Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бунёди 18 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 7 ададаш ба истифода дода шудааст.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Саид Шукуров, ба “Фараж” иттилоъ дод, ки ҳоло дар панҷ бинои баландошёнаи дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Ӯ афзуд, ки то имрӯз дар ноҳия танҳо биноҳои ду то панҷошёна буд, ҳоло биноҳо аз 7 то 10 ошёна сохта шуда, дар ошёнаҳои якуми онҳо марказҳои савдо ташкил шуда, садҳо кас бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

– Дар умум, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёду азнавсозии 340 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 266 адади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар иншооти сохташуда беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь