New York Times ба нақл аз манобеъ гузориш дод, Доналд Трамп, президенти Амрико, пас аз ба вуҷуд омадани ихтилофот дар давлаташ дар мавриди ин мавзуъ, тасмим гирифтааст идеяи Исроил барои ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эронро рад кунад.
Ба гуфтаи онҳо, раҳбари Амрико ба ҷои ин тасмим гирифт, ки ба музокирот бо Теҳрон барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаияш тамаркуз кунад.
Ба гуфтаи New York Times, Исроил тарҳи ҳамлаеро, ки моҳи май пешбинӣ шуда буд, таҳия кардааст, ки ҳадафаш ба таъхир андохтани тавоноии Эрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ барои як сол ё бештар аз он аст. Иҷрои ин тарҳҳо ба кумаки Иёлоти Муттаҳида ниёз дорад, аммо бархе аз мақомоти давлат тардид доранд. Дар ниҳоят, пас аз чанд моҳи машваратҳои дохилӣ, Трамп ба тарафдории музокирот тасмим гирифт. Пеш аз ин низ намояндагони Амрикову Эрон дар Уммон гуфтугӯ карданд. Даври дуюм барои рӯзи шанбе барномарезӣ шудааст.