Дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия, ки соли 2013 оғоз ёфтаву бо гузашти 12 сол нотамом боқӣ монда буд, имсол бо дастури раиси вилояти Хатлон босозӣ карда мешавад.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, соли равон Варзишгоҳи марказии Ноҳияи Кӯшониён таъмиру азнавсозӣ мешавад.

Дар нишасти хабарии  Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён  корҳои сохтмонӣ соли 2013 оғоз гардида, дар он то имрӯз 1 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин варзтшгоҳ имсол оғоз карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь