Яке аз мавзӯъҳое, ки вақтҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ маврида баҳс қарор гирифтааст, масъалаи босмачӣ ва босмачигарӣ аст, ки бо гузашти тақрибан 100 сол аз шикасти ин ҳаракати иртиҷоӣ, дубора иддае меҳоҳанд аз он як гурӯҳи қаҳрамон ва ин ҷараёнро ҷараёни мусбиву миллӣ ва истиқлолталаб муаррифӣ намоянд. Дар ҳоле, ки ин мавзӯъ борҳо мавриди баҳс қарор гирифта, ҳанӯз аз замони пайдоиши ин ҷараён то замони аз байн рафтанаш аз ҷониби муҳақиқони риштаҳои гуногуни улуми иҷтимоӣ баррасӣ гардиддааст. Аз ҷумла, мавзуъи зайл дар осори устод Айнӣ ҳам ба тарзи бадеӣ ва ҳам ба тарзи таҳлиливу публисистӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.
Устод Айнӣ, ки худ шоҳиди воқеоти охири асри 19 ва 50 солаи асри 20 дар минтақаи Осиёи Марказист таҳаввули вазъиятро дар минтақа ва чи гуна созмон ёфтани гурӯҳҳои гуногунро хубтар дарк намуда, ҳанӯз дар ибтидои замони шаклгириашон нисбати онҳо фикру ақидаи хешро баён намудааст. Аз ҷумла дар бораи босмачиён ва чи гуна шакл гирифтани ҳаракати босмачигарӣ ҳанӯз дар соли 1921 дар 3 шумораи рӯзномаи «Шуълаи Инқилоб» бо имзои Сим Мим чоп намудааст, ки ин мақолаҳо иборатанд аз:
«Босмчиёни Фарғона кистанд?» – ин мақолаи С.Айнӣ дар шумораи 83 (22.08.1921. саҳ 1-2) «Шуълаи Инқилоб» бо имзои Сим Мим чоп шудааст. (Ҳамчунин таваҷчуҳ шавад ба: С.Айнӣ. Осори баргузида. Иборат аз ду ҷилд, ҷилди аввал. Нашриёти «Ирфон», Душанбе,- 1977, саҳ. 258-259.)
«Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд кард?» – ин мақолаи С.Айнӣ дар шумораи 84 (1.09.1921 саҳ. 1-2) «Шуълаи Инқилоб» бо имзои Сим Мим чоп шудааст. (Ҳамчунин таваҷчуҳ шавад ба: С.Айнӣ. Осори баргузида. Иборат аз ду ҷилд, ҷилди аввал. Нашриёти «Ирфон», Душанбе,- 1977, саҳ. 260-261.).
«Дуздӣ ва ғоратгарӣ дар Самарқанд»- ин мақолаи С.Айнӣ дар шумораи 85 (12.09.1921. саҳ 1-2) «Шуълаи Инқилоб» бо имзои Сим Мим чоп шудааст. (Ҳамчунин таваҷчуҳ шавад ба: С.Айнӣ. Осори баргузида. Иборат аз ду ҷилд, ҷилди аввал. Нашриёти «Ирфон», Душанбе,- 1977, саҳ. 261-262.)
Дар мақолаи аввал устод Айнӣ сурату сирати босмачиён ва омилу сабабҳои пайдоиш ва шаклгирии онҳоро холисона баён менамояд. Зеро мақолаи мазкур ҳануз дар ибтидои инқилоби Бухоро таълиф ёфта ба нашр расидааст ва ба гумони ғолиб аз ҳар гуна таблиғоти идеологӣ дур аст. Аз тарафи дигар, устод Айнӣ таъсири мустамликадорон ва амалҳои нодурусти дастандаркорони ҳукумати шуравиро дар солҳои аввали барқарории он дар ҳудуди водии Фарғона бетардид бақалам медиҳад. Ҳарчанд мақола хеле кӯтоҳ аст, вале ба аксар аз суолоте, ки то имрӯз мавриди баҳсанд, ҷавоби муҷаз ва қонеъкунанда пешниҳод менамояд. Қабл аз оне, ки хулосаҳои хешро дар мавриди навиштаи мазкур баён созем, зарур мешуморам онро сараввал бидуни ихтисор биёварем, то матлаб пурра равшан шавад:
«Маълум аст, ки яке аз масоили муҳимаи ҷумҳурияти Туркистон, ки имрӯз дар навбат гузоштааст, дафъи босмачиёни Фарғона аст. Мо аз он пеш, ки дар тариқи дафъи онҳо фикри оҷизонаамонро арз кунем, лозим аст ки ба хонандагони гиромӣ қадре аз таърихи пайдо шудан ва аз аҳволи эшон шарҳ намоем».
