Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз субҳи имрӯз ба як қатор ятимони кулл ва кӯдакони аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Дар баробари оростани дастархони идона ба наврасон ҳадяҳоро, ки аз маҷмӯи сару либос ва маблағҳои пулӣ иборат буд, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Аммирзода Маҳмуд тақдим кард.
Зимни тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Наврасон ва парасторони ятимони кулл миннатдории худро барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар як кишвари ободу зебо, орому осуда зиндагӣ карда, илму дониш меомӯзанд.