Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (ДДТХ) мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми феврали соли 2016, таҳти №79 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, соли нӯҳум аст, ки фаъолият менамояд. Шумораи умумии омӯзгорону кормандони ДДТХ аз 402 нафар иборат буда, аз шумораи умумии кормандон 199 нафар ё худ 49,5% -ро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил дода, аз ин шумора 146 (73,3%) нафарашро ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медиҳад. Теъдоди омӯзгорони дараҷаи илмидошта аз 27 нафар иборат аст, ки 18,5%-ро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар соли таҳсили 2024-2025 нақшаи қабули донишҷӯёни курси якум аз 360 нафари солҳои қаблӣ ба 718 нафар расонида шуд. Теъдоди умумии донишҷӯён аз 2604 нафар иборат буда, аз ин шумора, донишҷӯёни факултети тиббӣ 1227 (47,1%) нафар, факултети педиатрӣ 861 (33,1%) нафар, факултети стоматологӣ 417 (16%), факултети тиббӣ-профилактикӣ 49 (1,8%) нафар ва факултети фармасевтӣ 50 (1,9%)- ро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии донишҷӯён 811 (31,1%) нафар тариқи буҷавӣ ва 1793 (68,9%) нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди духтарон 757 (29,1%) нафар ва 1847 (70,9 %) нафар писарон иборат буда, донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ 121 (4,6%) нафарро ташкил медиҳад. Дар байни донишҷӯён 15 (0,57%) нафар ятими кулл ва 18 (0,7%) нафар маъюби гурӯҳи 2 таҳсил менамоянд. Миқдори гурӯҳҳои академӣ аз 131 адад иборат буда, аз ин миқдор 41 (31,3%) гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 90 (68,7%) гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 620 нафар (23,8%) бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломӣ дар донишгоҳ теъдоди аспирантҳо аз 1 нафар, унвонҷӯён аз 14 нафар, доктарантҳо аз 2 нафар, интернаҳои клиникӣ аз 31 нафар ва ординаторони клиникӣ аз 71 нафар иборат аст.
ЗАМИНАИ МОДДӢ ТЕХНИКӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ
Шумораи компютерҳо дар донишгоҳ ба 498 адад расидааст. Таносуби компютерҳо ба ҳар 1000 донишҷӯ на кам аз 55 адад, агар аз рӯи меъёр муқаррар шуда бошад, пас аз рӯи ин нишондиҳанда дар ДДТХ 2,4 маротиба аз меъёр зиёд аст. Дар ин давра шумораи озмоишгоҳҳои таълимӣ, озмоишӣ ва ташхисӣ ба 24 адад расонида шуд. Имрӯз дар донишгоҳ 540 номгӯи таҷҳизоти муосири техникӣ бо теъдоди 1571 адад дар раванди таълиму тарбия ва корҳои илмии донишҷӯёну омӯзгорон истифода бурда мешавад.
Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ дар соли 2024 ба 37851 нусха адабиётҳои чопӣ расидааст, ки аз ин шумора 33 855 нусха ва ё худ 89,4% – и онро китобҳои таълимӣ ташкил медиҳанд. Таркиби фонди китобхона бо забони давлатӣ аз 17994 (47,5%) нусха, бо забони русӣ 19875 (52,5%) нусха адабиёт иборат мебошад. Дар ин давра ба китобхона ҳамагӣ 1748 нусха адабиёти таълимиву илмӣ ворид шудааст. Фонди захираҳои электронӣ бошад аз 93 803 нусха иборат буда, дар маҷмӯъ фонди умумии китобхона аз 131 654 нусха иборат мебошад. Таъминоти донишҷӯён бо адабиётҳои таълимӣ вобаста ба шумораи онҳо мутобиқи меъёр мебошад.
– Бо қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҶТ аз 29.09 соли 2023, таҳти №12/21 “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ” ва дар асоси фармоиши директори Агентии мазкур аз 03.10. соли 2023, таҳти № 823 ба замимаи “Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимии ДДТХ” тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла, ба ихтисосҳои амалкунанда боз 2 ихтисоси нав “Тиббӣ – профилактикӣ 1-790103” ва ихтисоси “Фарматсия 1-790108” илова гардид. Аз ҷониби Шӯрои олимони ДДТХ Барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯи самт ва нақшаҳои таълимӣ барои ихтисосҳои “Тиббӣ – профилактикӣ”, “Фарматсия” моҳи августи соли 2024 мувофиқ дониста шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ гардид. Ва аввалин мартиба дар соли таҳсили 2024 – 2025 ба ин факултетҳо 99 нафар донишҷӯ ба курси 1 –ум қабул карда шуд.
Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти сессияи зимистонаи соли таҳсили 2023-2024 миқдори донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро бо баҳои “аъло” ва “хубу аъло” супоридаанд, 44,06% -ро ташкил дод, ки ин нисбат ба сессисия зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 1,6 % зиёд мебошад. Дараҷаи дарсазхудкунӣ бошад ба 98,6 % баробар буда, нисбат ба ҳамин сессисия зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 1% зиёд аст. Аз таҳлили натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳои давлатӣ маълум гардид, ки сифати таълим дар факултети тиббӣ 74,5%, дар факултети педиатрӣ 87,4% ва дар факултети стоматологӣ 50% -ро ташкил додааст, ки дар маҷмӯъ сифати таълим дар донишгоҳ ба 74,2% баробар шуда, дараҷаи дарсазхудкунӣ бошад 100% – ро ташкил додааст. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ҳамагӣ 20 нафар соҳиби дипломи аъло гардид. Аз ин шумора 7 (4,3%) нафар аз факултети тиббӣ, 11 (7,6%) нафар аз факултети педиатрӣ ва 2 (2,5%) нафар аз факултети стоматологӣ. Нишондиҳандаҳои сифатӣ маълум менамояд, ки имсол сифати таълим нисбат ба соли гузашта 6,1% зиёд гашт – мегӯяд, Қурбон Убайдулло, Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ОЗМУНҲО
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ дар соли 2024 аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ таҳким ёфта, дар маҷмӯъ олимони донишгоҳ 522 таълифоти илмӣ аз ҷумла, 502 фишурда ва 20 мақолаи илмӣ нашр намуданд. Инчунин 10 васоити методии таълимӣ, 12 пешниҳоди навоварона ва 12 санади воридсозӣ таҳия гардидааст. Ҳамзамон донишгоҳ ба ҳайси муассисаи пешбар ба кори илмии 5 нафар унвонҷӯён тақризи мусбӣ додааст. Омода намудани кадрҳои илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ муайян гардида, аз сабаби дар марҳилаи ташаккул қарор доштани ДДТХ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ тибқи таҳсил дар бахши аспирантураи ғоибона -1 нафар, 2 нафар унвонҷӯй барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 16 нафар унвонҷӯён барои дарёфти дараҷаи илмии номзадӣ дар кафедраҳои ДДТХ ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар донишгоҳҳои олии кишвар – 8 нафар барои дарёфти дараҷаи илмии номзадӣ, 1 нафар унвонҷӯй барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 3 нафар ба ҳайси докторант аз рӯи ихтисоси PhD ба роҳ монда шудааст. Дар Комиссияи проблемавии байникафедравии донишгоҳ дар давоми соли 2024 тасдиқи мавзуҳои номзадии 5 нафар омӯзгорони донишгоҳ баррасӣ ва муҳокима гаштааст.
Дар давоми соли 2024 дар ҳамаи озмунҳо ҳамагӣ 236 нафар донишҷӯ ва 6 нафар олими ҷавон иштирок намудааст, аз ин шумора 51 нафар дар озмунҳои байналмиллалӣ рост меояд. Дар маҷмӯъ, донишҷӯёну олимони донишгоҳ тавонистанд, ки 5 ҷойи якум, 9 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм ва 15 ҷойҳои ифтихориро дар олимпиадаҳо соҳиб шаванд.
ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар соли 2024 дар доираи барномаи Эрасмус + лоиҳаи шарикӣ – “Ташаккули иқтидорӣ таълимӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаи ғизо ва парҳез дар Осиёи Марказӣ” -ро давом дода, дар ин давра бо маблағи беш аз 300 000 сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ барои озоишгоҳи эпидемиология харидорӣ шуд.
Дар доираи барномаи аз ҷониби Донишгоҳи илмҳои амалии Финляндия лоиҳаи “Повышение уровня цифровизации ПМСП путём развития междисциплинарного образования в ЦА (DIGI-PHC)”, аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Ош, лоиҳаҳои “Усиление контроля качества фармацевтического образования и обучения в ЦА” ва “Создание цифрового, образовательного и исследовательского потенциала в области медицины боли в странах ЦА” барои пешбарӣ ба ИА омода карда шудааст.
Дар доираи Лоиҳаи “BERNICA” аз санаи 15-ум то 19-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи илмҳои амалии Гратси Ҷумҳурии Австрия курси омӯзишии кӯтоҳмуддат баргузор гардид, ки дар он 3 нафар омӯзгорон сафарбар гардиданд. Ҳамзамон, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва бо маблағгузории GIZ (Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон), аз санаи 20 – ум то 24 – уми майи соли 2024 дар шаҳри Тошканди ҶӮ тренинги омӯзишӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сил ва ВНМО баргузор гардид. Дар тренинги мазкур 2 нафар ассистентҳои кафедраҳо сафарбар гардиданд. Як нафар мутахассиси вирусшиноси донишгоҳ бо дастгирии намояндаи ТУТ курси кӯтоҳмудатро оид ба тарз ва усули истифода намудани яке аз таҷҳизоти вирусологии озмоишгоҳӣ ба номи “GeneXpert” дар шаҳри Тулуза, Ҷумҳурии Фаронса гузашт. Моҳи сентябри соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин як гӯруҳ намояндагони роҳбарияти донишгоҳи мазкур ба ДДТХ ташриф оварданд. Вобаста ба муносибатҳои дӯстона ва корҳои муштарак, ректори Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо унвони профессори фахрии ДДТХ сарфароз гардонида шуд.
Билоли ШАМС