The Guardian менависад, Вошингтон пешниҳод кардааст, ки захираҳои ураниуми ғанишудаи Эрон ба кишвари сеюм, назири Русия, интиқол дода шавад, аммо интизор меравад, Теҳрон ин пешниҳодро рад кунад.
Нашрия инро яке аз монеаҳои калидӣ дар роҳи тавофуқи эҳтимолӣ унвон карда, таъкид мекунад, ки ҷониби Амрико ин пешниҳодро дар ҷараёни музокироти ғайримустақими рӯзи шанбе ба эрониҳо расонидааст.
Эрон мегӯяд, захираҳои урани тайи чаҳор соли ахир ҷамъшуда метавонанд дар ҳудуди худ таҳти назорати қатъии МАГАТЭ боқӣ бимонанд. Теҳрон инро як чораи эҳтиётӣ медонад, ки мабодо маъмурияти навбатии ИМА, тавре ки бо Барҷом рӯй дод, дубора аз созишнома хориҷ шавад. Агар уран аз ин кишвар интиқол дода шавад ва ИМА паймонро боз вайрон кунад, Эрон бояд раванди ғанисозии гаронарзиш ва вақтталабро дубора оғоз кунад, ки ин амалан худро барои амалҳои Вашингтон муҷозот кардан аст.