Фарғона дар аҳди куҳна низ дар Туркистон марказ ва манбаи босмачиён ба шумор мерафт. Азбаски Фарғона қитъаи ободтарини Туркистон маҳалли пахта ва мавқеи абрешим буд, мустамликадорон, рибохорон дар он ҷо гирд омада ҳама сарват ва сомони он қитъаи ҷаннатишонро маазаминҳои ҳосилхезаш ба дасти худ дароварда, аҳолии аслиро ба муздурӣ ва ғуломӣ гузоштанд. Табиӣ, ин ҳол сабаби бекории як қисми аҳолӣ шуда, бекорӣ боиси бадахлоқӣ ва дуздӣ гардида, аз ин ҳол ҳамеша босмачигӣ ва моли якеро чопидан шуруъ ёфта буд.
Касрати шаробхона ва фаҳшхона машҳуринаш (чунончи фаҳшхонаи сим) дар Фарғона барои ифсоду итлофи ахлоқ ва моли мардум аз тарафи ҳукумати императорӣ таъсис ёфта буд, як дараҷа ба бисёр шудани дузд ва босмачӣ сабаб гардида буд.
Аҳвол бадин мимвол буд, ки инқилоб дар Русия воқеъ шуда, баъд аз инқилоби уктабр як қисми мухториятхоҳон дар Фарғона ҳукумати муҳторе таъсис карда муҳофизаи шаҳрро ба дасти Эргаш ном ки яке аз сархелони дуздони машҳур буд, супурд. Эргаш ба атрофии худ аксари ҷавонони дуздро гирд оварда фикри истибдод ва иҷрои шарорати коминаи худ буд, ки мухторияти Хуқанд зеру забар шуда Эргаш бо як қисми нукарони худ ба нуҳоли Хуқанд баромада ба касбу кори собиқи худ, ки иборат аз дуздӣ ва яғмогарӣ буд, машҳур гардид. Хадси собит (ҳисси тахминӣ), ҳаминро нишон медиҳад, ки агар фаразан мухторият давом ҳам мекард, Эргаш ба он ҳукумат низ содиқ намемонд.
Дар аввали ваҳла азбаски ҳукумати шӯроӣ дар Фарғонаи заиф, бинобар фоҷаи мухторият ташкилотҳо нотавон буд, ташкилоти Эргаш қувват гирифта асоса ва дабдабааш афзуд.
Саргузаштҷӯёни дигар, ки ба пешаи яғмогарӣ маҳорат доштанд, ба ҳашмати Эргаш ҳамчашмӣ карда ба атрофии худ маъдуди дузду сарсариро ҷамъ карда худро «Қуробошӣ ва Бег» ном ниҳода ба пешаи яғмогарии аланӣ афтоданд. Ба ҳамин тариқа, Муҳаммадаминбек, Холхуҷа, Шермат ва соирин хуруҷ карданд.
Ҳангоме, ки дар Фарғона ҳукумати шӯроӣ таъсис ёфта ин кор ба кайфи баъзе муллоён ва эшонони муфтхӯр, мустамликон бархурд, инҳо ба ташкилоти босмачиён ҳамроҳӣ карда эшонро ҳомии дин ё ки мухториятхоҳ ё ки меншевик ба қалам дода аз қувваи эшон истифода карданӣ шуданд.
Бо ин ҳама босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд. Ҳамин аст, ки эшон аз аҳди Эргаш ва Муҳаммадаминбек то имрӯз ба ҳамдигар ҳамчашмӣ ва рақобат карда миёни худ муҳориба ва пайкор доранд. Инчунин эшон ягон амри шариатро зоҳиран ҳам бошад риоя нокарда ҳамеша ҷавонони амрат ва занону душизаи мардумро ба зуру таадӣ ба атроф ҷамъ карда, ирзу номуси фуқароро помол ва сомонашонро бераҳмона тороҷ менамоянд. Пас маълум шуд, ки эшон дуздони оддӣ буданд.
