Зан – такягоҳи оила ва асоси тарбияи насли солим мебошад. Саломатии ӯ на танҳо ба зиндагии шахсияш, балки ба ҷомеа низ таъсири бузург мерасонад. Мутаассифона, бисёр занон ба саломатии худ беаҳамиятӣ мекунанд ва оқибат бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин мақола мо сабабҳо, роҳҳои пешгирӣ ва аҳамияти нигоҳубини саломатии занонро баррасӣ мекунем. Бемориҳое, ки занон бештар ба онҳо дучор мегарданд. Солимии занон аз бисёр ҷиҳат ба тарзи ҳаёт, ғизо, вазъи равонӣ ва ҳатто муҳити атроф вобаста аст. Бемориҳои зерин дар байни занон бештар паҳн шудаанд:
Бемориҳои гинекологӣ; илтиҳоби узвҳои таносул (матка, тухмдон, бачадон); тахаллуфи ҳайз (менструатсия); кистаи тухмдон ва бемориҳои омоси модарзодӣ безурётӣ; бемориҳои эндокринологӣ; ҷоғар (зоб) ва дигар бемориҳои ғадудҳои сипаршакл камхунӣ (анемия); фишорбаландӣ (гипертония); Бемориҳои асаб; депрессия ва изтироб, хасташавии доимӣ (синдроми хастагии музмин), бехобӣ, бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб,
нефрит ва пиелонефрит, сангҳои гурда. Агар ин бемориҳо сари вақт табобат карда нашаванд, метавонанд оқибатҳои ҷиддии ғайриқобили баргардон дошта бошанд, аз ҷумла мушкилиҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд. Бештари бемориҳои занонро метавон пешгирӣ кард, агар сабабҳои асосии пайдоиши онҳоро донем: Беаҳамиятӣ ба беҳдошт ва гигиенаи шахсӣ; Таъсири стресс ва фишори равонӣ; Ғизои номувофиқ ва камбуди витаминҳо; Набудани реҷаи дурусти кор ва истироҳат; Тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои муҳити зист; Истифодаи бемавриди доруворӣ ва худмуолиҷа.
Чӣ тавр саломатии худро ҳифз кунем? Барои пешгирии бемориҳо ва нигоҳ доштани саломатии худ, занон бояд ба тавсияҳои зерин амал кунанд:
Риояи гигиена ва нигоҳубини бадан, либосро мувофиқи фасли сол интихоб кардан, бо оби тоза шустани бадан ва истифодаи маводи беҳдоштии сифатнок, дар рӯзҳои ҳайз тозагии шахсиро риоя кардан,
парҳези солим ва мувозинатнок, ғизоҳои дорои оҳан ва витаминҳо бештар истеъмол кардан (сабзавот, меваҳо, гӯшт, моҳӣ), кам кардани истеъмоли ғизоҳои ширин, тунд ва равғанӣ, нӯшидани миқдори кофии об, реҷаи дурусти кор ва истироҳат, аз хоби нокифоя ва кор дар ҳолати стресс худдорӣ кардан, варзиш ва машқҳои сабук кардан (масалан, йога, пиёдагардӣ), муроҷиати саривақтӣ ба табибон.
Ҳар шаш моҳ як маротиба ташхиси тиббӣ гузаштан, ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ худмуолиҷа накарда, ба духтур муроҷиат кардан, аз муоинаи гинекологӣ ва санҷиши тиббӣ гузаштан.
Хулоса, саломатии занон на танҳо масъулияти шахсии онҳо, балки гарави насли солим ва ҷомеаи муваффақ аст. Ҳар як зан бояд саломатии худро ҳамчун арзиши муҳим ҳифз кунад ва пеш аз ҳама, ба пешгирӣ ва тавсияи духтурон таваҷҷӯҳ намояд. Агар шумо ба саломатии худ беаҳамиятӣ мекунед, пас фикр кунед: оё ояндаи худ ва фарзандонатон бароятон муҳим нест? Ба худ ва саломатии худ ғамхорӣ кунед – ин беҳтарин сармоягузорӣ ба зиндагии солим ва хушбахт аст!
Саидова Судоба