Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, Маскав беш аз 20 сарвари давлат ва ҳукуматҳоро ба ҳайси меҳмон дар рӯзи ҷашни Ғалаба дар Маскав интизор аст, менависад Интерфакс.
Песков ба хабарнигорон гуфт: “Мо ҳоло гуфта метавонем, беш аз 20 сарвари давлат ва ҳукуматро интизорем, ки ин идро ҳамроҳ бо президент Путин таҷлил хоҳанд кард”. Вай таъкид кард, ки Маскав аз дидани ҳар касе, ки омода аст, ин “санаи бошукӯҳ”-ро ҳамроҳ бо русҳо таҷлил кунад, шод хоҳад шуд.
Дар гашти низомии рӯзи 9-уми май як раҳбар аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо – сарвазири Словакия Роберт Фико ва раҳбари кишвари номзад ба узви Иттиҳодияи Аврупо Александр Вучич, раисиҷумҳури Сербистон, ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, раиси Чин Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро, раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва дигарон қасд доранд, барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба ба Маскав раванд.