Аз навиштаи устод Айнӣ метавон ба чанд хулоса расид.
Босмачиён гурӯҳҳои дуздон ва ғоратгаронеанд, ки ҳанӯз қабл аз инқилоб дар минтақаи Фарғона вуҷуд доштаанд ва пешаи асосии онҳо дуздӣ буд ва аз лиҳози ахлоқӣ ҳеҷ арзиши баланди ахлоқиро доро набуданд. Онҳо ба фасоди ахлоқӣ ба фаҳш гирифтор буданд. Мафҳуми босмачӣ дар фаҳмиши устод Айнӣ ба мафҳуми дузд баробар аст.
Яке аз заминаҳои ташакулёбии босмачигариро устод Айнӣ дар бекорӣ, ки ин ҳолатро мустамликадорону рибохорон ба вуҷуд оварда буданд, медонад.
Пас аз инқилоб ин гурӯҳи дуздон аз вазъияти нобасомн истифода намуда гурӯҳоои худро таъсис доданд ва ба ғоратгарии мардум шуруъ намуданд.
Ҳарчанд Эргаш дар мухторияти Хуқанд худро ҳоким эълон дошта бошад ҳам устод Айнӣ бар он аст, ки агар ин мухторият давом ҳам меовард, Эргаш аз дуздиву чаповулӣ даст намекашид.
Дуздони дигаре, ки дар атрофи Эргаш ҷамъ шуда буданд, худро қурбошӣ ва Бег эълон намудаанд.
Бо таъсиси ҳукумати шӯравӣ дар Фарғона ки ба табъи баъзе муллоён, эшонон, мустамликадорон ва муҳоҷирон мувофиқ набуд, инҳо буданд, ки ба ташкилоти босмачиён ҳамроҳӣ карда онҳоро ҳомии дин ё ки мухториятхоҳ, ё ки меншевик ба қалам дода аз қувваи эшон истифода карданӣ шуданд.
Устод Айнӣ баралайҳи онҳое, ки имрӯз мехоҳанд босмачиро ҳомии дину оин муаррифӣ кунанд, ё онҳоро ба ҳайси истиқлолталаб муаррифӣ намоянд, ҳанӯз дар ҳамон соли 21 онҳоро на ҳомии дин на мухториятхоҳ, на меншевик балки пеш аз ҳама дузд, ғаддор ва яғмогару хунхор ба қалам медиҳад.
Устод Айнӣ мутмаин аст, ки байни босмачиён идеяи ягона вуҷуд надошта, ба ҳамдигар рақобат ва миёни худ муҳориба ва пайкор дорад. Аз ин бармеояд, ки барои онҳо ба ҷуз аз манфиатҳои хурду резаи худ ҳеҷ манфиати умумӣ дар миён нест.
Босмачӣ дузд ва бадахлоқест, ки ҳеҷ ягон амри шариатро ҳатто зоҳиран риоят намекунанд ва ҳамеша бо амалҳои фосиқи чун бачабозӣ ва занону духтарони мардумро ба зурӣ ба атрофии худ ҷамъ карда ба номуси онҳо дастдарозӣ мекунанд.
Устод Айнӣ беғаразона зикр менамояд, ки чун дар аввали таъсисёбии ҳукумати шӯравӣ дар Фарғона афроде, ки аз доираҳои мулкӣ ва ҳарбӣ дар ҳаққи молу номуси мардум дастдарозӣ намудаанд, сабаби ба тарафи босмачиён майл кардани афроди баномус низ, гардидаанд.
Аз таҳлили ин навиштаи устод Айнӣ пайдост, ки он холисона ва объективона баррасӣ гардидааст, зеро дар баробари ба ҳайси як гурӯҳи иртиҷоӣ ва дузду чаповул арзёбӣ намудани босмачӣ заминаҳои пайдоиш ва вусъати онро дар истибдоди мустамликадорон ва муносибати нодурусти баъзе аз доираҳои мулкӣ ва ҳарбии марҳилаи аввали барпошавии ҳокимияти шӯравӣ дар води Фарғона медонад. Аз ин рӯ, ин навиштаро ҳамчун як баҳои воқеии устод Айнӣ дар мавриди ҳаракати босмачигарӣ ва заминаҳои таҳаввули он метавон ҳисобид.
Исомиддин Шарифзода, номзади илмҳои фалсафа