Оё медонед, ки нахустин намоиши театрӣ ба забони тоҷикӣ дар охири асри ХIX дар Санкт-Петербург ба саҳна гузошта шудааст?
Театри касбии тоҷик соли 1929 таъсис ёфтааст, ки он имрӯза Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Бархе манобеъи дигари таърихӣ ишора бар он мекунанд, ки нахустин театри касбии тоҷикро Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва Комил Ёрматов соли 1924 (1926) таъсис доданд, ки он имрӯза Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом аст.
Яъне театри касбии тоҷик маҳсули Инқилоби Октябр аст ва солҳои 20-уми асри ХХ таъсис ёфтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки тоҷикон то солҳои 20-ум театр надоштанд. Заминаи асосии театри касбии тоҷик – анъанаҳои театри масхарабозҳо ва лӯхтакбозҳо мебошанд. Тамошоҳои онҳо аз саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ, нақли ягон афсона ё воқеа иборат буд. Дар байни мардуми тоҷик намоишномаҳои ҳаҷвии «Нишаллопазӣ», «Раис», «Хатм», «Бобопирак» ва ғайра то инқилоб паҳн шуда буданд. Баъдан, дар оғози асри ХХ аз ҷониби ҷадидон дар Бухорову Самарқанд намоишҳои театрӣ ба саҳна гузошта мешуданд. Нахустин актёрони театри касбии тоҷик, аксар дастпарварони ҳамин театрҳои ҳаваскорӣ мебошанд. Вале нахустин намоиши театрӣ ба забони тоҷикӣ дар охири асри ХIX, аниқтараш 23 январи соли 1893 дар шаҳри Санкт-Петербург ба саҳна гузошта шудааст. Ин асар “Саргузашти вазири Хони Ланкарон” ном дошта ба қалами адиб ва донишманди озарӣ Мирзо Фатҳалӣ Охундов таалуқ дорад. Ин асар ба пешвози амири Бухоро Саид Абдулаҳадхон (солҳои ҳукмронӣ 1885-1910) дар қасри яке аз мақомдорони Вазорати корҳои хориҷии Империяи Русия Аполлон Василевич Приселков (1859-1916) ба саҳна гузошта шуда, донишҷӯёни шуъбаи омӯзиши забонҳои шарқи Раёсати осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар он нақш бозидаанд.
Дар бораи ин намоиш маҷаллаи “Нива” соли 1893 дар шумораи №6 маълумот дода, аз сафари Амир Абдулаҳадхон ду акс нашр кардааст, ки яке аз онҳо лаҳзаи тамошои намоиши театрӣ мебошад. Тибқи иттилоъи маҷалла барои пешвози сазовори меҳмони олиқадр чандин тадбирҳо андешида шудааст, ки яке аз онҳо пешкаши намоиши театрӣ ба забони форсӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки матни намоиш аз ҷониби донишҷӯён дар давоми як ҳафта ба саҳна гузошта шуда, он бидуни суфлёр ба саҳна гузошта шудааст.
“Саргузашти вазири хони Ланкарон” намоишномаи ҳаҷвӣ буда, соли 1851 аз ҷониби нависанда, маорифпарвар, шоир, файласуф ва ходими ҷамъиятии Озарбойҷон Мирзо Фатҳалӣ Охундов (1812-1878) навишта шудааст. Ин песа нахустин асари драмавӣ бо забони озарӣ буда, ҳамчунин нахустин намоишномаи эронӣ арзёбӣ мешавад. Чун Охундов дар Озарбойҷне таваллуд шудааст, ки то соли 1828 бахше аз Эрон буд ва гузаштагони ӯ дар хидмати Нодиршоҳ буданд. Адабиётшиносони эронӣ Охундовро ҳамчун намояндаи адабиёти Эрон муаррифӣ мекунанд.
Хулоса, Мирзо Фатҳалӣ Охундов ин намоишномаро соли 1267-и ҳиҷрӣ, ки баробар ба 1851 мелодӣ аст таълиф мекунад. Песа дар ибтидо “Саргузашти вазири хони Сароб” ном дошт ва бо ҳамин унвон соли 1853 дар рӯзномаи “Қафқоз” чоп шудааст. Ҳамсон сол ин песа бо забони русӣ дар тарҷумаи муаллиф, дар маҷмӯаи “Мазҳакаҳои Мирзо Фатҳалӣ Охундов” дар Тифлис ба табъ мерасад. Соли 1874 бошад дар маҷмуаи асарҳои Охундов ба забони форсӣ ин мазҳака бо номи “Қиссаи вазир” (дар тарҷумаи Мирзо Муҳаммад Ҷаъфари Қарочадоғӣ) роҳ ёфтааст. Вале муҳаққиқони эронӣ менависанд, ки Мирзо Фатҳалӣ Охундов ин асарро ба форсӣ таълиф карда Қарочадоғӣ онро ба озарӣ ва русӣ тарҷума кардааст.
Солҳои охир таҳқиқоти шарқшиносон нишон дод, ки маҳз бо пешниҳоди тарҷумони форсӣ Мирзо Муҳаммад Ҷаъфари Қарочадоғӣ дар песа “Сароб” ба “Ланкарон” иваз карда шудааст. Мутарҷим ин тағйиротро бо он асоснок кардааст, ки воқеаҳои асар дар соҳили баҳр мегузаранд ва Сароб аз баҳр дур аст. Бинобар ин, муаллиф онро бо шаҳри Ланкарон, ки дар соҳили баҳр аст, иваз мекунад.
