Дар доираи амалисозии амри раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, гурӯҳи махсуси корӣ ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар гирду атрофи бозори марказии «Фаровон» фаъолияти худро оғоз намуда, чанд нуқтаи савдои худсарона сохташударо барҳам додаанд ва соҳибкорон ба ҷойҳои муайяни савдо роҳнамоӣ шуданд.
Гурӯҳи мазкур аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр, намояндагони прокуратура, ШВКД, Кумитаи амният, Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», «Водоканал», Идораи сохтмон ва роҳ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ташкил ёфтааст. Ҳадафи асосии ин гурӯҳ муайян ва бартараф намудани монеаҳо ва мушкилиҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, санитарӣ ва меъморию шаҳрсозӣ дар минтақаҳои серодами шаҳр мебошад.
Зимни санҷиши мавзеъ, аъзои гурӯҳ бо ҳолати савдои сарироҳӣ, мавҷудияти дӯконҳои муваққатӣ ва ғайриқонунӣ дар пиёдаравҳо, партовҳои беназорат, обравҳои ифлос, шикастани қоидаҳои санитарӣ ва дигар ҳолатҳои халалрасон ба симои шаҳр дучор омаданд.
Мувофиқи нақша, фаъолияти гурӯҳи корӣ барои даҳ рӯз идома ёфта, баъдан дар дигар кӯчаҳо, хиёбонҳо ва бозорҳои шаҳр низ амалӣ хоҳад гашт.