Иёлоти Муттаҳида то замоне, ки дар Укроин оташбас ҳосил нашавад, таҳримҳои зидди Русияро сабуктар намекунад ва ҳеҷ созишномаи дуҷонибае намебандад.

Дар ин бора котиби матбуотии Департаменти давлатии ИМА Тэммӣ Брюс рӯзи сешанбеи 15-уми апрел дар брифинг изҳор дошт. Брюс ба хабарнигорон гуфт, “то замоне ки ин куштор қатъ нашавад, ҳеҷ гуна музокира, ҳеҷ гуна ҳалли масъала ва созише вуҷуд нахоҳад дошт”.

Сардори хадамоти матбуоти Департаменти давлатӣ инчунин қайд кард, ки ҳамлаи мушакии Русия ба Сумӣ, ки 35 касро куштааст, суолҳои бештареро дар бораи “кӣ воқеан сулҳ ва оташбас мехоҳад” ба миён овардааст. Брюс ҷанги Укроинро як “куштори бемаънӣ” номид, ки дар он “ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст”.

Дар ҳамин ҳол, The Wall Street Journal менависад, ки танишҳо дар маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп бар асари ихтилофи назарҳо дар сиёсати Русия афзоиш меёбанд. Тавре нашрия бо такя ба манобеъ хабар медиҳад, иддае аз мушовирон аз сарвари давлат даъват мекунанд, ки мавзеъгирии сахттареро ишғол кунад, бархеи дигар, баракс, муколама бо Маскавро имконпазир медонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь