Аз тарафи нозирони ҳифзи ҷангали вилояти Хатлон давоми соли 2024-ум 804 санади қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи 343 ҳазору 923 сомони тартиб дода шуда, аз он 338678 сомонӣ руйёнида шудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ аз ниҳод хабар доданд.
Гуфта шуд, ки инчунин нисбат ба 323 нафар ба маблағи 84055 санади маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағ ба бучет ворид карда шудааст.
Иттилоъ доданд, ки аз 840 қонунвайронкуниҳо 510 ададаш буридани ғайриқонунии дарахтони ҷангал, 144 адад ҷамъоварии худсаронаи маҳсулоти ҷангал, 120 санад чорвочаронии худсарона дар ҷангалҳо, 17 санад шикори ғайриқонунии парандаҳо ва 13 санад дар дигар самтҳо мебошад.
Блоки рекламавӣ