугуӣ, балки фаҳмидани истилоҳоти касбӣ, хусусиятҳои фардии соҳаҳо ва ғайра бо забони англисӣ муҳим аст ва ӯ бояд тамоми қоидаҳои грамматика, аломатҳои пунктуатсияро донад.

Дар ҷои дуюм мутахассисони бахши технологияи иттилоотӣ (IT) меистанд. Барномасозон ва таҳиягарони техникӣ бояд 2 намуди забони англисиро донанд: гуфтугӯӣ ва техникӣ. Зеро барои ин гуна мутахассисон амиқ фаҳмидани хусусиятҳои барномаю лоиҳае, ки таҳия мекунанд, зарур аст. Инчунин ҳуҷҷатгузориҳои техникӣ дар ин бахш бо забони англисӣ бурда мешавад. Мутахасиси бахши технологияи иттилоотӣ дар ҷараёни кор бояд маълумотро аз адабиёти англисӣ ва вебсайтҳои англисизабон ҷустуҷӯ кунанд ва боз аксар вақт зарурати муошират бо ҳамкасбони хориҷӣ ба миён меояд. Бинобар ин, дар ин соҳа сатҳи миёнаи забони англисӣ кифоя нест.

Кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ низ бе донистани забони англисӣ кор карда наметавонанд. Ҳоло талабот пеш омадааст, ки ҳатто маъмури тарабхона низ бояд забони англисиро донад.

Донистани забони хориҷӣ барои табибон низ муфид хоҳад буд. Зеро он имкониятест барои такмили тахассуси худ дар хориҷа ва омӯхтани таҷрибаи ҳамкасбони хориҷӣ. Ҳамчунин, донистани забони англисӣ имконияти фаъолият кардан дар муассисаҳои ташхисию табобатии байналмилалиро бештар менамояд. Ин чиз низ табиист, ки роҳбарияти муассисаҳои тандурустӣ бештар мутахассисони донандаи забони англисиро барои иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ тавсия мекунанд.

Донистани забони англисӣ барои кормандони васоити ахбори омма ҳам бартарӣ дорад, махсусан агар самти фаъолияти онҳо ба сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайраҳо вобаста бошад.

Дар замони муосир ҳатто баъзе ихтисосҳои вобаста ба соҳаҳои саноату техника низ зарурат ба донистани забони англисиро доранд. Масалан, муҳандисон бо ҳуҷҷатҳои техникӣ кор мекунанд, таҷҳизоти заруриро мехаранд, бо шарикони хориҷӣ дар тамос мешаванд. Аз ин рӯ, донистани забони англисӣ дар шакли комил барои онҳо ниҳоят зарур аст.

Дар соҳаи иқтисодӣ на танҳо нишондиҳандаҳои як ширкат ё кишваре, ки зиндагӣ мекунӣ, балки бозори байналмилалӣ низ бояд таҳлил карда шавад. Ин ҷо низ бешубҳа ниёз ба донистани забони англисӣ пайдо мешавад. Он ба мутахассиси бахши иқтисодиёт барои гирифтани маълумоти зарурӣ, таҳлили бозорҳои асъор ва бозори коғазҳои қиматнок кӯмак мекунад.

Барои моделҳое, ки либос ё ягон маҳсулоти миллиро намоиш медиҳанд, донистани забони англисӣ зарур аст. Зеро онҳо бояд қариб дар ҳама ҷо забони хориҷиро истифода баранд: ҳангоми муошират бо меҳмонон, муаррифии молу маҳсулот, муоширатҳои касбӣ ва ғайра.

Ҳамин тавр, донистани забони англисӣ ҳамчун бартарӣ ҳангоми пайдо намудани ҷои кори муносиб дар замони муосир ногузир мебошад ва он амалан ба тамоми соҳаҳо, аз забоншиносӣ то тиб дахл дорад. Донистани мукаммали забон на ҳама вақт шарт аст, аммо муҳим аст, ки ҳадди аққал бо он озод хондан ва муошират карда тавонем.

 Шаҳло ГУЛОВА,

 омӯзгори МТМУ №30, шаҳри Ҳисор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь