Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бар асари як садамаи камсобиқаи нақлиётӣ ронанда ва 5 мусофир ба ҳалокат расиданд.

Муовини прокурори вилояти Хатлон  Валӣ Ваҳҳобов, рӯзи 26 июли соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки тахминан  соати 16-и рӯзи 21 июли соли 2023-юм ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Диловар Давлатов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мусофирони мошин ба наҳр сарозер шуда, ғарқ  шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса  мусофирон Тухтарой Мустафоқул,  Бибизайнаб Мирзоева, Барно Юлдошова, Фариддун Юлдошова, Лайло Юлдошова  ва худи ронанда  Диловар Давлатов, ба ҳалокат мерасанд. Мусофирони дигар  Ҷурабек Мениқулов  ва писараш Хусен Мениқулов  наҷот ёфтаанд.

Сару садое буд, ки ронанда Диловар Давлатовро кормандони БДА барои санҷиши ҳуҷҷатҳояш таъқиб мекардаанд, ки дар натиҷаи фирор идораи мошинро гум карда, ба наҳр сарозер шудааст. Муовини прокурори вилоят ин пурсиши хабарнигорон гуфт, ки  тамоми ҳолатҳои коро омухта мешавад. Дар ин ҳодиса дигар шоҳидон низ ҳастанд ва дар як мағоза дурбини мушоҳидавӣ насб шудааст,  ҳамаи онҳо саниҷида мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь