Мо – сокинони деҳаи Ҷавонии ҷамоати Ҷомии ноҳияи Зафаробод пешакӣ арзу сипоси худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, аз ободкорию созандагиҳо дар Тоҷикистони азизамон шоду мамнунем.
Ба деҳаи Ҷавонӣ муҳоҷирони зиёде аз деҳоти дурдасти садамавии ноҳияи Айнӣ ва Деваштич оварда шуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба ҷои зист таъмин намудан ва дар мавзеъҳои хуб ҷойгир кардани осебдидагон ҳамеша саъю кӯшиш менамояд. Аммо, шояд муттасаддиён дар ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Деваштич ва вилояти Суғд аз супоришҳои мақомоти болоӣ бехабар бошанд. Аниқтараш, раисони муҳоҷирони вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ, Зафарободу Деваштич гӯё бо кӯчонидани сокинон аз кӯҳистон ба ин мавзеъ вазифаи худро ба охир расонидаанд! Ҳол он ки, баҳри ташкили шароити хуб дар ин мавзеъ онҳо масъуланд!
Муҳоҷирони сарсону саргардон имрӯзҳо дар гармои тобистон аз набудани шароити вазнин, оби нӯшокӣ, оби полезӣ, ки барои сохтмон низ зарур аст, роҳи мошингард, хати барқ дар ин мавзеъҳо дар азобанд.
Мо – муҳоҷирони бесарусомон имрӯзҳо чӣ кор карданамонро намедонем. Барои сохтани иморат оби полезӣ лозим аст, ки он дастрас нест. Гузаронидани хатҳои барқ, чароғон намудани ин мавзеъ ба хотири касе намерасад. Гузаронидани оби нӯшокӣ, сохтани бунгоҳи тиббӣ ва мактаб дар ин мавзеъ дар нақша нест…
Мо – муҳоҷирони деҳаи Ҷавонии ҷамоати Ҷомии ноҳияи Зафаробод аз масъулони соҳа мадад пурсида, хоҳиши онро дорем, ки барои чароғон намудани ин мавзеъ, гузаронидани хати оби нӯшокӣ, овардани оби полезӣ ва сохтани мактаб ёрӣ расонанд. Мактаби ин мавзеъ – МТМУ №36 дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод ҷойгир аст, аммо тобеи ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Хонаҳои истиқоматиро чун мактаб истифода мебаранд ва таълим дар он бо забони ӯзбекӣ мебошад. Омӯзгорони таълимгоҳ аз забони давлатӣ маълумоти кофӣ надоранд. Пурсида мешавад, ки мактаб ба тобеияти ноҳияи Зафаробод дохил карда шаваду маорифчиёни ноҳия аз ҳоли он хабар гиранд ва баҳри маълумот гирифтани хонандагон ёрӣ расонанд.
Бо эҳтиром, муҳоҷирон Холов Нуриддин, Шарипов Сайлиддин, Шарипов Шариф, Нуруллоев Насило, Шодмонов Шероз, Гулов Масрур, Ҳомидов Толиб, Аминов Мубин, Салимов Некрӯз ва дигарон