«Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд, зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Он дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ногуфта намонад, ки пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ бешак зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.1966, №770, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб, ташкил карда шудааст.
Дар муассисаи таълимии мазкур 8 кафедра: «Асосҳои кори ҳамширагӣ», «Морфологӣ” “Забонҳо», «Гуманитарӣ», «Корҳои фарматсевтӣ”, “Дандонсозӣ ва ташхисӣ», “Фанҳои клиникӣ», «Химия ва биология» ва «Табиию риёзӣ» амал менамоянд.
Муассиса дорои 2 бинои таълимии 4 ошёна бо таҳхона, 8 озмоишгоҳ барои омӯзонидани малакаҳои амалӣ аз фанҳои кори ҳамширагӣ, анатомия, химия, микробиология, таълимоти клиникӣ ва физика, 107 кабинети таълимӣ, 8 кабинети компютерӣ, як китобхона бо қироатхона ва зиёда аз 100 ҷойи нишаст, маркази тестии замонавӣ бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст, ошхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ мебошад.
Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” 220 компютери таълимӣ, 7 ноутбук, 29 принтер, 15 нусхабардор (сканер), 10 телевизор, 12 тахтаи электронӣ, 14 проектор, 2 тахтаи электронии мултимедӣ,1 моноблок, 1 монитор (3х5) мавҷуд мебошад, ки ба сари 100 нафар донишҷӯй 8 компютер рост меояд. Ин нишондод ба меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (6 адад ба сари 100 донишҷӯй) мувофиқат мекунад.
Коллеҷ ба хати интернет ва инчунин, интернети иловагӣ, тариқи “Вайфай” пайваст мебошад. Дар Коллеҷ майдончаи варзишии тобистона мавҷуд аст, он 684 метри мураббаъро дарбар мегирад. Толори варзишӣ барои дар фасли замистон ҷалб намудани донишҷӯён, барои соатҳои ба фанни варзиш мавҷуд буда, масоҳати он 316,9 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
127 синфхона барои таълими донишҷуён бо фарогирии 1424 миз ва 2848 курсӣ, 127 тахтаи синф, 10 дона доскаи электронӣ, муляжҳо барои кори аёнӣ, 10 комплект, 3 муляжҳо барои фани анатомия, 4 скелет, 12 проектор фаъолият дошта, дар ҳамаи онҳо банерҳо вобаста ба дарсҳои таълимӣ овезон мебошад. Ҳамчунин, 25 кондитсионер, 96 печи барқии гармдиҳанда, ҷевонҳо барои китоб мавҷуд буда, масоҳати синфхонаҳо 11235 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Айни ҳол МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» 279 корманд дорад, ки аз ин шумора 139 омӯзгори асосӣ, 125 омӯзгорони ҳамкор ва 24 нафар корманди техникӣ мебошанд.
Дар Коллеҷ 1 доктори илмҳои биологӣ (профессор), 6 номзади илми тиб, 1 номзади илмҳои иқтисодӣ, 2 номзади илмҳои биологӣ, 2 номзади илмҳои филологӣ, 4 доктор Phd, 92 тан дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 66 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум, 79 нафар дорои дараҷаи тахасуси дуюм, 2 унвонҷӯ, 18 нафар бе тахасус ва аз ин шумора 38 омӯзгори ҷавон мебошанд.
Шумораи умумии донишҷӯён дар муассиса 3017 нафар аст, ки 2606 духтар ва 411 писар мебошанд.
Бояд қайд кард, ки дар се моҳи соли 2025, дар маҷмуъ 8 конференсия, 10 мизҳои мудаввар, 30 дарси кушод, ҷаласаи падару модарон дар доираи 70 гуруҳи таълимӣ гузаронида шуд. Инчунин, аз ҷониби кормандон ва омӯзгорон дар давоми се моҳи охир 15 макола дар маҷалаҳои илмӣ, 29 мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаҳои даврӣ чоп ва интишор карда шудааст.
МТЖТ