“Саргузашти вазири хони Ланкарон” бори нахуст 10 марти соли 1873 аз ҷониби дастаи ҳаваскорони озарбойҷонӣ дар саҳнаи Маҷмааи ашрофи Боку аз ҷониби равшанфикрон Ҳасанбеки Зардобӣ (бунёдгузори нахустин нашрияи озарӣ “Экинчи”) ва Наҷафбек Вазиров (бунёдгузори театри касбии озарӣ) ба саҳна гузошта мешавад. Дар омади гап, зиндагии ин асар ҳанӯз давом дорад. Ахиран, соли 2009 он дар театрҳои Москва, соли 2012 дар Тифлис, соли 2023 дар Шуша ба саҳна гузошта шудааст. Соли 2006 (1385) ин намоишро коргардони эронӣ Бунафша Тавоноӣ дар саҳнаи сояи Маҷмааи театри шаҳрӣ дар Теҳрон ба саҳна гузошт.
Акнун дар бораи худи асар. Мазҳакаи “Саргузашти вазири хони Ланкарон” аз чор парда иборат аст. Воқеаҳои асар дар Ланкарон мегузарад ва вазири хон – Мирзо Ҳабиб, ду ҳамсараш – Зебохонум ва Шолихонум, фарзанди хон – Темур (қаҳрамони асосӣ), Нисохонум -хоҳари Шолихонум (қаҳрамони асосӣ),тоҷир Ҳоҷӣ Салоҳ иштирокчиёни асосии он ҳастанд.
Воқеа аз он оғоз мешавад, ки вазир Мирзо Ҳабиб аз тоҷир Ҳоҷӣ Салоҳ барои ҳамсари дуюмаш Шолихонум, пинҳонӣ аз зани аввалаш як нимтанаи гаронарзиш фармоиш медиҳад. Ӯ мехоҳад туҳфаро дар ҷашни Наврӯз ба ӯ ҳадя кунад. Зебохонум бошад аз ин огоҳ шуда, аз ғояти рашк ба Шолихонум туҳмат мезанад, ки вай бо Темуроғо робита дорад. Ҳол он ки Темуроғо хостгори хоҳари Шолихонум – Нисохонум буд. Дар муборизаи Зебохонуму Шолихонум ва Мирзо Ҳабибу Темуроғо муаллиф воқеияти рӯзгори дарбориён, мубориза барои ҷойгоҳу мансаб ва поймол шудани ҳуқуқи инсонро бо шеваи мазҳака мавриди интиқод қарор медиҳад. Бо вуҷуди ҳама нобасомониҳо ишқи ҳақиқӣ ғалаба мекунад. Темуроғо баъди марги хон ба тахт менишинад ва ба Нисохонум издивоҷ мекунад. Бо вуҷуди он ки Мирзо Ҳабиб ба ӯ зиёд бадӣ карда буд ва ҳатто қасди ҷонашро дошт ӯро мебахшад ва бар ивази хизмати бисёрсолааш дар дарбори хони Ланкарон ӯро бообрӯ ба истироҳат гусел мекунад.
Ҳамин асари саҳнавӣ ба Амир Абдулаҳадхон соли 1893 нишон дода шуд. Ба иттилоъи маҷаллаи “Нива” намоиш ба амир хуш меояд. Зеро декоратсия, сару либос ва ороиши саҳна бо шеваи шарқӣ маҳз барои пешвози Амир махсус фармоиш ва дар сатҳи баланд омода шуда буданд. Гуфта мешавад, ки намоишро беш аз 100 нафар тамошо кардаанд. Барои сард кардани толор аз ду тараф обпошакҳои яхӣ (ледяные обелиска) гузошта шуда буданд, ки ба қувваи электрикӣ пайваст буд, ҳарорати толорро танзим менамуданд. Дар намоиш 19 нафар нақш офарида буданд. Қаҳрамони асосии асар Темуроқоро – Шербатский, вазирро – Миллер, Шолихонумро – Литкин, Нисохонумро – Зундблат иҷро кардаанд, ки ҳар яки инҳо мақомдорони баландпояи Вазорати корҳои хорҷии Русия мешаванд. “Нива” менависад, ки дар ҷараёни намоиш тамошобинон аз бозии ҳунармандон ба завқ омада, борҳо кафкӯбӣ кардаанд. Пас аз намоиш Амир бо ҳунармандон як-як вохӯрӣ карда, ба онҳо сипосгузорӣ мекунад ва ҳамаи онҳоро бо ордени “Нишони доруссалтанаи Бухорои Шариф” дараҷаи ду, ки “Нишони ситораи тулӯъкунундаи Бухоро” унвон дошт, сарфароз мегардонад.
Ҳамин тавр, дар таърих нахустнамоиши эронӣ, нахустин намоиши театрӣ ба забони форсии тоҷикӣ ба саҳна гузошта шудааст.
Дар идомаи матлаби “Нива” гуфта мешавад, ки Аълоҳазрат Амир Абдулаҳадхон дар доираи сафараш ба Петербург, ки беш аз як ҳафта идома кардааст, маконҳои тамошобоби шаҳрро тамошо карда, аз идораҳои давлатӣ боздид ба амар оварда, вохӯриҳои расмӣ анҷом дода, 28 январ аз Петербург ба Киев меравад. Дар идома сафари амир дар Киев, Одесса, Севастопол, Симферопол, Бохчасарой, Ялта, Орианда, Ливадия, Феодосия ҷараён мегирад. Баъди ин амир тариқи Баҳри Сиёҳ ба Батуми ва аз он ҷо ба Тифлис ва Боку меравад. Пас аз он роҳи амир аз баҳри Каспий то Узунгада ва баъд тариқи роҳи оҳани Транскаспий ба Бухоро меояд.
Одил Нозир