Ҷамшед Саидзода, раиси собиқи ноҳияи Ёвон, ки рӯзи 11 январи соли ҷорӣ аз ин вазифа барканор шуда буд, имрӯз, 18 январ, дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии XIV-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин вилоят интихоб гардид.

Ҷамшед Саидзода дар ин вазифа Миралиён Қиёмидинро иваз кард.

Бо фармони Президенти кишвар рӯзи 11 январи соли ҷорӣ раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед  Сайидзода аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ бо фармони дигари роҳбари давлат  Бахтиёр Шарифӣ, ки то расидан ба мансаби раиси ноҳияи Ёвон муовини вазири саноат ва технологияи навини Тоҷикистон буд таъйин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь