Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вуҷуд доштани ҳолатҳои коррупсиониро дар донишгоҳ рад карда, давомоти донишҷӯёнро хуб арзёбӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки сару садоҳо дар хусуси ҷой доштани коррупсия дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар то ҳол аз байн нарафтааст ва баъзе устодон барои “санҷиш”-у “ҳал кардани имтиҳон” аз донишҷӯён маблағ меситонанд.

Ректори ДДТТ Назарзода Хайрулло Холназар рӯзи 30-юми январ, зимни нишасти матбуотӣ  гуфт, эҳтимолан донишгоҳи онҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ягона муассисаест, ки дар сатҳи паст кардани хавфҳои коррупсионӣ дорои лоиҳаи байналмилалии ба номи “Мока” аст.

– Илова бар ин, аз тарафи Раёсати таълим мунтазам барои аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Комиссияи доимӣ дар ҳайати ҳафт нафар амал мекунад. Бо боварӣ гуфта метавонам, дар шуъбаи рӯзона ҳолатҳое, ки гӯё донишҷӯ дар хориҷи кишвар бошаду ин ҷо баҳо гирифта бошад, вуҷуд надорад. Мо фикри хонаву дар ва фарзандонро мекунем. Агар як доғ нисбати мо шуд, он ба фарзандон ҳам мегузарад, – гуфт ректори ДДТТ Назарзода Хайрулло.

Дар идома муовини якуми ректори ДДТТ дар бахши таълим Абдураҳим Қурбонов гуфт, “давомоти донишҷӯён хуб шудааст ва он донишҷӯёне, ки сари вақт ба дарсҳо ҳозир намешаванд ва давомоти хуб надоранд, аз Донишгоҳ хориҷ карда мешаванд”.

– Соли таҳсили гузашта қариб 177 донишҷӯ барои давомоти нокифоя аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шуд. Мо наметавонем гӯем, ки давомоти донишҷӯён сад дарсад аст, лекин давомот сол то сол хуб мешавад. Ин аст, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи мардум ба ДДТТ таваҷҷуҳ бештар гаштааст. Мо нақшаи қабулро барои соли таҳсили 2023-2024 ҳамагӣ 58 дарсад иҷро карда будем, вале имсол он ба 99 дарсад расонда шудааст. Ин далолат аз таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ДДТТ мебошад, – гуфт Абдураҳим Қурбонов.

Мавсуф вобаста ба ҳолатҳои коррупсионӣ дар Донишгоҳ гуфт, “Кор бе камбудӣ намешавад, бо ҳолатҳои коррупсионӣ мубориза мебарем. Вақте ки ба истилоҳ ягон “сигнал” ба вуҷуд омад, мо бо муаллимон корбарӣ мекунем. Ҳеҷ кас ягон вақт гуфта наметавонад, ки ӯ аз камбудӣ орӣ аст. Камбудӣ ҳаст, кор рафта истодааст, ягона мақсади мо ин аст, ки аз рӯи қонуну қоида фаъолият намоем ва барои ҷумҳурии азизамон ва мардуми Тоҷикистон содиқона хизмат кунем “.

Ёдовар мешавем, ки ДДТТ аз муассисаҳои таълимии соҳавӣ дар кишвар буда, аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавриат, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 13 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 7 ихтисоси барномаи таҳсилоти олии дуюми касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати ватанию хориҷӣ омода мекунад. Теъдоди донишҷӯён барои соли 2024-2025-ум 4017 нафарро ташкил дода, ба шуъбаҳои рӯзона 2594, таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) 1376 ва магистратура 47 нафар рост меояд. Тибқи маълумот, таҳсил дар Донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь