Шахсиятҳое мисоли Мирашӯр Комилов лоиқи он ҳастанд, ки номашон барои ҷовидон дар сафҳаҳои таърих монаду хиёбоне ё мактабе барои ёди некашон гузошта шавад.
Тобистони соли 1941 вақте Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, ҳазорон мардони тоҷик ба ин ҷанг сафарбар гардиданд ва бисёре аз онҳо беномунишон гардиданд, ки ин дар дили ворисонашон доғи абадӣ гузошт.
Ҷанг ҷони ҳазорон нафарро гирифт. Бар муқобили душман истодану хоки сарзаминро ҳимоя кардан, вазифаи ҷонии ҳар як сарбози Шӯравӣ буд. Дебочаи гуфторамон бад-ин хотир аст, ки мехоҳем аз қаҳрамониҳои яке аз ҷавонмардони тоҷик дар ин ҷанг қисса кунем.
Қаҳрамони мо Мирашӯр Комилов яке аз он қаҳрамононе ҳаст, ки дар зери тиру туфанги душман монд, аммо далериву нотарсии ӯ боис гашт, ки зинда монад ва тавонист баъд аз 5 соли задухӯрд ғалабаи бузургро ба даст оварда, бо сарфарозӣ ба ватан баргардад.
Мирашӯр Комилов бистуми сентябри соли 1918 дар маҳаллаи Пуличуқури шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Зода шудани ӯ ба аҳли хонадон шӯълаи умед бахшид. Ӯ фарзанди 18- уми хонавода аст, аммо ягона шахсе буд, ки ҷон ба саломат бурд. Бо сабаби бемориҳое, ки он замон дари ҳар як хонаводаро мекӯфт, дигар бародарону хоҳаронашро аз даст додааст.
Тақдири падараш Миркомил ба қисмати Коваи оҳангари “Шоҳнома” шабоҳат дошт, ки фарзандони ӯ тӯъмаи морҳои Заҳҳоки ситамгор гашта буданд. Агар Кова парчами мубориза бар зидди Заҳҳок баланд карда бошаду қасдашро аз шоҳи золим ситонида бошад, Миркомил аз кӣ қасд мебояд гирифт?
Ҳукумати Шӯравӣ баъди ғалабаи Инқилоби Октябри соли 1917 ба Хуҷанд ҳам расид ва эмкунии саросари аҳолӣ, бахусус, кӯдаконро ба расмият даровард. Шояд бо ҳамин сабаб ҳам ҷони Мирашӯр, ҳам ҷони як хоҳар ва як бародари баъди ӯ ба дунё омада, аз чанголи бемориҳои марговар наҷот ёфт. Аммо модарро доғи ҳабдаҳ фарзанд оқибат ба домани хок кашид. Он вақт Мирашӯр панҷ сол дошт ва чеҳраи модар дар хотираш тираву хаёлӣ мондааст ва аз меҳру оғуши гарми модар хеле зуд маҳрум гардид. Ин қисмати Мирашӯр ҳамсони шоири тавонои тоҷик Мирзо Турсунзода гардида буд, ки шоир ин аламу дардро чунин тасвир карда буд:
Тифл мондам аз ту модар, рӯи ту дар ёд нест,
Хотири ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз модар кӯи ту дар ёд нест….
Падари бузургвораш Миркомил, ки чун дигар авлодон касби аҷдодии сабадбофӣ ва замбарбофӣ дошт, акнун мебоист барои се фарзанди ятим ҳам падар мебуду ҳам модар. Бисёр мӯйсафедон, хешу табор баъди як соли марги ҳамсари дилбандаш ӯро талқин мекарданд, ки дубора зан гирад, охир ҳам кор ва ҳам нигоҳубин кардани фарзандони хурдсол дар он давр, ки як бурда нон ёфтан ба осонӣ муяссар намешуд, барои бевамарди косиб осон набуд. Аммо Миркомил ба носеҳон мегуфт: “Соҳиби 20 фарзанд шудам, танҳо ҳамин 3 нафар зинда монданд. Худованд аз меҳри модарӣ барвақт маҳрумашон кард. Акнун умеди ягонаи ин се ятим манам. Бояд меҳрамро ба онҳо ду баробар зиёд кунам, то ранҷи бемодариро эҳсос накунанд”.
Писари “калон”-и хона Мирашӯр азобҳои падарро ҳис мекард ва барои андаке сабук намудани бори вазнинӣ барвақт дастёр шуд. Дар бозори “Чоршанбе” баъди дарсҳо яхобфурӯшӣ мекард, аз бори гарони сатили об дасту бозувонаш хаставу ранҷӯр гардида ва аз “Яхоб, яхоб! Ба кӣ яхоб?” гуфтанҳо овозаш дар гӯлу мечаспид. Аммо он чанд тангаи коркардаашро бегоҳ ба дасти падар месупурд ва вақте таҳсину офарин мешунид, тамоми хастагиашро фаромӯш мекард.
Соли 1940 Мирашӯр Комиловро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ даъват карданд. Аз ҷанги наҳси дарпешистодаи Олмону Шӯравӣ ҳанӯз дараке не, ҳарчанд Олмони фашистӣ соли 1939 бо ишғоли кишварҳои ҳамсояи худ ҷанги дуюми ҷаҳониро оғоз карда буд. Падараш Миркомил тамоми пирони деҳаи Пуличуқурро ба хона хонда, маросими гусели Мирашӯрро ташкил намуд. Мӯйсафедон даст ба дуо бардоштанд: “Худоё, Худовандо, умри ҳамон 17 бародару хоҳарашро, ки пеш аз ӯ вафот карданд, ба Мирашӯр ато кун, то сиҳату саломат ба назди падар баргардад!”.
Баъдҳо Мирашӯр ин дуоро ба ёд оварда, то охири умр мегуфт: “Шояд мустаҷоб шудани ҳамин дуо буд, ки ман борҳо захмдор шуда, маргро пеши чашмам дида, дар ҷанг зинда баргаштам? Ё шояд ба хотири тақдире, ки соҳиби 10 фарзанд шавам, маро Худо аз марг наҷот дод?”.
Мирашӯр Комилов дар шаҳри Мариуполи Украина дар ҳайати полки 515-ум ба хизмати ҳарбӣ оғоз намуд. Ҳангоме, ки ҷанг сар шуд, ӯ дар Смоленск марҳалаи омӯзиши ҷангиро мегузашт, рутбаи ефрейтор ва ихтисоси алоқачӣ гирифта буд. Вай интизор дошт, ки пас аз хизмати низомӣ ба хона бармегардад, аммо ҷанг шуруъ шуд.
Мирашӯр ҳамчун алоқачӣ байни ситод ва қисмҳои ҳарбӣ доим дар равуо буд ва борҳо душман ӯро тирборон кардааст. Тири душман боре ба сутунмӯҳрааш бархӯрд ва аскари ҷавонро ба хоку хун оғушта кард. Аммо ки ӯ дуои ҳамдеҳагону падарро дошт ҷон ба саломат бурд. Пас аз шифо ёфтан боз ба ҷабҳа рафт ва боз ду бори дигар маҷрӯҳ гардид: тири душман ин дафъа пойҳояшро сӯрох карда буд.
Комилов ёддоштҳо ва мушкилоти ҷангро ҳаргиз фаромӯш накарда буд. Вай ёд мекунад, ки дар як амалиёти Ясско-Кишинёвская, ки дар он Молдова озод карда шуд, якчанд ҳамсафонашро аз даст дод.
“Мо дар мудофиа будем. Немисҳо 150 метр аз мо дуртар буданд. Дар 10 дақиқаи аввал 6 ҳамсафонам кушта шуданд, пас як-ба-як 11 нафари дигар. Ман ба таври аҷиб зинда мондам. Шояд барои он ки онҳоро баъд дафн кунам. Дар ҷавонӣ, пирон ба ман дар бораи дӯзах мегуфтанд. Ва ман онро бо чашмони худ дидам. Ҷанг – ин худаш дӯзах аст. Дар он рӯзҳо ман танҳо як чизро медонистам: Душман шикаст хоҳад хӯрд! Пирӯзӣ бо мо хоҳад буд!”- ёд оварда буд Мирашӯр Комилов.
Вақте ки қисми ҳарбии онҳо Белорусия ва Молдавияро озод карда, ба Руминия расид, ҳамчун алоқачии ботиҷриба танзими робита байни фармондеҳии Ҷабҳаи якуми Украина ва Фармондеҳии олӣ ба ӯҳдаи ӯ буд. Нахустин шуда, аз муждаи Пирӯзӣ огоҳ гардид. Ғалабаро ҳамсилоҳонаш ба ашки шодӣ тантана карданд.
Аммо бо фарорасии Ғалаба хидмати ҳарбии Мирашӯр Комилов ба охир нарасид. Ӯро танҳо моҳи декабри соли 1946 рухсат доданд ва ӯ ба Тоҷикистони азиз бо ду ордену нӯҳ медал баргашт.
Соли 1948 бо Мӯъминахон Аҳмадзода хонадор шуд. Мирашӯру Мӯъминахон соҳиби 10 фарзанд гардиданд, ҳамаашонро ба камол расониданду соҳиби хонаву дар карданд.
Умр мисли як мижжа задан мегузарад. Мирашӯр рисолати ҷавонмардии худро анҷом дод. Аз дами марг борҳо гузашт ва поёни умри ӯ бисту нӯҳуми майи соли 2016 шуд.
Қаҳрамонони ҷанг аз хотир намераванд, зеро онҳо бо корномаҳояшон дар ёдҳои мардум боқӣ мемонанд. Шахсиятҳое, ки бо ҷасорат ва фидокорӣ ба наслҳои оянда намунаи беҳтарини инсонгариро аз худ мегузоранд, ҳамеша дар дилу дида мемонанд. Мирашӯр дар хотирот мемонад ва қаҳрамонии ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Вазифаи мо пасояндагон аст, ки қаҳрамонии бемислу монанди аҷдодонамонро фаромӯш накунему то ҷое метавонем қадршиносӣ кунем.
Шаҳзод ЗАФАРҶОН,
“Фараж”