Роҳбарият ва кормандони Муассисаи  давлатии   таълимии «Коллеҷи тиббии  шаҳри   Бохтар»  ҳама донишу малакаи худро баҳри омодасозии мутахасисони рақобатпазир равона карда, барои донишҷуёни  колеҷ ҳама шароиту имкониятҳои дарсомӯзиро фароҳам оварданд. Ин ҳама пешравиҳо дар колеҷи мазкур бо дасгириҳои бе воситаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба амал омодааст.  Оид ба фаъолити Муассисаи  давлатии   таълимии «Коллеҷи тиббии  шаҳри   Бохтар»   хабарнигори МТЖТ бо директори коллеҷ, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёқубҷон суҳбати ихтисоси анҷом дод.

Пояи моддӣ-техникӣ

Айни замон МДТ “Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дорои чунин заминаи моддӣ-техникӣ мебошад: 2 – бинои таълимӣ; 1 – хобгоҳ; 1- Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ; 1 – Маркази таълимӣ оид ба ғизо; 1- Маркази таълимӣ-табобатӣ ва ташхисии тибби мардумӣ; 1 китобхона; Зиёда аз 116 кабинетҳои таълимӣ; 21 толори лексионӣ; 4 – синфхонаи компютерӣ; 1 – синфхонаи лингофонӣ; 1 – майдончаи варзишӣ; 1 – толори варзишӣ; 1 толори маҷлисӣ барои 40 нафар; 1 – толори маҷлисӣ барои 200 нафар;  1 – ошхона барои 50 нафар мебошад.  Айни замон шумораи компютерҳо 330, ноутбук 22, принтер 61, тахтаи электронӣ 21, проэктори мултимеди ва таҷҳизотҳои техникӣ 110, синфхонаҳои компютерӣ 3, ҳуҷраҳои мудирони кафедраҳо ва деканҳо дар коллеҷ бо хатти интернет пайваст мебошанд, ки мавриди баҳрабардории омӯзгорон ва донишҷӯён мебошанд.

Бунёдкорӣ

Сохтмони бинои таълимӣ, табобатӣ ва озмоишӣ дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, бо қарори Раиси шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон аз 4 марти соли 2021, №153 тасдиқ шудааст, оғоз карда шуда, таҳхона ва ошёнаи 5-уми бино ба пуррагӣ ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ идома дорад. Айни замон қисмати болопуши бино пурра ба анҷом расида, Сохтмончиён ба корҳои таъмири дохили бино оғоз карданд. Бино ҳамчун заминаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои коллеҷ пешбинӣ карда шудааст.

Заминаи кадрии коллеҷ

Дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” айни ҳол 298 – нафар кормандон фаъолият доранд. Аз он ҷумла: 127 нафар омӯзгорони асосӣ (98 нафар зан),  57 – нафар омӯзгорони соатбайъ (40 нафар зан), 75 – нафарро аъзоёни роҳбарияти коллеҷ, кормандони хоҷагӣ, кормандони марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва лаборантон ташкил медиҳанд: Маъмурият – 55 нафар,  Кормандони хоҷагӣ – 20 нафар, дар коллеҷ 3 – нафар номзади илми тиб фаъолият дорад.  Аълочиёни соҳаи тандурустӣ – 6 нафар Аълочиёни соҳаи маориф – 6 нафар, Аълочии соҳаи ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ – 2 нафар, дорандаи Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон -5 нафар, Дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2 нафар, дорандаи Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 нафар, дорандаи Медали шафқат – 1 нафар  Кормандони бо маълумоти олии тиббӣ – 46 нафар, кормандони бо маълумоти олии педагогӣ 82– нафар, бо маълумоти миёнаи тиббӣ – 23 нафар, бо маълумоти олии нопурра – 8 нафар, теъдоди кормандон ва омӯзгорони ба кор қабулшуда аз моҳи январ то моҳи марти соли 2025 27 – нафар ва аз кор озод шуда – 7 нафарро ташкил медиҳад.  Дар моҳи январи соли 2025 аз курсҳои такмили ихтисос 27 – нафар омӯзгорон дар заминаи филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Хатлон гузаштанд.

Бояд зикр кард, ки 10 январи соли 2025 директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёқубҷон, бо нишони олии “Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон” сарфароз гардид. Ин мукофоти баланд нишонаи қадршиносӣ ва эътирофи заҳматҳои пайвастаи ӯ дар рушди соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мебошад. Бо талошҳои шабонарӯзӣ ва роҳбарии устувори ӯ “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” ба яке аз муассисаҳои пешрафтаи кишвар табдил ёфтааст, ки на танҳо дар сатҳи вилоят, балки дар миқёси ҷумҳурӣ шинохта шудааст.

Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ

Донишҷӯёни болаёқати муассиса барои иштирок дар давраҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои фаннии кушоди ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои тахассусӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона омодагӣ дида, иштирок менамоянд.  Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни коллеҷ дар чунин чорабиниҳо ширкат варзиданд: Санаи 5-уми феврали соли 2025 мусобиқаи кушоди варзишии вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарони зиёде ширкат варзиданд. Донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» низ бо ҳузури фаъолона ва натиҷаҳои назарраси худ дар ин мусобиқа фарқ карда сазовори ҷойҳои намояён гаштаанд.

Роҳбарияти МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» ба варзишгарони ғолиб барои муваффақиятҳояшон табрик гуфта, умедвор аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда низ бо дастовардҳои нав шарафи муассисаро баланд мебардоранд.

Дар вилояти Хатлон чемпионати волейболи байни дастаҳои духтарон баргузор гардид, ки дар он ҳашт дастаи коллеҷҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд. Ин мусобиқа бо ҳадафи рушди варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маҳорати варзишии донишҷӯдухтарон баргузор шуд. Баъд аз рақобатҳои пуршиддат ва бозии фавқулода ҳаяҷоновар, ҷои аввалро дастаи Муассисаи давлатии таълимии “Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар” сазовор гардид. Ҷои дуюмро Коллеҷи омӯзгорӣ ба даст овард, дар ҳоле ки ҷои сеюмро варзишгардухтарони Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар соҳиб шуданд. Маросими ботантанаи супоридани ҷоизаҳо бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Абдусаломзода Анзурат Абдусалом, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода ва директори Муассисаи давлатии таълимии “Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил Ёкубҷон, санаи 19 феврали соли 2025 баргузор гардид. Одилзода Исмоил Ёкубҷон зимни суханронии худ нақши варзишро дар рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии донишҷӯён таъкид намуда, ба дастаи ғолиб ва ҳамаи иштирокчиён барои заҳмати пайваста ва рӯҳияи баланди варзишӣ изҳори сипос кард. Ӯ зикр намуд, ки дастгирии донишҷӯён дар соҳаи варзиш аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти коллеҷ буда, минбаъд низ барои фароҳам овардани шароити беҳтар ва рушди варзиш талошҳо идома хоҳанд ёфт. Ғалабаи дастаи Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар боз як нишонаи рушди варзиш дар муассисаҳои таълимии тиббӣ мебошад. Ин комёбӣ на танҳо далели маҳорати баланди варзишии донишҷӯён аст, балки нишон медиҳад, ки муассиса дар баробари таълим ба рушди ҷисмонӣ ва омодасозии ҷавонон барои ҳаёти солим аҳамияти махсус медиҳад.

Нақшаҳо барои соли таҳсили 2024-2025

Роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва ҳайати кормандону омӯзгорон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гашта, онро комилан дастгирӣ менамоянд ва тасмим гирифтаанд, ки минбаъд боз ҳам беҳтару хубтар меҳнат менамоянд ва ҳаддалимкон баҳри беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботи муосир ҷавобгӯ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 МАЪЛУМОТНОМА

оид ба рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо ва нархномаи хизматрасонии таҳсили пулакии донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” барои соли таҳсили 2025-2026

р/т

Номи ихтисос Рамзи ихтисос Шакли таҳсил (рӯзона/фосилавӣ/ғоибона/шабона) Намуди таҳсил

(ройгон/ пулакӣ)

Маблағи таҳсил Забони таҳсил Равияи ихтисос
ГУРӮҲИ ИХТИСОСҲОИ 5-УМ
1. Кори табобатӣ 2-790101 рӯзона пулакӣ 3000 тоҷикӣ тиббӣ
2. Кори табобатӣ 2-790101 рӯзона ройгон   тоҷикӣ тиббӣ
3. Кори табобатӣ 2-790101 шабона пулакӣ 3000 тоҷикӣ тиббӣ
4. Кори момодоягӣ 2-790102 рӯзона пулакӣ 3000 тоҷикӣ тиббӣ
5. Кори момодоягӣ 2-790102 рӯзона ройгон   тоҷикӣ тиббӣ
6. Кори момодоягӣ 2-790102 шабона пулакӣ 3000 тоҷикӣ тиббӣ
7. Кори ҳамширагӣ 2-790106 рӯзона пулакӣ 2700 тоҷикӣ тиббӣ
8. Кори ҳамширагӣ 2-790106 рӯзона ройгон   тоҷикӣ тиббӣ
9. Кори ҳамширагӣ 2-790106 шабона пулакӣ 2700 тоҷикӣ тиббӣ
10. Кори ҳамширагӣ (синфи 9) 2-790106 рӯзона пулакӣ 2700 тоҷикӣ тиббӣ
11. Кори табобати дандон 2-790107 рӯзона пулакӣ 5000 тоҷикӣ тиббӣ
12. Кори фарматсевтӣ 2-790108 рӯзона пулакӣ 4900 тоҷикӣ тиббӣ
13. Кори фарматсевтӣ 2-790108 шабона пулакӣ 4900 тоҷикӣ тиббӣ
14. Кори фарматсевтӣ (синфи 9) 2-790108 рӯзона пулакӣ 4900 тоҷикӣ тиббӣ
15. Кори дандонсозӣ 2-790133 рӯзона пулакӣ 5000 тоҷикӣ тиббӣ
16. Кори дандонсозӣ 2-790133 шабона пулакӣ 5000 тоҷикӣ тиббӣ

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь